Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд шапотӣ - "тӯҳфа"-и раис ба Дилором дар ҷашни 8 март


Як зани сокини Қӯрғонтеппа шикоят дорад, ки дар “Рӯзи модар” як мансабдор дар ҳолати мастӣ латукӯбаш кардааст. Аммо ин мард мегӯяд, ӯро тӯҳмат мезананд.

Дилором Ҳакимова, сокини кӯчаи “Кайҳоннавардон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва ошпази корхонаи фаръии хоҷагии комуналии ин шаҳр мегӯяд, дар ҷамъомад ба муносибати “Рӯзи модар”, муовини раиси ин корхона дар ҳолати мастӣ ӯро латукӯб намуда, ҳам худаш ва ҳам фарзандашро аз кор ихроҷ кардааст.

Дилором Ҳакимова ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷамъомад ба муносибати "Рӯзи Модар", ки рӯзи 7 март баргузор шуд, муовини раиси ин идора Носир Раҳимов барои як пора гӯшт бо ӯ муноқиша намуда, дар ҳузури раиси идора ӯро латукӯб намуд.

Дилором Ҳакимова афзуд, Носир Раҳимов сархуш буд ва барои як пора гӯште, ки дар яхдон буд, бо баҳонаи ин ки "чаро гӯштро пинҳон кардаӣ?", дар утоқи кории раиси ин муассиса бо ҳақоратҳои қабеҳ таҳқираш намуд ва сипас чанд зарба дар сару рӯяш зад, ки зери чашмонаш доғи сиёҳ гирифтаанд.

Вай мегӯяд, баъди ин ҳодиса ба чанд идора, аз ҷумла додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат кардааст, аммо ба додаш нарасиданд ва дар ниҳоят ӯву писараш Анвар Ҳакимовро аз корхона ронданд.

Дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ Носир Раҳимов, муовини раиси корхонаи фаръии хоҷагиии коммуналии Қӯрғонтеппа гуфт, ки иддаои Дилором Ҳакимова беасос ва тӯҳмат мебошанд ва ҳеҷ баҳсе бо ӯ накардааст ва тарафаш даст ҳам набардоштааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҳамин корхона Абдуқосим Мӯсоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки идора ба муносибати “Рӯзи модарон” ҷамъомад ташкил дод ва қабл аз он, воқеан барои гӯшт дар кабинети вай миёни Дилором Ҳакимова ва муовинаш Носир Раҳимов баҳсе сурат гирифт, аммо кор то ба латукӯби Дилором кашида нашудааст. Вай гуфт, Дилором Ҳакимоваро чор рӯз пеш писараш зада буд ва зери чашмаш доғ дошт, ки ҳатто камераҳои назди идора сабти онро доранд.

Анвар Ҳакимов - фарзанди Дилором мегӯяд, ҳамаи аксҳои модараш бо доғи сиёҳ зери чашмонашро шаби 7 март баъди ин ҳодиса аксбардорӣ кардааст ва ин ҳарфҳои раиси корхонаро як тӯҳмат медонад. Вай мегӯяд, ҳамаи санадҳо шурӯъ аз ташхиси пизишк то аксу дигар далелҳоро дар даст доранд, вале вақте ҳамроҳи модараш ба додгоҳи Қӯрғонтеппа муроҷиат намуд, ӯро Маркази ташхиси бемориҳои рӯҳии Қӯрғонтеппа, бемори рӯҳӣ муарифӣ намуд ва масъулони корхонаи фаръии хоҷагиии комуналии Қурғонтеппа ҳам ӯро аз кор хориҷ карданд.

Анвар Ҳакимов мегӯяд, “ман комилан як инсони сиҳатам. Баъди ин ташхис ба Маркази ташхиси бемориҳои рӯҳӣ ба Душанбе омадам ва дар инҷо маро санҷиданд ва ҳуҷҷат доданд, ки ман девона нестам.”

Вай мегӯяд, барои дифоъ аз ҳуқуқи модараш то муҷозот фарди муҷрим, ки ба шаъну эътибори як модари тоҷик таҳқир кардааст, талош хоҳад кард.

Дилором Ҳакимова тайи 10 соли ахир дар Русия бо машғулияти ошпазӣ хонаводаашро таъмин мекард ва дар декабри соли гузашта ба Қӯрғонтеппа баргашт ва дар корхонаи фаръии хоҷагиии коммуналӣ, ба фаъолият пардохта буд.

XS
SM
MD
LG