Тоҷикистону Амрико, ки натанҳо аз рӯйи масофа, балки баҳогузорӣ ба шароити зисту ҳуқуқи одамон аз якдигар дур ҷойгир шудаанд, 30 сол боз муносибати дипломатӣ доранд.
Ду кишвар додугирифти зиёд надоранд, аммо Вашингтон дар ин муддат ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар ёрӣ додааст.
Ҳамзамон Иёлоти Муттаҳида аз маҳдудиятҳои озодии баёну виҷдон ва саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон пайваста танқид мекунад ва онро ба қатори "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ворид кардааст. Чизе, ки ҷониби Тоҷикистон бо он розӣ нест ва баҳогузории "ноодилона" меномад.
То кунун вазирони корҳои хориҷии Амрико – Ҷеймс Бейкер, Кондолиза Райс, Ҳилларӣ Клинтон ва Ҷон Керрӣ – ба Тоҷикистон омадаанд. Сафари раҳбарони Амрико ба Душанбе ҳеч вақт амалӣ нашудааст.