Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Лукашенко бо силоҳу ҷавшан ба эътирозгарон вокуниш кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Баъд аз рафтани эътирозгарон, Лукашенко силоҳ ба даст ва ҷавшан ба тан пайдо шуд. ВИДЕО

Рӯзи 9 август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко беш аз 80 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот эътирозҳо дар саросари Беларус афзоиш ёфт. Норозиён истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи шаффофро талаб доранд.

Майк Помпео: Вазъи ин интихобот моро сахт нигарон кардааст​

Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико, дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи интихоботи Беларус ва ҳаводиси баъди он чунин гуфт:

"Мо бояд бо ин масъалаҳо сарукор гирем. Тавре шумо гуфтед, вазъи ин интихобот моро сахт нигарон кардааст, интихоботе, ки метавонист озодтар ва мунсифонатар бошад, моро амиқан дилсард намудааст. Мо қаблан чунин ҳолатҳоро дидаем ва ғамгинем, ки воқеаҳо ба ин шакл пеш рафтанд. Мо зӯроварӣ ва оқибатҳои онро мебинем; зидди тазоҳуркунандагони осоишта аз чораҳо кор мегиранд, ки набояд истифода шаванд. Мо ҳанӯз тасмим нагирифтаем, ки ба ин вазъ чӣ гуна муносибат кунем, аммо метавонам як чизро бигӯям: мо бо дӯстони худ дар Аврупо, ки озодиро қадр мекунанд ва ҳамин тавр аз ҳодисаҳо нигаронанд, ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо ба мардуми Беларус некӣ мехоҳем ва дар ҳамин асос амал хоҳем кард."

Идомаи суҳбатро дар ин ҷо хонед

Додгоҳи олии Беларус рӯйхати 566 эътирозгари боздоштшударо нашр кард

Сомонаи Додгоҳи олии Беларус номи 566 иштирокчии эътирозҳои ин кишварро нашр кард, ки 11 август боздошт шудаанд. Сухан дар бораи онҳое меравад, ки шаби аввали эътирозҳо дастгир гардидаанд. Бар асоси рӯйхат, дастгиршудаҳо аз 4 то 25 шабонарӯз ҳабс шудаанд. Бештари онҳо ба муҳлати 15 рӯз ҳабс гаштаанд.

Эътирозҳо зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Беларус рӯзи панҷум низ идома ёфтанд. Пулис дар рӯзи аввал барои пароканда кардани ҷамъшудаҳо аз тирҳои резинӣ, гази ашковар, мошинҳои обпош ва норинҷакҳои садоӣ истифода ва садҳо нафарро дастгир кард.

Дар натиҷаи саркӯби эътирозгарон садҳо тани дигар боздошт шуда, як нафар - Александр Тарайковскийи 34-сола ба ҳалокат расид. Ба иттилои расмӣ, дар дасти ӯ дастгоҳе таркида, ки гӯиё мехост ба тарафи нерӯҳои таъйиноти махсус партояд. Вале наздиконаш ба ин суханҳо бовар надоранд.

Александр Лукашенко, ки дубора барандаи интихоботи президентии Беларус эълом шуд, эътирозҳоро нодида гирифта, дар мазҳари ом ҳозир намешавад. Раҳбарони Лаҳистон ва кишварҳои Балтик аз ӯ даъват карданд, ки "истифодаи нерӯ зидди мардуми худро қатъ, эътирозгарони боздоштшударо озод ва гуфтугӯ бо тазоҳургаронро оғоз кунад".

Аз ҳукумати Беларус хостанд, ба хушунатҳо поён диҳад

Баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи 9-уми август дар Беларус, ки ба қавли мақомоти Кумисюни марказии интихобот ба фоидаи раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенко анҷом шуд, эътирозҳо дар саросари ин кишвар афзоиш ёфтааст. Мардум аз натиҷаҳои он норозӣ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Беларус зери фишори байнулмилалӣ қарор гирифтааст, то хушунатро поён диҳад ва буҳрони эҷодшударо ҳаллу фасл кунад. Як гурӯҳ аз мутахассисони ҳуқуқи башари Созмони Милал дар баёнияе рӯзи 13-уми август иқдомоти пулиси Беларусро дар баробари эътирозгарон маҳкум кард.

Мутахассисон гуфтаанд, хушунати пулис дар баробари норозиён ва рӯзноманигорон хашми онҳоро барангехтааст. Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки фишор ба ҳукумати Беларусро афзоиш диҳад, то аз хушунат бо шаҳрвандони он кишвар даст бикашад.

Идомаи эътирозҳо дар Минск

Эътирозҳо ба зидди Александр Лукашенко дар Беларус рӯзи ҷумъа низ идома ёфт. Бахши беларусии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки дар Минск кормандони тиб бо хилъати сафед ва бо нишони ҳамраъйӣ бо эътирозгарон ба кӯчаҳо баромаданд. Кормандони баъзе аз корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла Гродно Азот, низ ба ин эътирозҳо ҳамроҳ шудаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG