Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошуро дар Ироқ ва дигар кишварҳo


Мақомоти Ироқ нерӯҳои ҳарбӣ ва интизомии худро ба таъмини амният дар маросими Ошуро сафарбар карданд.

Зиёда аз 25 ҳазор сарбозу афсар ба нуқоти гуногуни Карбало, маҳалли таҷаммӯъи садҳо ҳазор аз зоирони шиъа фиристода шуданд. Мазори Имом Ҳусейн ва Имом Аббос дар маркази маросими сӯгворӣ аз қатли Имом Ҳусейн, набераи пайғамбар Муҳаммад дар соли 680 қарор хоҳад дошт.

Ҳазорон нафар аз зоирони ин макон, аз ҷумла мардҳои сафедҷома дар хиёбонҳо раҳпаймоӣ мекунанд ва дар ғояти алам худро бо занҷирҳо мезананд. Дар миёни онҳо афроде низ ҳастанд, ки бо шамшер ба сари худ задаву хешро хуншор мекунанд. Чунин маросим дар дигар шаҳру рустои Ироқ низ барпо мегардад. Яке аз ширкаткунандагони ин расм дар шаҳри Каркук бардошти худро аз Ошуро ин гуна баён кард: "Раҳпаймоиҳои Ошуро изҳори ишқ ва сидқи мо ба Имом Ҳусейн аст, ки дар роҳи ҳақиқат, озодӣ ва номус сар бардошт. Имом Ҳусейн аллайҳиссалом шараф ва каромоти умматро эҳё кард. Мо низ бо ин раҳпаймоӣ ваъдаи сидқ медиҳем, ки роҳи ӯро идома хоҳем дод."

Дар ҷараёни раҳпаймоӣ дар Каркук як бомб мунфаҷир гашта, ду нафар аз ширкаткунандагони маросимро ба ҳалокат расонд. Дар Носирия раҳпаймоён бо полис даргир шуданд. Дар ин ва як даргирии дигар дар Басра дастикам 50 нафар кушта шудаанд. Дар Ошурои соли гузашта гурӯҳе бо номи Артиши Биҳишт ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Наҷаф даргир шуда буд. Дар он ҷангҳо беш аз 260 узви ин гурӯҳ ба ҳалокат расид. Афроди ин ҷараён бовар доранд, ки раҳбари онҳо Зиё Абдулзаҳро, ки дар ҳамин ҷангҳо кушта шуд, Маҳдӣ ва ё имоми охирзамон будааст.

Маросими Ошуро дар Эрон, Афғонистон ва Покистон низ ҷараён дорад. Дар Афғонистон, раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай аз мусулмонон хост, дар муқобили тундравоне муттаҳид шаванд, ки аз номи ислом таркишҳои худкушона анҷом медиҳанд ва мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Дар таркишҳои худкушонаи ошӯбгарон дар соли гузашта дар Афғонистон ва Покистон даҳҳо нафари ғайринизомӣ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG