Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
ТОШКАНД АЗ ДИКТАТУРА ҲАМ МАНФИАТ ДИД, АЗ ДЕМОКРАТИЯ НИЗ. ДУШАНБЕ ЧӢ БАРДОШТ КУНАД?
Чанд нукта бо баҳонаи зодрӯзи Шавкат Мирзиёев
Дирӯз Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 63-солагияшро таҷлил намуд. Дар қатори Эмомалӣ Раҳмон ӯро ҳазорон тоҷикистонӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ин ҷашн табрик гуфтанд. Дар назари аввал як ҳодисаи нодир. Аммо ин воқеият аст, ки президенти феълии ӯзбек дар кишвари мо ҳаводори зиёде дорад. Дар расонаҳои хабарӣ ва сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро на танҳо барои ҳамвор кардани муносибат бо кишвари мо, балки ислоҳоти роҳандозикардааш дар Ӯзбекистон низ ситоиш мекунанд.
Ин барои марказҳои қабули қарор дар Қасри Миллати Душанбе як паёми муҳим ба ҳисоб меравад. Паёме барои ислоҳот...
Зимнан, аз ҳодисоти ахири август – аввали сентябри соли 2016, ки Ислом Каримов пешопеши таҷлили ҷашни истиқлолияти Ӯзбекистон ба таври ногаҳонӣ фавтид, интизориҳое ҷо дошт, ки дар ин кишвар иттифоқоти ғайримунтазирае пеш меояд ва вазъи бади сиёсии онро бадтар мегардонад. Зеро “масъалаи асосӣ” - интиқоли қудрат, дар замони раҳбарии тӯлонии Каримов ҳалли ниҳоии худро пайдо накарда буд.
Мисли аксари кишварҳои худкома таъсири бештарро дар рухдодҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ раҳбарони ниҳодҳои амниятиву интизомӣ доштанд. Аз ҳамин ҷост, ки тахмин зада мешуд, аз ду чеҳраи таъсиргузори замони Ислом Каримов – вазири корҳои дохилӣ Зокир Алматов ва сардори Хадамоти амнияти миллӣ Рустам Иноятов, ки солҳо “зӯрии худро” нишон доданӣ мешуданд, ахиран яке қудрати аслиро ба даст мегирад. “Нафари дуввум” –и расмӣ, яъне раиси қабати болоии парлумон, таври маълум, дар чунин ҷомеаҳо танҳо “барои зебаш” дар курсӣ мешинад.
Аммо барои бисёриҳо ғайримунтазира “саркори” маъракаи ҷанозаи Ислом Каримов маҳз Шавкат Мирзиёев интихоб гардид. Дар кишварҳои пасошӯравӣ ин маънои хос дорад ва маълум мекунад, ки қудрат акнун ба дасти кӣ хоҳад афтод. Мирзиёев ҳарчанд 13 соли ахир сарвазири Ӯзбекистонро буд, гуфтан мумкин набуд, ки таъсири бештар аз Алматов ва Иноятов дошт.
Гуфта мешуд дар интихоби раҳбари нав дасти Кремл сахт истода буд, ҳарчанд Путин дар маъракаи ҷанозаи Каримов иштирок надошт. Ӯ пас аз сафари худ ба Чин, 3 рӯз баъди дафни ҳамтои ӯзбекаш, 6 сентябр ба Тошканд омад ва сари хоки ӯ ба Самарқанд рафт ва ӯро боз ҳам Мирзиёев ҳамроҳӣ кард.
8 сентябр роҳбари сенати Ӯзбекистон Юлдошев эълон намуд, ки таҷрибаи корӣ надорад ва номзадии худро барои иҷрокунандаи вазифаи роҳбари давлат ба нафъи сарвазир Мирзиёев бозпас мегирад. Кишварҳои ғарбӣ, ки гуфта мешуд дар мисоли муовини сарвазир Азимов номзад доштанд, шояд ин интихоби Путинро ба нафъи худ донистанд.
Ҳарчӣ буд, аввали декабри соли 2016 Ӯзбекистон бо дастгирии беш аз 80 фоизи интихобкунандагон соҳиби президенти дуюми худ гардид. Президенте, ки дар кишвари худ воқеан таҳаввулот анҷом дод.
Дар ҳамин ҳол, марги Ислом Каримов бархе аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёнаро, ки низ солҳои тӯлонӣ қудрати сиёсиро дар даст ҳифз мекунанд, ба шитоби амалкард “дар бораи ояндаи худу пайвандон” водор намуд ва ба зудӣ тасмимҳои барои ҷомеа ногаҳонӣ гирифтанд. Мешавад гуфт ин ягона бардошти ин ҳукуматҳо аз марги як ҳамтои худ буд.
Аммо он чи ки дар Ӯзбекистони ҳамсоя таи инак се сол пеш меояд, комилан дигар аст. Як мамлакати комилан пӯшида ва худкома оҳиста – оҳиста ба кишвари намунаи минтақа дар бахши демократия ва ҳуқуқи инсон табдил меёбад.
Инҷониб моҳи октябри соли 2017 дар Тошканд будам. Ба назар мерасид, ки Мирзиёев дар камубеши як соли раҳбариаш давлати дигаре бунёд кардааст. Ба ҳар сурат, то ин замон, ҳатто дар нишастҳои хориҷӣ, агар журналистони ӯзбекро медидем, дар сӯҳбатҳои байниҳамӣ ҳам аз гуфтани мушкилоти иҷтимоии кишвари худ худдорӣ мекарданд, чӣ расад аз баррасии масоили ҷиддӣ.
Соле пас аз марги Каримов мо акнун дар Тошканди дигар, бо масъалагузориҳои дигар ва гӯё одамони дигар ҳузур пайдо кардем. Як ҳамкасби ӯзбеки мо, ки дар нишастҳои берун аз Тошканд ҳам бо мо хеле боэҳтиёт сӯҳбат мекард, ин дафъа дар пойтахти ватани худ хеле баҷуръатона ва ҳатто то ҷое таънаомез ҳарф мезаду мепурсид:
-- Хуб, диктатураи замони Каримов ба мо ҳадди ақалл иқтисоди то ҷое тавонмандро мерос гузошт. Шумо бо чӣ ифтихор карда метавонед?
Воқеан, пешрафтҳои иқтисодии Ӯзбекистони замони Каримовро охири соли 2016 дар ярмаркаи маҳсулоташон дар Душанбе, ки бори аввал сурат гирифт, ҳам мардуми одӣ ва ҳам мансабдорони мо бо ҳайрат шоҳид шуданд.
Вале иқдомҳои демократии Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистонро ба кишвари таъсиргузори минтақа – ончи ки Каримов дар баробари Қазоқистон мехост, аммо соҳиб намешуд, табдил дод. Аз ин ҷост, ки шояд ягона кишвари Осиёи Миёна бошад, ки сармоягузории бештари хориҷиро хоса аз кишварҳои ғарбӣ пайдо кардааст. Бо Русия ҳам муносиботи хуб дорад ва маблағгузориҳои он ҳам андак нест.
Дуруст аст, ки ҳоло ҳам вазъи озодии баён ва ҳуқуқҳои инсониро шояд дар Ӯзбекистон идеалӣ гуфтан мумкин набошад. Бархе аз мухолифони ҳанӯз аз замони Каримов дар хориҷа паноҳёфта ҳоло ҳам сиёсатҳои Мирзиёвро самимӣ намепиндоранд. Аз ҷумла мудофеи ҳуқуқи башар Надежда Атаева, ки то ҳанӯз дар Фаронса ба сар мебарад ва аз он изҳори хавотирӣ мекунад, ки ҳоло ҳам Мирзиёев аз Алматову Иноятов батамом раҳо нашудааст. Ҳизбҳои сиёсии "Бирлик" ва "Эрк” –ро, ки дар замони Каримов мамнӯъ буданд, ҳам ҳоло сабти номи расмӣ накардаанд, далел меорад ӯ.
Бо ин вуҷуд, тирамоҳи соли 2017, ки мо дар Тошканд будем, вазъияти хеле беҳтар дар қиёс бо кишварҳои дигари минтақаро вохӯрдем. Дар кӯчаҳои пойтахти Ӯзбекистон ба назар мерасид, ки мардум акнун хеле самимонаву ба андозаи эҳсосшаванда озод суҳбат мекунанд. Бонувони сатрпӯши зиёдеро низ дар кӯчаҳо вохӯрдан душвор набуд. Пешопеши сафари мо Мирзиёев ба яке аз вилоятҳои Ӯзбекистон сафар доштаву бо мардум мулоқот намудааст. Одамон бо муҳаббати хос тафсилоти ин вохӯриро ба ҳамдигар нақл мекарданд. Маълум гашт, ки дар ҷараёни ин мулоқот чанд духтари ҷавони сатрпӯш ба назди микрофон баромада, бо суханпардозиҳои аз қабл таҳияшуда "бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи президент" сатри худро мепартоянд. Мирзиёев ба онҳо чизе нагуфта, волии вилоятро аз ҷо баланд карда, мегӯяд:
Ман медонам, ки ин духтарҳо бо ихтиёри худ ин корро накардаанд. Ин спектаклҳоро бас кунед, ба либоспӯшии мардум кор нагиред!
Аз рӯи гуфти мардум инро шабакаҳои телевизионии мамлакат нишон медод...
Дар шаҳру ноҳияҳо бошад нуқтаҳои махсуси арзу шикоят ба Президенти Ӯзбекистон ташкил шудааст, ки одамон аз мушкилоти худ, ҳатто аз нокорагиву бемасъулиятии мансабдорон шикоят мекунанду зуд вокуниш мегиранд...
Замони ба фурудгоҳ бо таксӣ омаданамон, вақте ронанда дар бораи муваффақиятҳо ва муҳаббати хоси худашу мардум ба Мирзиёев бо ҳарорат сухан мегуфт, яке аз ҳамроҳони мо бо лутф изҳор намуд:
- Мо ҳич бовар накардем, ки мардуми ӯзбек президенташонро дӯст доранд...
- Чаро?- ҳайрон шуд ронандаи таксӣ.
- Агар ӯро дӯст медоред, чаро на портреташро дар кӯчаҳо мебинем, на шиору плакате аз суханрониҳояш?- пурсид бо ханда ҳамроҳи мо.
Посухи ронанда тасхиркунанда буд:
- Зеро мо на портрету плакатҳо, балки худи президентро дӯст медорему ҳузурашро ҳар замон эҳсос мекунем!
Ин ҷавоб самараи кори яксолаест, ки як лидери миллӣ анҷом дода метавонаду роҳи демократисозии ҷомеаро тӯлонӣ арзёбӣ намекунад.
Аз ҳамон ҳамкасбамон, ки бо оҳанги таънаомез бо мо сӯҳбат мекард, пурсидем, ки Мирзиёев як шахсияти таъсиргузори замони Каримов набуд. Чизе буд, ҷузъи командаи президенти собиқ ва ҳарчӣ ӯ мегуфт, ин анҷом медод. Дар Тоҷикистон ҳам намешавад гуфт то президентиаш ӯро сахт эътироф мекарданд. Мисол ҳам овардем, ки соли 2010 маҳз ҳамин одам зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун садо баланд кард. Пас чаро якбора тағйир ёфт?
- Мирзиёев дар дохили низоми ҳукумати худкома буд ва шоҳид мегашт, ки ҳарчанд инфрасохтори иқтисодӣ то ҷое шаклгирифта аст, аммо худи низом пур аз дурӯғ ва пӯсида шуда, оқибат надорад. Ин наметавонист дар тасмимгириҳояш бетаъсир монад, - ҷавоб дод ӯ.
Дар Тоҷикистон ҳам, фикр накунам чунин масъала ҷо надорад. Зоҳирпарастӣ, намоишкорӣ ва иҷроиши корҳо маҳз бо дастуру фармон, ки аз як марказ идора мешаванд, худ аз худ маълум аст.
Аммо Тоҷикистони соли 2020 аз Ӯзбекистони соли 2016 як фарқи усулӣ дорад. Ҳамон тавре таҳлилгарони наздик ба ҳукумат дар мо мегӯянд, масъалаи интиқоли қудрат дигар дар мо ҳалшуда аст ва он ҳам нафаре аз дохили низом ва ҳатто оила. Рустами Эмомалӣ то ин замон ягона сафари кории хориҷие, ки дошт, соли гузашта ба Ӯзбекистон буд.
Ба Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро хуб муаррифӣ намудаанд. Нафари дуввуми Тоҷикистон медонад, ки аз президенти ӯзбек чӣ бояд омӯхт?
Дар ин сурат, савол дигаре пеш меояд: оё ӯ ҳам воқеиятҳои комили Тоҷикистонро медонад, ё ба ҳисоботи аз воқеиятҳо дур ва намоишномаҳои телевизионӣ бовар мекунад?
Танҳо посухи амалии ин суол маълум карда метавонад, ки интиқоли қудрат дар Тоҷикистон гаште ба ислоҳот хоҳад буд, ё танҳо ҳифзи он чи дорему доранд...
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.