Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи тарс аз расвоӣ


Дар додгоҳи шаҳри Кӯлоб баррасии парвандаи ҷиноии чанд тан аз сокинони минтақа, ки дар фурӯши одам муттаҳам шудаанд, идома дорад. Муддаӣ шояд хурдсолтарин даъвогар дар таърихи додгоҳ аст. Зеро Худойбахш, ё худ Мӯсо се моҳ дорад. Гуфта мешавад, ин тифлро модар ҳанӯз дар 4 рӯзагӣ ба фурӯш задааст. Соҳиби нахустин ё худ харидор ба у номи Худойбахш ниҳодааст, сипас ӯро модар, ки бозпас гирифта буд, Мӯсо номгузорӣ кардааст. Тибқи иттилоъи додраси додгоҳи шаҳри Кулоб, Шарифхон Раҳмонов дар ин ҷиноят се тан муттаҳам маҳсуб мераванд. Намозова Умеда, модари кӯдак, Намозова Ҷумъагул миёнарав ва Аслия Иброҳимова харидор: «Умеда Намозова 19 январи соли 2004 дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб писарча таваллуд мекунад ва дар натиҷа пеш аз бозгашт ба деҳа бо ҳамроҳии холааш ба хулосае меоянд, ки кӯдакро ба ягон зани бефарзанд диҳанд.»
Дар парвандаи ҷиноӣ, ки додситонии минтақа баррасӣ кардааст, омадааст, ки Намозова Умеда, сокини ноҳияи Фархор, миллаташ узбек дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб кӯдак таваллуд кардааст ва бар ивази 25 сомонӣ тифли навзодро ба Аслия Иброҳимова фурӯхтааст. Ва аммо Умеда Намозова, мегӯяд, ки кӯдакро нафурӯхтааст, балки ба як зани ношинос тақдим кардааст.
Ӯ мегӯяд, ки ин кӯдак ғайриникоҳ ба дунё омадааст, аз ин рӯ ба деҳа бурдани ӯ имкон надошт: «Аз болниса меомадем, ки ҳамин зан аз пешамон баромад ва кӯдакро аз дастам гирифт. Ман гуфтам, ки ҳамин хел, бе пул бигир, ман ӯро намефурӯшам. Аммо ӯ маро пеш-пеш карда, ба хонааш бурд ва 25 сомонӣ дод, ки ман худам модарам ва дилам ба ту месузад, ягон дору мехарӣ гуфт. Ана ин ҷо туҳматам кардаанд, ки гӯё ман кӯдакро фурӯхтаам. Ман нафурӯхтаам. 25 сомонӣ пулест, ки ман кӯдакамро бо ин нарх фурӯшам?»
Умед Сайдалиев падари кӯдак аст. Баъд аз оғози парвандаи ҷиноӣ, ӯ аз Русия омада, бо Умеда Намозова издивоҷ кардааст. Ӯ мегӯяд: « Хайр мо чанд сол бо якдигар будем. Якҷо, ки бошӣ, чӣ мешавад? Ин кори шайтон аст, аммо он шуд, чӣ кор кунем? Ҳоло ман аз Русия омада, Умедаро гирифтам, никоҳ кардем, кӯдак бо мост, соқу саломат аст, ҳамааш соз аст»
Ва аммо ба назар мерасад, ки сабаби аслии ин ҳодиса дар урфу одати мардум нифон аст. Умед Сайдалиев мегӯяд, ба хонаи Умеда Намозова хостгор рафтааст, аммо бо сабабҳои гуногун волидайни Умеда ба издивоҷ розӣ нашудаанд. Шояд онҳо умед доштанд, ки духтари худро бар ивази қалини гарон ба шавҳар медиҳанд. Меҳримоҳ Саидова - модари Умеда меафзояд: « Ман нафаҳмидам, ду чашмаш кӯр шавад ва ба 7 фарзанд модарӣ накунам, ки ҳомиладории ӯро нафаҳмидаам. Аммо онҳо аз аввал бо ҳам соз будаанд, рости гап модари Умед боре хостгорӣ омада буду мо духтармона надодем.» Додгоҳ бар ақидааст, ки се тан дастандаркорони қазияи мазбур тибқи Қонуни ҷиноӣ дар «харидуфурӯши одам аз сӯи гурӯҳи одамон» муттаҳам шудаанд ва дар сурати дайни гуноҳ ҳар кадоми онҳо то 12 соли аз озодӣ маҳрум мегарданд. Ин барои нахустин бор аст, ки дар вилояти Хатлон чунин парвандаи ҷиноӣ баррасӣ меёбад.
Дар толори хамӯш садои гиря баланд мешавад. Ин садои Худойбахш ё худ Мӯсо аст, ки ҳамакнун бедор шуда, шир мехоҳад. Шоҳиди навзод, дар ин толор ягона нафарест, ки аз баррасии қазия бетафовут аст. Ӯ пайваста хоб аст. Ӯ намедонад, ки дар ин толор усулан тақдири ӯ ҳал мегардад. Ки ӯро соҳибӣ хоҳад кард? Модар, модархонд ва ё ятимхонаҳои мавзеъ?
XS
SM
MD
LG