Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистони гаравгони бозори кории Русия


Дар Тоҷикистони хурди ҷангзада бо иқтисоди музофотии вобаста ба муҳит ва бо сатҳи ғайриоддии баланди бекорӣ, ки роҳҳои бисёр ками иртиботӣ бо ҷаҳони беруна дорад, пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба чархи иқтисоди ин кишвар тадбил ёфтааст.

Ин аст яке аз хулосаҳои пажӯҳиши тозаи Созмони байналмилалии муҳоҷират. Дар пажӯҳиши тақрибан 300 саҳифагӣ муаллифони гузориш нақши муҳими пулҳои интиқолӣ дар зиндагии мардуми Тоҷикистонро зикр кардаанд ва ҳамчунин доир ба он навиштаанд, ки чӣ гуна муҳоҷират метавонад, иқтисоди Тоҷикистонро осебпазир кунад.

Муаллифи пажӯҳиши Созмони байналмилалии муҳоҷират мегӯяд, Тоҷикистон, ки ба як “гаравгони маҷозии” бозори кори Русия табдил ёфтааст, зоҳиран имсол аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ тақрибан 1 миллиарду 800 миллион доллар ба даст меорад.

Пулҳои интиқолии муҳоҷирон то кунун як манбаъи муҳиме барои зиндагии мардуми камбизоати Тоҷикистон ва чархи иқтисод ва фурӯбарандаи шиддати иҷтимоӣ будааст. Маҳмуд Нодирӣ намояндаи дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират, ки дар таҳияи ин пажӯҳиш нақш доштааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Нақши маблағҳои интиқолии муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон ҳар сол бештар шудааст ва таъсири мустақиме ба зиндагии иқтисодии мардуми ин ҷо дорад. Барои ҳамин, ин таҳқиқ ҳам ба Созмони байналмилалии муҳоҷират иҷоза медиҳад, ки диди рӯшане аз масоили муҳоҷират дар ин кишвар дошта бошад ва ҳам ин ки ба дастандаркорон ва давлати ин кишвар иҷоза медиҳад, ки бо истифодаи ин гузориш маълумоти тозае гирифта ва сиёсатҳои ҷадиди худро беҳтар танзим кунад.”

Бар асоси ин пажӯҳиш, дар вилояти сераҳолии Хатлон 35 дар сади мардум танҳо аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон зиндагӣ мекардаанд. Ҳамингуна пулҳои интиқолии муҳоҷирон кӯмак кардааст, аз соли 1999 то кунун 50 фоизи хонаводаҳои қашшоқи вилояти Хатлон аз вартаи фақр берун шаванд. Бар асоси таҳқиқ, 86 дар сади пулҳое, ки муҳоҷирони аксаран ҷавон ва беихтисос ба Тоҷикистон мефиристанд, барои ниёзҳои аввалияи хонаводаҳояшон, аз қабили маводи ғизоӣ ва сару либос сарф мешудааст. Пулҳои боқимондаро барои харидану тармими хона ва бозгардонидани қарзҳо харҷ мекардаанд.

Муаллифи гузориши Созмони байналмилалии муҳоҷират тахмин мекунад, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик, ки ватани дар панҷаи бекорӣ гирмондаи худро тарк кардаанд, феълан ба шашсад ҳазор нафар мерасад. Вале ин рақамро низ нисбӣ мешуморад, чун ба гуфтаи Маҳмуд Нодирӣ, механизми ҷамъоварии омору иттилоъот дар Тоҷикистон чандон густариш наёфтааст.

Ба гуфтаи муаллиф, танҳо дар соли 2005 беш аз 370 ҳазор шаҳрванди аз назари иқтисоди фаъоли тоҷик дар Русия кор мекард, ки ин 17 дар сади нерӯи қобили кори кишварро ташкил медиҳад. Дар солҳои гузашта бештар шудани тақозо ба нерӯи корӣ дар саноати нафту газ дар Русия ва сарватманд шудани ин кишвару камбизоат мондани Тоҷикистон равандаҳои муҳоҷиратро тақвият додааст.

Агар ҷанбаҳои мусбати муҳоҷират дар Тоҷикистонро канор бигзорем, ин падида асароти манфии зиёд барои ин кишвар низ дорад. Маҳмуд Нодирӣ намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират мегӯяд:

“Аввалан ки бисёре аз нерӯи кории мавҷуд дар Тоҷикистон ба хориҷ мунтақил мешаванд ва ин ба рӯи бахши кишоварзӣ ба хотири камбуди нерӯи кор таъсири манфӣ мегузорад. Дигар ин ки сохтори иҷтимоии хонаводаҳо иваз мешаванд ва вақте садҳо ҳазор муҳоҷир, ки бештарашон мард ҳастанд, аз хонаводаи худ дур ҳастанд, хонаводаи суннатии Тоҷикистон бидуни мард мемонад ва ин рӯи сохтори фарҳангӣ - иҷтимоии хонавода, балки рӯи таҳсилот ва тандурустии кӯдакон метавонад таъсири манфӣ дошта бошад. Дигар ин ки баъзе нерӯҳои мутахассис, ё мағзҳои мутафаккири кишвар ба хотири даромади бештар аз Тоҷикистон хориҷ мешаванд. “

Аммо таъсири манфии муҳоҷират ба иқтисоди Тоҷикистон бо ин тамом намешавад ва як паёмади дардноки онро аз ҳоло мардуми кишвар шоҳид ҳастанд:

“Таъсири манфии хеле муҳими дигар, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирон метавонад дошта бошад, эҷоди тавварум (инфлятсия) дар кишвар ҳаст. Шумо агар дар назар бигиред, ки нархҳои маводи хӯрокӣ, маскан ва дигар чизҳо дар Тоҷикистон ба шиддат боло рафтааст ва ин бештар ба хотири пули нақде ҳаст, ки муҳоҷирин вориди бозори Тоҷикистон мекунанд ва бо қудрати хариди зиёде, ки доранд, қимматҳоро ба тарафи боло мебаранд.”

Дар пажӯҳиши дигаре дар авоили ҳамин сол таҳти унвони “Муҳоҷират ва коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Маркази таҳқиқоти муҳоҷират дар Бритониё анҷом шуд, муаллифони он пажӯҳиш гуфтаанд, муҳоҷирати корӣ то кунун ҳамчун фурӯбарандаи шиддати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нақш дошта ва пеши роҳи танишҳои иҷтимоиро гирифтааст. Аммо созмонҳои молӣ мегӯянд, дар дарозмуддат паёмадҳои муҳоҷират барои Тоҷикистон хуб нахоҳад буд ва барои истифода аз пули муҳоҷирон ҷиҳати рушди мунназами иқтисодӣ давлати Тоҷикистон бояд кори зиёдеро анҷом диҳад ва ҳамчунин дар ҳаққи муҳоҷирон ғамхорӣ кунад, ки махсусан дар Русия ранҷи зиёд мекашанд. Маҳмуд Нодирӣ - намояндаи дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон:

“Бо кишварҳое, ки муҳоҷирони Тоҷикистон ба он ҷо мераванд, хусусан бо Русия бояд қарордодҳои лозим ва чаҳорчӯби қонунии муносибе танзим бишавад, ки муҳоҷирини тоҷике, ки ба он ҷо мераванд, ҳам аз назари ҳуқуқӣ мавриди ҳимоят қарор бигиранд ва ҳам ин ки корҳое, ки дар он ҷо анҷом медиҳанд, фақат корҳои пасти ғайритахассусӣ набошад, балки кишварҳои муҳоҷирпазири Тоҷикистон ба инҳо иҷозат бидиҳанд, ки корҳои тахассуситарро низ иҷро кунанд. “

Дигар тавсияе ки дар пажӯҳишҳои мухталиф ба давлати Тоҷикистон дода шудааст, ин аст, ки бояд фасодкориро аз байн бубарад, то муҳоҷирон тавонанд, пули худро барои соҳибкории хурду миёна сарф кунанд. Ҳамчунин ба муҳоҷирон забонҳои русӣ ва англисӣ омӯзонида шавад, ки онҳо ба бозорҳои кории дигар кишварҳо роҳ ёбанд, то Тоҷикистон пойбанд ва ё гаравгони бозори кории Русия набошад, зеро агар роҳи муҳоҷирон ба Русия баста шавад ва гаравгонони маҷозиро ба ватанашон баргардонанд, Тоҷикистон гирифтори бӯҳрони амиқе хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG