Аъзои хонаводаи Абдуқодир аз роҳи ҳамлу нақли ғайриқонунӣ дар Осиёи Миёна миллионҳо доллар ба даст овардаанд. Акнун барои мо рӯшан шуда, ки ин пулҳо роҳ ба куҷо бурдаанд: хонаву иморатҳои боҳашамату муҷаллал, сохтмонҳои бошукӯҳ ва тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ дар саросари ҷаҳон.
Аз соли 2012 ба ин сӯ, садҳо миллион доллар аз Қирғизистон – яке аз фақиртарин кишварҳо дар ҷаҳон – ба ҳисобҳои бонкӣ дар Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Ховари Миёна аз номи танҳо як хонавода сарозер шудааст.
Бештари ин пулҳо дар феҳристе аз амлоки гаронқимат ва дар қаламрави густардае аз Халиҷи Форс гирифта, то ба каронаҳои Калифорния, сармоягузорӣ шудаанд.
Ин феҳрист сохтмонҳои шигарф (бошукӯҳ), аз ҷумла иморате бошукӯҳ дар як маҳаллаи тавонгарон дар Лондон ва хонае муҷаллал бо арзиши 1,2 миллион доллар дар наздикии Вашингтонро дар бар мегирад. Тарҳҳои бузурги сохтмонӣ, аз ҷумла як бурҷи маскунии 26-ошёна дар Дубай низ аз ҷумлаи ин дороиҳост.
Аммо бархе аз сохтмонҳои дигар, агарчи дар маҳаллаҳои барои харидорони маскан ҷаззоб бунёд мешаванд, ба далелҳои номаълум сохтмони онҳо мутаваққиф шудааст. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки чӣ касе пушти тарҳҳо қарор дорад.
“Оё ҳеч сармоягузор ё меъморе боқӣ мондааст?” Ин пурсиши гурӯҳе аз қонунгузорон дар шаҳри Авгсбурги Олмон дар бораи яке аз сохтмонҳои ин шаҳр аст, ки бунёди он ба таври мармуз мутаваққиф шудааст.
Ин пажӯҳиш, ки Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод (OCCRP) ва маркази қирғизии он, Клуп, анҷом додаанд, ба ин суол посух медиҳад. Тибқи ин пажӯҳиш, миллионҳо доллар сармоягузорӣ дар ин сохтмонҳо ба ширкате ношинохта бо фаъолиятҳои шубҳаовар рабт дорад, ки хостгоҳи он ҳазорҳо фарсах бо инҷо фосила дорад.
Барои иттилои бештар дар бораи амлок ва дороиҳое, ки хонаводаи Абдуқодир харидаанд, рӯйи ҳар як аз ин кишварҳо фишор бидиҳед: Олмон , Бритониё , Иёлоти Муттаҳидаи Амрико , Имороти Муттаҳидаи Арабӣ .
Моҳи гузашта, ин се расона пажӯҳишеро интишор доданд, ки боис шуд парда аз кори Ҳабибуллоҳи Абдуқодир, сармоядори пинҳонкори уйғур ва сокини Дубай, бардошта шавад. Ин риштагузоришҳо ифшо кард, ки ӯ ва хонаводааш як империяи пинҳонии ҳамлу нақл дар Осиёи Миёнаро мечархонанд ва ба кумаки он аз роҳи қочоқи коло, фирор аз андоз ва истифода аз тарҳҳои дигари олуда ба фасод дар Идораи гумруки Қирғизистон миллионҳо доллар ба даст овардаанд.
Хонаи Мортон, манзиле бошукуҳ дар Лондон, аз ҷумлаи дороиҳои Ҳабибуллоҳи Абдуқодир аст (Акси Coombe Residential)
Бахше аз маблағҳои бадастомада аз ин муомилот аз тариқи шабакае аз ширкатҳои мутааллиқ ба Абдуқодирҳо дар саросари ҷаҳон, ки гурӯҳи ширкатҳои АКА ном дорад, ба берун аз Қирғизистон мунтақил шудааст. Сипас, ин пулҳо дар амлоки мавҷуда ва дар тарҳҳои бузурги сохтмони амлок, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон иҷро шуда ва ё дар ҳоли иҷро шудан ҳастанд, сармоягузорӣ шудааст.
Барои интиқоли ин пулҳо ба хориҷ, Абдуқодирҳо аз Айэркин Саидмаҳдӣ (Сайматӣ ба забони уйғурӣ) – фарде, ки ба пулшӯии худ эътироф кардааст, кумак гирифтаанд. Ин мард миллионҳо доллари ин хонаводаро ба ҳисобҳои бонкии худ ворез карда ва ба воситаи занаш ва ё ширкати қирғизияш ба хориҷ аз кишвар интиқол додааст. Вай ҳамчунин аз шабакае аз пайкҳои кироябар истифода кардааст, ки пулҳои нақдро бо худ аз Қирғизистон берун мебурданд ва ба ҳисобҳои бонкӣ дар Туркия ворез мекарданд. Аз онҷо ин пулҳо ба ҳар нуқтаи дунё, ки Абдуқодирҳо бихоҳанд, мунтақил мешуд.
Ҳабибуллоҳи Абдуқодир кист?
Ҳабибулло Абдуқодири 55-сола, уйғур ва зодаи Чин аст ва то замони нашри таҳқиқоти ду моҳи пеши Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop ягон акси аъзои муҳими хонаводааш ба омма дастрас набуд. Ин таҳқиқот бар асоси гуфтаҳо ва санадҳои пешниҳодкардаи Саидмаҳдӣ асос ёфтааст.
Саидмаҳдӣ моҳи ноябри соли 2019 дар Истанбул кушта шуд. Аммо пеш аз марг, ӯ корфармоёни собиқашро ифшо кард ва дар бораи ин ки чӣ гуна онҳо пул ба даст меоварданд ва бо чӣ роҳҳое пулҳояшонро ба хориҷ интиқол медоданд, иттилооте муфассал ба хабарнигорон дод. Барои тасдиқи иттиҳомоташ, ӯ нусхаҳое аз асноду мадорики зиёд, аз ҷумла саҳифаҳои густарда ва дафтарҳои кулли муҳосибот, эъломияҳои нақдӣ ва санадҳои интиқоли пулро низ дар ихтиёри хабарнигорон гузошт.
Дар маҷмуъ, Саидмаҳдӣ тайи панҷ соли кор барои хонаводаи Абдуқодир беш аз 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ интиқол додааст. Ӯ барои кулли ин маблағҳо асноди кофӣ фароҳам накард, вале тибқи таҳқиқе, ки баъдан пулиси зиддифасоди ин кишвар анҷом дод, арқоми воқеӣ метавонад бамаротиб бештар аз ин бошад.
Айэркин Саидмаҳдӣ (Сайматӣ)
Аз асноде, ки ӯ ба хабарнигорон дод, чунин бармеояд, ки вай дастикам 209 миллион доллар аз пулҳои Абдуқодирҳоро ба Олмон, Бритониё, Амрико ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ интиқол додааст – кишварҳое, ки ин хонавода сармояҳои бузургу ҳангуфте дар хариди амлок ва сохтмони маскан дар онҷоҳо гузоштаанд.
Созмони мавсум ба Демократияи Озод ва шуъбаи Шаффофияти Байналмилалӣ дар Бритониё аснодеро дар бораи сарвати хонаводаи Абдуқодир дар Бритониё барои ин гузориш дар ихтиёри мо гузоштанд.
Таҷзия ва таҳлил
Бо истифода аз асноди марбут ба ширкатҳо ва амлок, хабарнигорон муваффақ шуданд дастикам 20 иморатро, ки хонаводаи Абдуқодир харидаанд, шиносоӣ кунанд.
Арзиши умумии ин дороиҳоро, ки аз хонаҳои бошукуҳ ва биноҳои истиқоматӣ то меҳмонхонаҳои бузургу баландошёнаро дар бар мегирад, мушаххас кардан душвор аст.
Гуфта мешавад ин хонавода 65 миллион доллар барои хариди амлок пардохтааст, вале ин рақам пурра нест, зеро имкони дастрасӣ ба асноду мадорик дар ҳамаи кишварҳо вуҷуд надошт ва ин арқом ҳазинаи сохтмонҳои тозаро, ки боз даҳҳо миллион долларро ташкил медиҳад, дар бар намегирад.
Ин акс чаҳор бародарро нишон медиҳад, ки дар меҳвари тиҷорати хонаводагии Абдуқодирҳо қарор доранд. Аз чап ба рост: Олимҷон Хизр, Набӣ Хизр, Муҳаммадалӣ Хизр (ба уйғурӣ: Ҳадир) ва сарвари хонавода Ҳабибуллоҳи Абдуқодир (Акс: OCCRP)
Хонаводаи Абдуқодир ба маблағи 44 миллион доллар дар Бритониё, 19 миллион доллар дар Дубай ва 2 миллион доллар дар Иёлоти Муттаҳида амлок харидааст. Асноди марбут ба Олмон дар замони таҳияи ин гузориш дар дастрас набуд.
Санадҳое, ки Саидмаҳдӣ (Сайматӣ) дар ихтиёри хабарнигорон гузошт, ҳамчунин равишҳои фасодомезеро ошкор мекунанд, ки ӯ барои интиқоли сармояи Абдуқодирҳо ба хориҷ аз Қирғизистон ба кор бурдааст.
Яке аз ин равишҳо таҳияи қарордодҳои сурии қарз (ба сурати зоҳирӣ дуруст, вале дар асл барои аҳдофи дигар) барои рӯпӯш кардани ҳадафи интиқоли пулҳо аст.
Саидмаҳдӣ (Саймати) қарордоди ба гуфтаи худаш суриеро дар ихтиёри хабарнигорон гузошт, ки тибқи он ширкати қирғизии ӯ, Абдироз, гӯиё 30 миллион доллар ба АКА Петролеум, як ширкати мутааллиқ ба хонаводаи Абдуқодир дар Олмон, қарз додааст. Ин қарордод, ки бар асоси қонунҳои Олмон ва ба таърихи 1-уми июли 2014 навишта шуда, муҳри расмии ширкати АКА Петролеум ва имзоеро дар бар дорад, ки ба имзои намояндаи Ҳабибуллоҳи Абдуқодир дар Мюнхен шабоҳат дорад.
Қарордоди сурии қарзе, ки Саидмаҳдӣ (чап) дар ихтиёри хабарнигорон гузошт ва пулҳои интиқолии марбут ба он (рост) яке аз равишҳои хонаводаи Абдуқодир барои интиқоли пул ба хориҷ аз кишварро нишон медиҳад.
Саидмаҳдӣ ҳамчунин ба хабарнигорон нусхаҳое аз ҳафт санади интиқоли пулро дод, ки ба як қарордоди сурӣ рабт дорад ва бар асоси он дар маҷмуъ 3,7 миллион доллар ба ҳисобҳои ширкати АКА Петролеум фиристода шудааст.
Дар интиқоли пулҳои дигар аз равишҳои дигаре ҳам истифода шудааст. Дар бисёре аз мавридҳо ингуна қарордодҳо гӯё барои пардохти қимати колоҳо, аз ҷумла маҳсулоти нассоҷӣ, имзо шудаанд. Аммо дарвоқеъ ширкатҳои дарёфткунандаи пул рабте ба тавлид ва тиҷорати маҳсулоти нассоҷӣ надоштанд.
Дар як маврид, Саидмаҳдӣ шахсан 700 ҳазор доллар ба ҳисоби бонкии Ҳабибуллоҳи Абдуқодир дар Олмон интиқол дода ва ҳадафи фиристодани ин пулро “тавлиди маҳсулоти нассоҷӣ” зикр кардааст. Дар мавриди дигар, ӯ 290 ҳазор доллар ба як ширкати сохтмонӣ дар Дубай бо рамзи расмӣ барои қитъаи замин ва зикри иборати “барои нассоҷӣ” дар охири санад интиқол додааст.
Граҳам Барров, мутахассиси пулҳои машкук ва бадастомада аз роҳи фасод, ки барои тақвияти мубориза бо пулшӯӣ ба чанде аз бонкҳои муътабар машварат додааст, мегӯяд: “Ин пулҳои калон аз кишваре фақир ирсол шудаанд ва мебоист таваҷҷуҳе ҷиддӣ ба онҳо шавад, ки нашудааст.”
Бар асоси сайти расмии ширкати АКА, ки дигар фаъол нест, ширкатҳои зермаҷмӯаи он иборат будаанд, аз АКА Интернешнл ва Эмбиэл Инвестментс дар Дубай, АКА Петролеум ва АКА Иммобилиен (ҳоло АКА Груп номида мешавад) дар Олмон ва АКА Лондон Трейдинг (ҳоло Мирон Интернешнл) дар Бритониё.
Ӯ мегӯяд: “Ба таври одӣ, пулшӯён моил нестанд аз тариқи системҳои фосид ва нопойдор пулҳои худро интиқол диҳанд ё сармоягузорӣ кунанд, зеро ин пулҳо мумкин аст аз дасташон хориҷ шавад. Ин амр боис шуда, ки иқтисодҳои болиғи ғарбӣ ва сармоягузориҳои пойдору дарозмуддат, монанди амлок, барои онҳо ҷаззобтар бошад.”
Аммо ба гуфтаи Барров, ин сармоягузориҳо ба нафъи кишварҳои пазиранда нест.
Вай мегӯяд: “Яке аз паёмадҳои ҷиддӣ ва дарозмуддати пулҳои машкук... таҳрифи бозор ва ба ҳам задани низоми сармоягузорӣ аст. Ин амр фурсатҳои сармоягузориро аз мардуми маҳаллӣ, ки ҳузури онҳо барои кумак ба иқтисоди кишварашон бисёр зарурист, мегирад ва онҳоро аз саҳна хориҷ мекунад.”
На худи Абдуқодир ва на ҳамкорони тиҷорияш ба дархостҳои батакрори хабарнигорон барои изҳори назар дар ин бора посух надоданд.
Барои иттилои бештар дар бораи дороиҳои хонаводаи Абдуқодир дар кишварҳои мухталиф рӯи ҳар яке аз ин кишварҳо фишор бидиҳед:
Олмон
Бритониё
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Олмон: “Хонаи шабаҳҳо” ва “дафтари арвоҳ”
Cохтусози биное дар рӯбарӯи як дӯкони чарму мӯйина дар Авгсбург, яке аз куҳантарин шаҳрҳои Олмон, солҳост идома дорад. Ва Эрнест Франтзман аз ин бобат хушҳол нест.
Ин марди мӯйинадӯз, ки дар дӯкони муътабари чарми Конрад Клок кор мекунад, моҳи сентябри соли 2019 дар мусоҳибае дар беруни мағозааш гуфт: “Ҳамеша афроди наве ба инҷо меоянд. Онҳо муддате кор мекунанд, баъд корашон қатъ мешавад. Мардум ошғол (мусор)- ҳои худро инҷо мендозанд ва ҳамаҷо касиф мешавад. Аммо на молики сохтмон, на меъмори он ба ин вазъият кӯчактарин таваҷҷуҳе надоранд.”
Франтзман, ки марде айнакист ва бурут дорад, аз он шиква мекунад, ки ин сохтмони нотамом мӯҷиби аз равнақ уфтодани тиҷорати ӯ шудааст: “Ин манзара чашмро озор медиҳад ва аз ҳусни шаҳр ҳам мекоҳад.”
Тирамоҳи гузашта баъд аз зуҳри як рӯзи корӣ хабарнигорон диданд, ки марде дар дохили сохтмон қадам мезанад, вале асаре аз сохтусоз набуд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки сару каллаи теъдоди андаке аз коргарон гоҳе инҷо пайдо мешавад – агарчи Франтзман ҳафтаи пеш гуфта буд, ки бархе аз умури сохтмонӣ дубора шуруъ шудааст. Ба ҳар ҳол, мардуми маҳаллӣ ба ин бинои матрук “ҷинхона” мегӯянд, яъне хонаи шабаҳҳову арвоҳ.
Сохтмони нотамоми бинои Абдуқодирҳо дар Авгсбурги Олмон дар моҳи сентябр (Акс: Радиои Озодӣ)
Аз соли 2015 ба ин сӯ, муҳлатҳои мухталифе барои анҷоми сохтусоз дар ин бинои ҳаштошёна бо меъмории баъдиҷангӣ эълом шудааст. Ин сохтмон дар роҳи Шмидберг – роҳи байни шарқу ғарб дар маркази Авгсбург, қомат афрохтааст. Қаблан инҷо сохтмони меҳмонхонае пешбинӣ шуда буд, ки мебоист то соли 2016 ба анҷом бирасад . Ҳоло, қарор аст, ин бино ба як муҷтамаи маскунӣ табдил шавад, агарчи муҳлати анҷоми сохтусозаш моҳи марти 2019 ба пойн расид .
“Ин хона дигар меъморе ё сармоягузоре дорад ё на?” Ин суоле буд, ки гурӯҳе аз қонунгузорон дар моҳи феврали соли 2018 дар номае ба шаҳрдори Авгсбург матраҳ карданд.
Дорад, албатта. Тайи ҳашт соли гузашта ин сохтмон ба гурӯҳи ширкатҳои АКА тааллуқ дошт, ки молики онҳо хонаводаи Абдуқодирҳост.
Дарвоқеъ, ин сохтмони нотамом танҳо яке аз чандин тарҳи сохтмонӣ дар Олмон аст, ки дар торнамои ҳамакнун ғайрифаъоли ин гурӯҳ қаблан муаррифӣ шуда буд. Ин тарҳҳо шомили қитъаи замине дар наздикии Мюнхен ва як маркази тиҷории холӣ дар ин шаҳр низ мешаванд, ки ҳамчун дафтари хаёлии ширкатҳои ин гурӯҳ хидмат мекунад.
Арзиши умумӣ ва ҳаҷми дақиқи дороиҳои ин хонавода дар кишваре, ки асноди марбут ба сабти моликият ва фуруши амлок дар он дар дастраси умум қарор надорад, мушаххас нест. Аммо торнамои ин гурӯҳ қаблан дафтари ҳисоб ва шарҳи ҷузъиёти меъмории сохтмони меҳмонхонаҳо, муҷтамаҳои маскунӣ ва тиҷорӣ дар чанд шаҳру шаҳристони Олмонро муаррифӣ карда буд.
“Дафтари шабаҳҳо”
Ду ширкати асосии хонаводаи Абдуқодир – АКА Иммобилиен (ҳоло ба АКА Груп тағйири ном кардааст) ва ширкати зермаҷмӯаи он АКА Петролеум – дар Олмон сабтином шудаанд. Тибқи тозатарин парвандаҳои молии онҳо аз соли 2017 ба ин сӯ, ин ду ширкат беш аз 106 миллион доллар сармоя дар ихтиёр доштаанд, агарчи ин рақам дороиҳое дар хориҷ аз Олмонро ҳам зоҳиран дар бар мегирад.
Дар зимн, суроғаи сабтшудаи ширкатҳои ин хонавода ҳамон маркази тиҷории матрука аст, ки дар як парки санъатӣ дар шарқи Мюнхен воқеъ аст. Хабарнигорон тирамоҳи гузашта аз он боздид карда буданд.
Қуттиҳо ва масолеҳи сохтмонӣ дар кафи табақаи аввал ба таври пароканда андохта шуда буд. Дар дохили бино касе ҳозир набуд. Мизҳо ва як чатри шикаста дар наздикии даромадгоҳи асосии бино, ки шишаҳояш гарду хок гирифта, уфтода буд. Муҳаввата (ҳота)-и сохтмон аз алафҳои ҳарз (беҳуда) ва буттаҳои нопироста моломол шуда буд.
Дафтари матрукаи гурӯҳи ширкатҳои хонаводаи Абдуқодир дар Мюнхен дар моҳи сентябр (Акс: Радиои Озодӣ)(Photo: RFE/RL)
Сандуқи кӯчаки почта дар қисмати пеши ин сохтмон вуҷуд дорад, ки дар он номҳои АКА Иммобилиен, АКА Петролеум ва ду ширкати дигари олмонӣ ва муртабит ба шабакаи Абдуқодир навишта шудаанд. Як тоблуи коғазӣ, ки бар шишаи дари вурудии аслӣ насб шуда буд, муроҷеинро ба як маркази тиҷорӣ дар гӯшаи дигари хиёбон роҳнамоӣ мекард. Дар онҷо номҳои ҳар чаҳор ширкат дар канори зангӯлаи дар насб шуда буд. Хабарнигорон чанд бор занг заданд, вале ҷавобе нагирифтанд.
Зангҳои батакрор ба шуморае, ки дар тоблуи коғазӣ сабт шуда буд, ба паёмгир мунтақил мешуд. Дертар намояндаи Абдуқодирҳо дар Мюнхен, Қудрати Нурмуҳаммад, ба шумораи мо занг зад. Вале ӯ аз ибрози назар дар бораи фаъолиятҳои тиҷории ин хонавода худдорӣ кард ва дархостҳо барои мусоҳибаро ҳамвора рад кардааст.
Торнамои расмии ширкати меъмории Старк Архитектен дар Мюнхен, ки дар “хонаи шабаҳҳо” дар Авгсбург ҳам кор кардааст, шарҳе аз тарҳи бозсозии дафтари АКА бо ҳазинаи 19,2 миллион доллар дар бар дорад. Тибқи ин санад, қарор аст ин бинои шишаӣ ба як меҳмонхонаи панҷситора ва устувонаӣ бо 196 утоқ ва бо бренди АКА Интернешнл табдил шавад.
“Як хаёлбофии аҳмақона ва беназир”
Илова ба “хонаи шабаҳҳо” дар Авгсбург ва маркази тиҷории матрука ё ба истилоҳ дафтари арвоҳ дар Мюнхен, аҳли хонаводаи Абдуқодир як қитъа замин дар шаҳри Ватерстетен дар шарқи Мюнхен ҳам харидаанд.
Торнамои азкоруфтодаи гурӯҳи ширкатҳои АКА тарҳи пешбинишуда дар шаҳри Ватерстетенро як меҳмонхона бо 220 утоқ тавсиф карда буд, ки сохтмони он мебоист дар моҳи декабри 2017 ба анҷом бирасад, вале хонаводаи Адуқодир ин қитъаи заминро зоҳиран фурӯхтаанд.
Тасвири меҳмонхонае бузургу бошукӯҳ, ки аҳли хонаводаи Абдуқодир мехостанд дар Ватерстетен дар шарқи Мюнхен бисозанд (Акс: торнамои AKA)
Як мақоми маҳаллӣ дар шаҳри Ватерстетен гуфт, намояндагони ин гурӯҳ тарҳи меҳмонхонаи пешниҳодиро нишон додаанд. Аммо ҳаргиз асноди расмӣ барои иҷрои ин тарҳ ба шаҳрдорӣ ироа нашудааст.
Ба назар мерасад иҷрои дастикам ду тарҳи дигари гурӯҳи ширкатҳои АКА дар Олмон ҳаргиз таҳаққуқ наёфтааст.
Торнамои ин гурӯҳ қаблан тарҳи як меҳмонхона дар шаҳри Бод-Филбел дар шимолу шарқи Франкфуртро муаррифӣ карда буд. Як мақоми маҳаллӣ, ки масъулияти сохтмонҳои тиҷорӣ дар ин шаҳрро ба уҳда дорад, ба нашрияи Иммобилиен Сойтунг дар моҳи апрели 2018 гуфт, тасовири марбут ба сохтмони пешбинишуда “як хаёлбофии аҳмақона ва беназир бидуни қитъаи замин” аст.
Акнун ба назар намерасад, ки ин тарҳ иваз шуда бошад.
Ёник Швондер, сухангӯи шаҳрдории Бод-Филбел дар як номаи электрунӣ ба хабарнигорон гуфт: “Ман чизе дар бораи ин тарҳ намедонам, бино бар ин изҳори назари узви шӯрои шаҳр ба қуввати худ боқист.”
Яке дигар аз тарҳҳои таблиғшуда дар торнамои азкоруфтодаи гурӯҳи ширкатҳои АКА ба сохтмони меҳмонхонае дар шаҳри Дизенбох дар ҷануб-шарқи Франкфурт рабт дорад. Сухангӯи шаҳрдории ин шаҳр ба хабарнигорон гуфт, то кунун ҳеч дархости расмӣ барои иҷрои ин тарҳ ба ин ниҳод ворид нашудааст.
Аммо агар хонаводаи Абдуқодир сохтмони ҳеч биноеро дар Олмон то кунун ба анҷом нарасондаанд, ин ба маънои надоштани пул ё сармоя нест.
Асноди молие, ки Саидмаҳдӣ (Сайматӣ) дар ихтиёри хабарнигорон гузошт, нишон медиҳад, ки вай дар соли 2014 ва 2015 ҳадди ақал 46 миллион доллар ба ҳисобҳои Абдуқодир ва ду ширкати аслии ӯ дар Олмон ворез кардааст.
Бо таваҷҷуҳ ба манобеи молии ин хонавода, мушаххас нест, ки чиро бисёре аз тарҳҳои сохтмонии онҳо дар Олмон иҷро нашудаанд. Ҳарчанд, мумкин аст, сохтмони як бино дар Авгсбург аз сар гирифта шуда бошад. Аммо агар ҳеч кадом аз бақияи ин тарҳҳо комилан иҷро нашавад, боз ҳам онҳо баёнгари миллионҳо доллар сармояе ҳастанд, ки бо муваффақият аз Осиёи Миёна ба Аврупо интиқол дода шудаанд.
Санади сабтиноми расмии яке аз ширкатҳои олмонии хонаводаи Абдуқодирҳо (чап) имзои Қудрати Нурмуҳаммад, намояндаи маҳаллии ин хонаводаро, дар бар дорад. Дар самти рост қарордоди сурии қарзест, ки Саидмаҳдӣ дар ихтиёри хабанигорон гузоштааст. Вай аз ин қарордод барои тавҷеҳи интиқоли пули хонаводаи Абдуқодирҳо ба Олмон истифода кардааст. Он ҳам имзои Нурмуҳаммадро дар бар дорад. (Рӯяш фишор бидиҳед, то барҷастатар бибинед)
Барои иттилооти бештар дар бораи дороиҳои хонаводаи Абдуқодирҳо дар кишварҳои мухталиф рӯи ҳар яке аз ин кишварҳо фишор бидиҳед:
Олмон
Бритониё
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Бритониё: Хонаи боҳашамат ва кабобпазиҳои уйғурӣ
Роҳи Оксбриҷ аз хиёбонҳои тиҷории бузург дар ноҳияи Илинг дар ғарби Лондон аст. Ин ноҳия аз соли 2007 ба ин сӯ, яъне баъд аз он ки эълом шуд хатти метрои нав ба номи хатти Элизабет аз онҷо мегузарад, шуҳрати тозае касб кард.
Дар инҷо аҳли хонаводаи Абдуқодир сохтмонеро ба номи Долей Ҳаус ба маблағи 28 миллион доллар дар соли 2016 хариданд.
Баъд аз он ки хатти нави метро дар соли 2021 фаъол мешавад, ин бино то маркази Лондон ва фурудгоҳи Ҳитрув фақат 20 дақиқа фосила хоҳад дошт, ки дар натиҷа ба ҷозибае дилпазир барои сармоягузорон табдил мешавад.
Бар асоси парвонаи сохтмон ва торнамои азкоруфтодаи гурӯҳи ширкатҳои АКА, мутааллиқ ба Абдуқодирҳо, аъзои ин хонавода барномаҳои ҷиддие барои ин тарҳи сохтмонӣ дар назар гирифта буданд: як меҳмонхонаи 12-ошёна бо 113 ҳуҷра, “қаҳвахонае дар табақаи аввал, толорҳои мулоқоту ҳамоиш ва як маркази варзиш барои таносуби андом”, ки бинои шишаии он бар фазои атроф партав меафканад.
Аммо ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, макони иҷрои ин тарҳи сохтмонӣ аз замони тахриби бинои пешин дар се сол пеш ҳеч тағйире накардааст.
Чанд рӯз пеш, ҳангоми боздиди хабарнигорон аз онҷо, на асаре аз корҳои сохтмонӣ ба назар мерасид, на коргарон ё посбонҳо дар маҳал ҳозир буданд. Фақат қитъаи холии заминеро пушти девораҳои чӯбӣ ва чанд дарвозаи филиззии қуфлшуда мешуд дид.
Макони Хонаи Долейи пешин, ки ҳоло ба қитъаи замини холие табдил шудааст. (Акс: OCCRP)
Абдуқодирҳо ин милкро аз тариқи яке аз ширкатҳояшон дар Бритониё харидаанд, ки ҳоло номаш Мирон Интернешнл аст. Парвандаҳои молии ин ширкат барои соли 2016, соле, ки Хонаи Долейро хариданд, собит мекунад, ин ширкат ҳамон сол аз ду ширкати Абдуқодир дар хориҷ аз ин кишвар 28 миллион доллар сармоя дарёфт карда ва аз ин пул тақрибан ҳамин андозаро дар хариди амлок ва замини кишти ғалла ҳазина кардааст.
Ин ширкатҳо – АКА Интернешнол ва Полвон Иншоот – аз ҷумлаи гирандагони даҳҳо миллион доллар ҳастанд, ки Саидмаҳдӣ – пулшӯе, ки дар хидмати хонаводаи Абдуқодирҳо буд ва қабл аз марг ба гуноҳонаш эътироф кард – аз номи ин хонавода аз Қирғизистон ба берун интиқол додааст.
Парвандаҳои молии ширкати Миран Интернешнл ҳамчунин нишон медиҳад, ки худи Ҳабибуллоҳи Абдуқодир низ дар соли 2016 маблағи 2,5 миллион доллар ба ин ширкат қарз ё вом додааст. Ва ширкат низ тақрибан ҳамин маблағро ба писари ӯ, Ғайбулло Нурмуҳаммадӣ (ба уйғурӣ: Айбибула Нурмаймайтӣ) ҳамчун қарз ё воми шахсӣ ироа додааст. Маблағи камтаре низ ба ширкати Нурмуҳаммадӣ ирсол шуда, ки аз он барои хариди як ресторани уйғурии ҳамакнун машҳур дар шимоли Лондон истифода шудааст. Ин муассиса зоҳиран танҳо ниҳоди мутааллиқ ба хонаводаи Абдуқодирҳост, ки фаъолияташ дар Бритониё воқеӣ ва қобили ламс ба назар мерасад.
Бастагони наздики Абдуқодир аз чанд номи хонаводагӣ истифода мекунанд, аз ҷумла Хизр (ба уйғурӣ: Ҳадир), Полвон ва Ғайбулло (ба уйғурӣ: Айбибула). Барои осон шудани дарки ин мавзӯъ, дар ин гузориш аз ҳамаи аъзои хонавода, ки ба ин шабакаи тиҷорӣ пайванд доранд, дар маҷмуъ ба унвони “Абдуқодирҳо” ном мебарем, зеро Ҳабибуллоҳи Абдуқодир раҳбари ин империяи тиҷорӣ аст.
“Яке аз зеботарин хонаҳо”
Абдуқодирҳо дастикам чаҳор иморату замини дигар дар Лондон доранд, ки барои харидории онҳо дар маҷмӯъ наздики 16 миллион доллар ҳазина кардаанд. Яке аз онҳо қитъаи замини холиест.
Яке дигар аз писарони Абдуқодир, Ғайбулло Паҳлавонмуҳаммадӣ (ба уйғурӣ: Айбибула Палванмуҳаймайтӣ), хонаи шигарфе дар як сохтмони рӯбарӯ бо рӯдхонаи Темз ба қимати 2 миллион доллар дар соли 2016 харидааст. Ин хона дар Бурҷи Осенсис, биное 17-табақа дар маҳаллаи Вонзвурс дар ҷануб-ғарби Лондон воқеъ аст.
Аммо зевари тоҷи Абдуқодирҳо дар ин шаҳр иморати бошукӯҳест, ки дар яке аз мумтозтарину барозандатарин маҳаллаҳои Лондон воқеъ аст – милки хусусии сарсабз ва пур аз долу дарахти Кум Парк дар маҳаллаи Кингстон-апон-Теймз..
Ин бино, ки ба Хонаи Мортон маъруф аст, ба унвони нишонӣ ё суроғаи сабтшудаи ширкатҳо ва фаъолиятҳои тиҷории Абдуқодирҳо дар Бритониё хидмат мекунад.
Ҳабибуллоҳи Абдуқодир, зан ва ду писараш ба унвони моликони ин сохтмони маскунӣ сабт шудаанд. Хонавода онро дар соли 2015 ба қимати 6,8 миллион доллар харидааст.
Дафтарча ё ҷузвае дар бораи ин иморати ҳафтхоба мавҷуд аст , ки фурсатҳои қаиқронӣ ва голфу чавгонбозӣ дар перомуни он ва наздик буданаш ба чанд мадрасаи байналмилалӣ ва Бошгоҳи тенниси чамании Инглистонро, ки мизбони мусобиқоти солонаи тенниси Вимбелдон аст, муаррифӣ мекунад. Ин ҷузва дар бораи ин сохтмон мегӯяд: “Бешак, ин яке аз беҳтарину зеботарин хонаҳо дар ҳудуди яке аз шигарфтарин хиёбонҳо дар наздикии Кингзтун Ҳил аст.”
Иморати Хонаи Мортон мутааллиқ ба Абдуқодирҳо (Акс: Coombe Residential)
Дастрасии умумӣ ба ин хиёбон тавассути як дарвозаи амниятии барқӣ, ки соли 2008 бо вуҷуди мухолифатҳо сохта шуд, масдуд аст ва сокинони сарватманди он аз рамзкалид барои боз карданаш истифода мекунанд.
Бо гузоришҳои изофӣ аз сӯи созмонҳои Демократияи Озод ва шуъбаи Шаффофияти Байналмилалӣ дар Бритониё, ки иттилооте дар мавриди бархе аз амволи хонаводаи Абдуқодир дар ин кишвар ироа доданд.
Барои иттилооти бештар дар бораи дороиҳои хонаводаи Абдуқодирҳо дар кишварҳои мухталиф рӯи ҳар яке аз ин кишварҳо фишор бидиҳед:
Олмон
Бритониё
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Иёлоти Муттаҳида: Аз дарё то дарёи нуронӣ
Дар оғози соли 2013 Ҳабибуллоҳи Абдуқодир доманаи тиҷорати худро ба Иёлоти Муттаҳида низ густариш дод – ҷое, ки ӯ ва хонаводааш маҷмӯае аз ширкатҳои ғайрифаъолро таъсис доданд ва ду милкро харидорӣ карданд: яке дар Калифорния ва ва дигар дар Вирҷиния.
Аввалӣ як хонаи муҷаллали чаҳорхоба бо се гармоба дар шимоли Лос-Анҷелес аст, ки ҳавз ва ҷакузи ҳам дорад. Ду писари Абдуқодир ин милкро дар моҳи ноябри соли 2013 ба қимати 722 ҳазор доллар харидаанд. (Ва зоҳиран дар моҳи августи 2019 ба қимати 785 ҳазор доллар фурӯхтаанд.)
Милке, ки Абдуқодирҳо дар Лос-Анҷелес харида буданд. (Акс: Realtor.com)
Аз дороиҳои дигари онҳо хонаест дар Обшори Бузурги Вирҷиния, ки моҳи апрели 2018 ба қимати 1,3 миллион доллар харидаанд. Ин бинои хиштии дутабақаро расман АКА Девелопмент, ширкати сабтшуда ба номи Ғайбулло Ёрмуҳаммадӣ, харидааст, ки дар чанд манбаъ писари Ҳабибуллоҳи Абдуқодир муаррифӣ мешавад.
Ин ширкат расман ба унвони воридкунандаи чаҳор маҳмула маводи сохтмонӣ аз моҳи августи 2018 то июни 2019 сабт шуда ва 29 қитъа мебелро низ ворид кардааст, ки аҳли хонаводаи Абдуқодир дар моҳи октябр аз ширкати туркияшон ба номи Полвон Иншоот интиқол додаанд. Боздиди хабарнигорон аз муҷтамаи идорие, ки АКА Девелопмент дар онҷо сабтином шуда, нишон дод, ки даҳҳо ширкат ва муассиса аз имконоти ин муҷтамаъ барои дафтарҳои маҷозии худ истифода мекунанд. Ин ширкатҳо бо анвои мухталифи тиҷорат, аз энержии хуршедӣ гирифта, то хадамоти ҳуқуқӣ ва муроқибат аз ҳайвоноти хонагӣ, сару кор доранд. Ширкати Абдуқодир ҳузури қобили таваҷҷуҳе дар ин сохтмон надошт.
Илова бар мебел, аъзои хонаводаи Абдуқодир дастикам ду мошини люкс низ вориди Амрико кардаанд. Як мошини Ломбарҷинии тавлиди 2011 ва як Мерседес-Бензи тавлиди 2008, ки тибқи асноди сабтшуда ба номи Ёрмуҳаммадӣ ба манзили хонаводагии онҳо дар Вирҷиния ворид карда шудааст.
Ҳарчанд амлоке, ки хонаводаи Абдуқодир дар Амрико доранд, дар муқоиса бо дороиҳо ва сарваташон дар кишварҳои дигар нисбатан камтар аст, аммо ширкатҳои амрикоии онҳо пулҳои интиқолии зиёдеро бо мусоидати Саидмаҳдӣ – марде, ки ба пулшӯии худ эътироф кард – дарёфт намудаанд.
Дарёфткунандаи асосии пулҳои интиқолӣ ширкате ба номи АКА Энержӣ аст, ки моҳи июли соли 2014 дар иёлати Невада сабт шуда ва ҳайати мудираи он шомили Абдуқодир, зан ва ду писараш мешавад.
Аҳли хонаводаи Абдуқодир чанд ширкати дигарро ҳам дар Амрико ба сабт расондаанд, монанди Полвон Энержӣ ва АКА Фуд дар Текзас ва Нур Интернешнл Трейдинг Нурт Америка дар Калифорния. Ин се ширкат ҳамагӣ барҳам дода шудаанд.
Асноди молии дохилӣ ва мадорики бонкии интиқоли пул, ки Саидмаҳдӣ дар ихтиёри хабанигорон гузошт, нишон медиҳад, ки тайи муддате шашмоҳа дар солҳои 2014-15, ширкати қирғизии вай 29 миллион доллар ба ҳисобҳои ширкати АКА Энержӣ дар Бонки Амрико ирсол кардааст. Нишонӣ ё суроғаи расмии маҳалли кори ин ширкат як маркази хариди кӯчак дар ҷануби Лас-Вегас сабт шудааст.
Ин аснод нишон медиҳад, ки ин пулҳо дар 63 мавриди ҷудогона дар ҳаҷми 100 ҳазор то 800 ҳазор доллар интиқол ёфтааст. Барои ҳудуди 5 миллион доллар аз ин пулҳои интиқолӣ ҳадафи интиқоли пул “баргардондани қарз” барои қарордоде зикр шуда, ки гӯиё дар моҳи октябри соли 2014 баста шудааст.
Мушаххас нест, ки ширкати АКА Энержӣ, ки ҳанӯз ҳам фаъол аст, бо ин пулҳо чӣ кор кардааст. Ин ширкат сайт ё торнамои расмӣ надорад ва хабарнигорон ҳеч мадраке дар бораи фаъолиятҳои тиҷории он пайдо накарданд. Абдуқодирҳо низ ба дархостҳо барои шарҳи ин мавзӯъ посух надоданд.
Маблағи 750 ҳазор доллари дигар ба ҳисоби Ёрмуҳаммадӣ дар Бонки Амрико ирсол шудааст. Асноди марбут ба интиқоли пул, ки Саидмаҳдӣ дар ихтиёри хабарнигорон гузошт, нишон медиҳад, ки ин пулҳо “барои хариди хона” фиристода шудааст.
Барои иттилои бештар дар бораи дороиҳои хонаводаи Абдуқодирҳо дар кишварҳои мухталиф рӯи ҳар яке аз ин кишварҳо фишор бидиҳед:
Олмон
Бритониё
Амрико
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Дубай: Бурҷҳо ва виллаҳо
Мушаххасот ё намояи тиҷории хонаводаи Абдуқодирҳо дар Дубай бисёр барҷастатар аз Аврупо ё Амрикои Шимолӣ аст.
Ҳабибуллоҳи Абдуқодир ва бастагонаш бо истифода аз даҳҳо миллион доллар, ки аз Қирғизистон мунтақил шудааст, амлоке харида ва дар тарҳҳои сохтмонӣ дар Дубай сармоягузорӣ кардаанд. Дар онҷо онҳо ширкате ба номи АКА Интернешнл (қаблан Эйбиэл Ҳоспиталитӣ Менеҷмент ном дошт) доранд.
Асноди бонкие, ки Саидмаҳдӣ ба хабарнигорон дод, нишон медиҳад, ки дар солҳои 2014 ва 2015 ӯ дастикам 104 миллион доллар ба ширкати АКА Интернешнл дар Дубай аз номи хонаводаи Абдуқодир фиристодааст. Вай муддаӣ буд, ки ин бахши андаке аз маболиғи ҳангуфт аст, ҳарчанд барои ин иддао мадорики кофӣ ироа надод.
Ҳадаф аз интиқоли ин пулҳо, ба гуфтаи Саидмаҳдӣ, таъмини молии барномаҳои сармоягузории хонаводаи Абдуқодир дар тавсеаи амлок будааст. Ӯ гуфт: “Ман пулҳои зиёде аз Қирғизистон ба Дубай барои хариди замин фиристодам.”
Ба гуфтаи Саидмаҳдӣ, тарҳи сохтмоние бо номи “Марино” аз ҷумлаи умдатарин тарҳҳои тавсеаи амлоки Абдуқодирҳо дар Дубай будааст.
Торнамои акнун аз коруфтодаи АКА қаблан тарҳеро муаррифӣ мекард, ки АКА Марино Ҳотел энд Резиденсиз ном дошт. Ин “тарҳи сохтмонии ҷадид ва нумодин”, ки 500 метр бо дарё фосила дорад, ба унвони бурҷе дугона таъриф шудааст, ки аз як меҳмонхонаи 23-ошёна ва як сохтмони маскунии 60-ошёна иборат аст. Ин ду бино тавассути “пуле бо чашмандози фарох барои авқоти фароғат” бо як ҳавзи шиноварӣ ба ҳам пайваст шудаанд. Ин торнамо менависад, ин тарҳ дар марҳилаи “таҳвили муқаддамотӣ” аст, ҳарчанд вазъияти феълии он мушаххас нест.
Тасвире аз тарҳи сохтмонии хонаводаи Абдуқодирҳо, ки аз торнамои аз коруфтодаи ширкати онҳо гирифта шудааст. Вазъи феълии он рӯшан нест (Акс: AKA Group)
Иҷрои ду тарҳи сохтмонии умдаи дигар, ки дар торнамои АКА қаблан муаррифӣ шуда буданд, дар мароҳили пешрафтае қарор дорад.
Яке аз ин тарҳҳо АКА Резиденс, як бурҷи маскунии 26-табақа бо 220 ҳуҷра аст, ки ба навиштаи расонаҳои тиҷории Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, сохтмони он дар ҳоли анҷом шудан аст. Ин бино дар фалака (круговой)-и Деҳкадаи Ҷумайро, тарҳи тавсеаи ҷадиде дар қалби Дубай, воқеъ аст. Хабарнигорон натавонистанд тасдиқ кунанд, ки Абдуқодирҳо дар ин тарҳ чи миқдор сармоя гузоштаанд, аммо ҳазинаи паймонкори аслии он дар як торнамои амлок 40 миллион доллар эълом шудааст. Торнамоҳои марбут ба иҷораи амвол огаҳию эълонҳоеро дар бораи ин бино интишор додаанд, ки тибқи онҳо ҳар ҳуҷраи духобаи он бо масоҳати 145 метри мураббаъ солиёна ба қимати 21 800 доллар иҷора дода мешавад.
Дувумин тарҳи дар ҳоли иҷрои гурӯҳи ширкатҳои АКА, ки Эмбиэл Резиденс ном дорад, аз як сохтмони маскунии 45-ошёна иборат аст, ки ҷузъе аз барномаи тавсеаи Бурҷҳои Дарёчаи Ҷумайро маҳсуб мешавад. Ин тарҳ қаблан дар торнамои АКА ба увони яке аз сармоягузориҳои умдаи ин гурӯҳ муаррифӣ шуда буд.
Тасвире аз Эмбиэл Резиденс (Акс: торнамои AKA)
According to a Тибқи слайдҳои таблиғотие, ки вижагиҳо ва имконоти онро муаррифӣ мекунанд, ин бурҷ як тарҳи сармоягузории муштарак байни АКА Интернешнл ва иттиҳодияе аз сармоягузорони чандмиллиятӣ дар Дубай ба номи Гурӯҳи МАГ аст. Як намояндаи МАГ гуфт, ин ширкат моил ба ибрози назар дар бораи АКА нест.
Аҳли хонаводаи Абдуқодирҳо дар сохтмони як бинои панҷошёна барои баҳрабардории махлут дар Дубай низ сармоя гузоштаанд, ки ҳоло дар охирин марҳилаи сохтусоз аст. Замине, ки дар он сохтусоз идома дорад, ба зани Раҳимбек Муҳаммадраҳимов, муовини собиқ ва қудратманди гумруки Қирғизистон, мутааллиқ аст. Ӯ ҳамчунин яке аз сармоягузорони ин тарҳ аст. Таҳқиқоти қаблӣ ифшо карда буд, ки ҳимояти Муҳаммадраҳимов дар тавсеаи империяи ҳамлу нақли хонаводаи Абдуқодир дар Осиёи Миёна бисёр муассир аст. (Муҳаммадраҳимов иддаоҳои марбут ба фасоду тахаллуф алайҳи худро бепоя хонда, вале аз ибрози назар дар бораи тарҳи сармоягузории занаш дар Дубай худдорӣ кардааст).
Илова бар тарҳҳои умдаи сармоягузории амлок, ба назар мерасад, ки аъзои хонаводаи Абдуқодир харидҳои шахсие ҳам дар Дубай анҷом додаанд.
Як пойгоҳи додаҳо дар бораи амлоки хусусӣ дар Иморот, ки ба берун дарз кардааст, дар бораи дастикам ҳафт милки харидашуда аз сӯи хонаводаи Абдуқодир ва як корманди онҳо иттилооте дар бар дорад.
Ин пойгоҳи додаҳои дарзшуда дар бораи амлок ва иқоматро мутахассисони амлок таҳия кардаанд, ки гурӯҳи ғайритиҷории C4ADS онро ба даст оварда ва дар ихтиёри Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод (OCCRP) гузоштааст. Ҳарчанд ин додаҳо таърихи дақиқи харидҳоро нишон намедиҳанд, аммо макони мавҷудияти амлок ва дар бисёре маворид нархи амлок ва иттилооте барои тамос бо харидорро дар бар доранд. Ин иттилоот муддати замонии дарозеро аз соли 2015 то соли 2017 дар бар мегирад.
Ин амлок шомили чаҳор вилла дар Парки Ҷумайро ва сохтмони беш аз 2000 хона мешавад, ки барои он аҳли хонаводаи Абдуқодир беш аз 5 миллион доллар пардохтаанд. Ин амлокро Ҳабибуллоҳи Абдуқодир, ду бародар ва як кормандашон, ки мудирияти ширкате мутааллиқ ба ин хонавода дар Туркияро ба уҳда дорад, харидаанд.
Худи Ҳабибулло низ як вилла ё хонаи муҷаллалу бошукӯҳе дар Ҷазоири Ҷумайро дорад, ки онро ба қимати 650 ҳазор доллар харидааст.
Ду хона – яке воқеъ дар сохтмоне дар ҷазираи маснӯии Нахли Ҷумайро ва дигар дар бурҷи Алзафра дар ҳамсоягии ин ҷазираро – яке аз писарони Ҳабибуллоҳ ва зане аз ҷумлаи бастагонаш ба қимати 448 ҳазор доллар харидаанд.
Асноди интиқоли пул, ки Саидмаҳдӣ ба хабарнигорон дод, бархе иттилооти мавҷуд дар пойгоҳи додаҳои дарзшударо таъйид мекунад. Дар навбати аввал, миқдоре аз ин пулҳо ба як сармоягузори умдаи амлок дар Дубай ба номи Нахил ирсол шуда, ки ӯ созандаи ҳамаи виллаҳо ва хонаҳои Абдуқодирҳо, ба ҷуз яке, мебошад.
Афзун бар ин, онгуна ки Саидмаҳдӣ тавзеҳ дод, миқдоре аз ин пулҳо бо рамзҳои ҳовии ҳарфу шумора мунтақил шудаанд, ки ба амлоки хоссе ишора мекарданд, аммо гоҳе иттилооти гумроҳкунанда доштанд. Масалан, ирсоли 290 ҳазор доллар дар моҳи сентябри 2014 ба Нахил бо рамзи “JVC11 YHRG 001C for textile” сурат гирифтааст. Дар мавориди дигаре ҳадафи интиқоли пул “delivery of goods” зикр шудааст.
Ин рамзҳо, ки дар асноди интиқоли пул зикр шудааст, бо шиносаҳои амлоки сабтшуда дар додаҳое, ки ба берун дарз кардаанд, ҳамхонӣ дорад.
Барои иттилои бештар дар бораи дороиҳои хонаводаи Абдуқодирҳо дар кишварҳои мухталиф рӯи ҳар яке аз ин кишварҳо фишор бидиҳед:
Олмон
Бритониё
Амрико
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Имтиёзи нашр
Тарҳи “Ғоратгарӣ ва ҳимоят аз он дар Осиёи Миёна” ҳосили талошҳои муштараки Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод (OCCRP) ва маркази қирғизии он, мавсум ба Клуп, аст. Беш аз бисту панҷ рӯзноманигор аз ин муассиса ва созмонҳо барои анҷоми ин пажӯҳиш моҳҳо заҳмат кашидаанд. Бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои зиёде, ки алайҳи хабарнигорон ва сардабирон сурат гирифт, номи онҳо ифшо намешавад.