Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди ҷарима хони идонаи Шаҳнозаро танзим кард. ВИДЕО


Як ҳушдори Кумитаи дини Тоҷикистон баъзеҳоро маҷбур кардааст, ки дар иди имсолаи Қурбон дастархони хурду хоксоронае биороянд. Ҳарчанд бархеи дигар мегӯянд, ҳудуди харҷу дастархонашон дар муқоиса ба солҳои пеш каму зиёд нашудааст.

  • Қаблан мақомот гуфта буданд, ки соҳибони хони пурхарҷи идона ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Дар Кумитаи дини Тоҷикистон ҳанӯз нагуфтанд, ки оё "рейд" ё санҷиши дастархонаи идонаи сокинон дар кишвар баргузор шуд ё не. Ва пурхарҷу камхарҷ будани дастархонро чӣ гуна муқаррар карданд.
Барои таҳияи дастархони идона то 1000 сомонӣ ваё аз 1000 сомонӣ зиёдтар харҷ мекардем. Дар иди имсола 400-300 сомонӣ сарф шуд

Шаҳноза Каримова, сокини шаҳри Душанбе, дар тӯли тақрибан панҷ соли охир хурдтарин дастархони идонаи худро таҳия кардааст. Ин хони Шаҳноза аз якуним метр бештар нест.

"Ҳар сол ду баробар зиёдтар аз ин дастархони идона меоростем. Ба сабаби онки имсол таҳияи дастархони идона танзим шудааст, камтар кардем", - гуфт ӯ рӯзи 21-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Таҳдиди ҷарима дастархони идонаи Шаҳнозаро танзим кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Ба хотири онки таҳияи дастархони бузургу боҳашамат манъ шудааст, Шаҳноза ҳам ҳаҷми хариди ғизо ва шириниҳоро барои оростани дастархонаш кам кард. Ӯ мегӯяд, “пештар якилову ду кило қанд мехаридем. Ҳозир 200-300-граммӣ мехарем. Меваҳои қимат намехарем. Ҳоло ангуру себ харидем, чун мавсими ангур аст ва нархаш ҳам дастрас.”

"Дар гузашта беш аз ҳазор сомонӣ ҳарф мекардем"

Тақрибан 70 дарсади ғизо ва ширинҳои хони идонаи Шаҳноза дар Иди Қурбон маҳсули дар хона пӯхтаи ӯ ва аъзои хонаводаашон аст. Ӯ мегуяд, агар ҳамаи шириниҳоро аз бозор мехарид, шояд нархи он ду баробар меафзуд: “Фақат оби минераливу шарбату меваро харидем. Бақияи чизро худамон пӯхтем. Масалан, санбӯсаву кӯлчаҳои гуногунро.”

Шаҳноза Каримова, сокини шаҳри Душанбе
Шаҳноза Каримова, сокини шаҳри Душанбе

Шаҳноза мегӯяд, имкони молии таҳияи хони фаровонтареро аз ин дастархони омодакардааш доштанд, аммо ба хотири пас аз ид беҳуда харҷ нашудани маҳсулот ва ҳам ҳушдори мақомот аз хариди бештар худдорӣ карданд. “Мо барои оростани дастархон то 1000 сомонӣ ваё аз 1000 сомонӣ ҳам зиёдтар харҷ мекардем. Дар иди имсола 400-300 сомонӣ сарф кардем”, - гуфт ӯ.

Таҳдид таъсир кард?

Оростани хони идона яке аз суннатҳои аксари мардуми Тоҷикистон дар идҳои мусалмонии Рамазон ва Қурбон аст. Мардум ба манзили якдигар барои адои дуо дар ҳаққи гузаштагон мераванд ва ҳамзамон аз хони идонаи оростаи он хонавода тановул мекунанд.

Аммо пас аз таъкидҳои ба маротиби раиси ҷумҳур аз хароҷоти барзиёд дар иду маросим, мақомоти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор доданд, ки дар таҳияи хони идона зиёдаравӣ накунанд, вагарна 5 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Аммо як меъёри мушаххасе дар мавриди бо чӣ оростан ва бо чӣ наоростани дастархони идона ҳанӯз вуҷуд надорад ва зоҳиран ташхиси инки дастархони ин ё он нафар хоксорона ва ё пурхарҷ аст, ба инсофи тафтишгарон бастагӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG