Бино ба омори маркази дарёфти иттилоъ ва назарпурсии мавсум ба «Башкирова и партнерӣ», муҳоҷиронии кории тоҷике, ки дар Русия кор мекунанд, бештар аз милиса ва кормандони Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия тарс доранд. Александр Музафаров, раиси бахши пажуҳиши иҷтимоӣ ва сиёсии маркази Башкирова и партнерӣ мегуяд, ин назарсанҷӣ дар Тоҷикистон дар миёни 1500 ҷавон, ки синнашон аз 18 болост, анҷом гирифт.
Тибқи ин назарсанҷӣ, 53 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз пулис ва хадамоти муҳоҷирати Русия тарс доранд, 48 дар сади дигари муҳоҷирон ба фиреби корфармоён ру ба ру шудаанд. 17 дар сади муҳоҷирони тоҷик аз гуруҳҳои нажодпарасти рус тарс доранд.
Шоҳини Самад, сухангуи созмони муҳоҷират ва ҳуқуқ дар Маскав бо натиҷаҳои назрхоҳии ширкати «Башкирова и партнерӣ» мувофиқ аст. Оқои Самад мегуяд, муҳоҷирон бештар аз пайдо накардани ҷои кор ва ҷои хоб низ тарс доранд.
Бархе аз коршиносон бар онанд, ки агар муҳоҷирон қонунҳоро дуруст риоят кунанд, онҳо ба мушкилоти гуногун ру ба ру нахоҳанд шуд. Александр Верховский, раиси маркази таҳлилии СОВА дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, мушкилоти муҳоҷирон бо мардуми бумӣ ё таҳҷоии Русия тафовутҳои фарҳангии муҳоҷирон низ ҳаст:
«Мушкилот дар муҳоҷират ва шумораи муҳоҷирон нест, мушкилот дар риоят накардани қонун аз суи муҳоҷирон аст, муҳоҷир метавонад бо фарҳанги Русия ассимилясия ё омехта нашавад, аммо муҳоҷир бояд қонунҳои ин давлатро риоят кунад. Аммо агар ҷомеъа барои муҳоҷирон роҳҳои иҷрои қонунро нишон надиҳад, муҳоҷирон худашон ин роҳҳоро зуд пайдо кардан наметавоанд, ва ҳамин риъоят накардани қонун заминаи ташануҷ мешавад.»
Аммо Лидия Графова, раиси созмони муҳоҷират дар Русия бо назардошти мақолаи ахир дар рузномаи "Российская Газета", ки ду соли пеш дар вилояти Твери Русия хонаҳои се оилаи муҳоҷирони кории тоҷикро оташ задаанд, гуфт, дар ин сурат давлати Русия қонунҳои қабулкардаи худро зери по мегузорад. Хонум Графова дар ин бора гуфт:
«Он қонунҳои зебо ва либеролӣ, ки раисҷумҳури Русия мегуяд ва барои муҳоҷирон қабул кардаанд, онҳоро зери по карданд. Агар Русия дар мавриди муҳоҷират авфи умумӣ эълон кунад, ин ҳама беҳурматиҳо аз байн меравад. Барои муҳоҷироне, ки барои хадамоти муҳоҷиратии Русия хуб ошно ҳастанд, бояд авфи умумӣ эълон кунад, ин муҳоҷирон барои Русия ҳеҷ хатаре надоранд, баръакс муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ҳамсуд барои Русия фоидаи зиёд меоранд.»
Аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳоло кушиш мекунанд, ки худро қонунӣ созанд. Аммо пулиси ин кишвар то ҳоли ҳозир аз муҳоҷирони кории тоҷик пул меситонад ва ба онҳо беэҳтиромӣ нишон медиҳад. Аксари коршиносон бар ин ақидаанд, ки ин ҳама беэҳтиромӣ нисбат ба муҳоҷирон, ба вижа, нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик натиҷаи камтаваҷҷуҳии мақомоти Русия ба ин масъала аст.