Чигуна ҷанги Украина метавонад, тиҷорат дар Авруосиёро навсозӣ кунад?

Роҳрави Миёна як роҳи тиҷоратии 6500 километрӣ, ки Чинро аз тариқи Осиёи Марказӣ ба Қафқоз ба Аврупо мепайвандад, баъди ҷанги Украина густариш ёфт.

Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag Shipping container with EU flag
Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag Shipping container with China flag
  • 6-уми августи 2024

Ҳамлаҳо ба киштиҳо дар Баҳри Сурх нишон дод, ки низоъе метавонад, тиҷорат дар ҷаҳонро ба ҳам бизанад ва дар ин ҳол кишварҳову ширкатҳои киштиронӣ ба роҳҳои алтернативӣ зарурат доранд, то иқтисоди ҷаҳон аз ҳаракат намонад. Як дарс, ё намуна дар дили Авруосиё таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 шуд, ки дар занҷираи таъминоти ҷаҳонӣ бебандуборӣ ба вуҷуд овард ва ҷабҳаи наве дар набардҳои геополитикӣ боз кард.

Ба Роҳрави миёна, ё Роҳи байналмилалии нақлиётии фароқафқозӣ ворид шавед. Ба ҳазорон километр роҳи заминӣ, оҳан ва бандарҳо, ки Чинро ба Аврупо мепайвандад ва тарғиб мешуд, вале ҷанги дароз дар Украина муҳосиботи Пекин ва кишварҳои Аврупоро ба он дигар кард.

overlay

Роҳрави шимолӣ

Роҳрави миёна

Роҳи уқёнус

overlay

Роҳи уқёнус

Роҳрави миёна

Роҳрави шимолӣ

overlay

Роҳи уқёнус

Роҳрави миёна

Роҳрави шимолӣ

overlay

Роҳи уқёнус

Роҳрави шимолӣ

Роҳрави миёна

Пеш аз ҷанг бисёре аз молу колои Чин аз тариқи шабакаи васеи роҳҳои оҳани Русия ба Иттиҳоди Аврупо мерафт ва ду бозори азимтарини дунё васл буд. Роҳрави шимолии тавсиаёфта имконоти беҳтари ҳамлу нақл ва тиҷорати дастрасро фароҳам мекард.

Дар натиҷа қаторҳои Русия, ба муҳимтарин василаи боркашӣ дар тиҷорати Чину Иттиҳоди Аврупо табдил шуданд. Таҷовузи Русия инро тағйир дод, зеро ширкатҳои борбарӣ, барои эмин мондан аз таҳримот, роҳҳои наверо пайдо карданд, ки Аврупову Чинро бидуни убури хоки Руси васл намоянд.

Романа Влаҳутин, пажуҳишгари Бунёди Маршал ва дипломати собиқи Иттиҳоди Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт: “Роҳҳои транзитӣ байни Аврупо ва Осиё рӯз ба рӯз печидатар ва гаронтар мешаванд.” Аз ин рӯ ҷанг дар Украина нафаси тозае ба Роҳрави миёна бахшид, ки солҳо боз бинобар боло рафтани қиматҳо, мушкилоти марзӣ ва зербунёдҳои фарсуда аз истифодаи он ҳазар мекарданд.

Влаҳутин мегӯяд: “Роҳрави миёна, роҳи кӯтоҳтарини сершоха хоҳад буд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштиёқи зиёде ба пайвандҳои қавӣ ва наздиктар бо Иттиҳоди Аврупо доранд.”

Имконоти он иҷоза додааст, ҳамлу нақл аз тариқи ин роҳрав бисёр зиёд шавад. Боркашӣ дар ин роҳрав аз 350 000 тоннаи соли 2020 ба 3. 2 миллион тонна дар соли 2023 расидааст. Бино ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аз охири соли 2023 ҳамлу нақли бор аз тариқи Роҳрави миёна то соли 2030 мумкин аст, то ба 11 миллион тонна бирасад.

Вале мушкилоти мавҷуд дар Роҳрави миёна сар аз камбуди зербунёдҳо ва интизории зиёд дар бандару гузаргоҳҳои марзӣ бояд аз байн бардошта шаванд.

Эмил Авдалианӣ, профессори улуми равобити байналмилалӣ дар Донишгоҳи Аврупо дар Тифлис ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тавсиаи Роҳрави миёна ба майли Чин вобаста аст. Бе борҳои чинӣ, алоқамандӣ ба тавсиаи ин роҳ зиёд нахоҳад буд.”

Иттиҳоди Аврупо низ барои инкишофи зербунёдҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз даст ба кор шудааст ва кишварҳои дигар низ бо миллиардҳо доллар ба ҳамин самт равонаанд. Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркия ва Қазоқистон барои таъсиси як ниҳоде мувофиқат кардаанд, ки ҳамоҳангиро беҳтар ва монеаҳои роҳи тиҷоратро камтар созад.

Урумчӣ пойтахти Шинҷон, вилояти мухтори Чин аст, ки ба оҳистагӣ ба маркази тарҳи “Як камарбанд, як роҳ”- и Чин табдил ёфт. Иҷрои ин тарҳи азими сохтмони зербунёдҳо соли 2013 оғоз шуд.

NaN/21

Азбаски бо шаҳрҳое мисли Сиан, воқеъ дар 2500 километрии шарқи Урумчӣ пайванди хуб дорад, ин шаҳр саргаҳи роҳҳои оҳане шуд, ки ба Қазоқистон мерасад ва шохаи аввалияи Роҳрави миёна аст.

NaN/21

Ҳаракат ба Ғарб ба самти Қазоқистон

Молу маҳсулот аз Чин ба Қазоқистон аз тариқи ду гузаргоҳи асосӣ мераванд. Гузаргоҳи аввал Достук аст, ки бандари асосӣ барои вуруди молу амвол ба шимоли Русия мебошад ва айни замон ба роҳҳои самти Ғарб мепайвандад.

Дуввум Хоргос аст, ки бахше аз сармоягузории тарҳи Як камарбанд, як роҳ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

NaN/21

Хоргос, Қазоқистон

Хоргос, ки аз соҳили наздиктарин баҳр тақрибан 2500 километр дур аст, соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва “бандар дар хушкӣ” номида мешавад, чунки машғули гирифту фиристи бори нақлиёти заминӣ аст.

Баъди вуруд ба бандар, борҳоро бо кран аз қаторҳои Чин ба қаторҳои Қазоқистон бор мекунанд, ки айни роҳҳои оҳанеро дорад, ки Русия ва тақрибан тамоми кишварҳои шӯравии собиқ доранд. Баъди ин то расидан ба дарвозаҳои Иттиҳоди Аврупо дигар зарурате аз интиқоли молу коло аз як қатор ба қатори дигар намемонад.

NaN/21

Aқтау, Қазоқистон

Пас аз вуруд ба Хоргос молу колоро ба ҷануб ба Алмаато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон ҳаракат мебаранд ва сипас бо қатор ба ғарб ба шаҳри бандарии Ақтау дар соҳили Баҳри Хазар мефиристанд.

NaN/21

Гузар аз Хазар

Ақтау шаҳре бо аҳолии 180 000 нафарӣ дар соҳили шарқии Баҳри Хазар аст ва бандари аслии Роҳрави миёна дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва аз инҷо молу колоро ба Озарбойҷон интиқол медиҳанд.

Ҳукумати Қазоқистон дар бандари шаҳр миллион доллар сармоягузорӣ мекунад ва охири соли 2022 гуфт, ки нақшаи васеъ кардани онро дорад. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон моҳи сентябри соли 2022 эълон карданд, ки барои иҷрои тарҳҳое, ба Роҳрави миёна кӯмак мерасонанд, 900 миллион доллар ҷудо мекунанд.

NaN/21
Step header art

Аввалин монеаҳо дар Роҳрави миёна ҳангоми ҳаракат аз Баҳри Хазар пайдо мешаванд. Мавҷҳои хӯрушони баҳр дар тобистон, ҳаракати киштиҳоро ҳафтаҳо ба таъхир меандозад ва ин кори бади бандарҳо дар Озарбойҷонро бадтар мекунад, ки зербунёдҳои лозима барои қабулу фиристодани борҳоро надоранд.

Дар як таҳқиқи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи Роҳрави миёна дар соли 2023 омадааст, таъхири зиёдтар аз ҳама “ба сабаби норасоии киштиҳо ва хато дар санадгузориҳо” ҳангоми убур аз баҳр сурат мегирад. Дар ин гузориш ҳамчунин гуфтаанд, қиматҳои баланд, набуди системаҳои мушоҳидаи ҳаракати борҳо аз мушкилоти бузурги дигар ҳангоми убур аз Баҳри Хазар аст.

Бино ба пешбиниҳо, агар кишварҳо аз имконоти Роҳрави миёна ба ҳадди болояш истифода баранду манфиати ин роҳи кӯтоҳ байни Аврупо ва Осиёро ба инобат бигиранд, пас ҳалли ин мушкилот як кори ҳатмӣ мешавад.

Бар асоси муҳосиботи Бонки Ҷаҳонӣ аз ин тиҷорати минтақавӣ бештар аз ҳама Озарбойҷон, Гурҷистон ва Қазоқистон манфиат мебаранд. Тиҷорати байниҳамдигарии онҳо то соли 2030-ум 37 дар сад зиёд мешавад ва байни ин кишварҳо ва танҳо Иттиҳодияи Аврупо то 28 % меафзояд.

NaN/21

Агар набуди бандарҳо ҳаракат дар Роҳрави миёнаро кунд кунад, аз тарафи дигар зарфияти ками қабули контейнерҳо дар бандарҳои мавҷуд мушкили дигар дар Баҳри Хазар аст. Бахусус дар Боку, ки бандари он дар муқоиса ба Ақтау иқтидори каме дорад.

Мақомоти Озарбойҷон қабл аз ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022 эълон карданд, ки дар бандари канори Боку зербунёдҳои нав месозанд. Дар сурати такмили тарҳ он бо тарҳҳои дигар дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ва тавсиаи “Туркманбошӣ” бандари асосии Туркманистон дар Баҳри Хазар, ҳамоҳанг кор мекунад.

NaN/21

Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо гуфтаанд, ки як норасоии асосӣ дар Роҳрави миёна дар бандари Боку аст ва он ҳам муддати дароз мондани молу коло.

Дар як таҳқиқ омадааст, контейнерҳои пурбор дар бандари Боку ба ҳадди миёна 25 рӯз мунтазир мемонанд. Замони фиристодан ҳам аз 10 то ба 46 рӯз мерасад. Ҳисоб шудааст, ки 70 дар сади вақти интиқоли яктарафа дар тамоми Роҳрави миёнаро дар ҳаминҷо мегиранд.

NaN/21

Арманистон расман бахше аз Роҳрави миёна нест, вале гуфтугуҳо барои қабули он ҳаст. Роҳрав аз Озарбойҷон ба Гурҷистон то Баҳри Сиёҳ мерасад, вале тарҳе ҳаст, ки метавонад, Арманистонро ҳам шомили он кунад. Ин тарҳи сохтмони роҳи оҳани 43-километрӣ аст, ки аз вилояти Сюуники Арманистон то ба Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувони Озарбойҷон, сипас ба Туркия ва дар ниҳоят ба Баҳри Хазар ва Баҳри Миёназамин мерасад. Аммо иҷрои тарҳ бо номи “Роҳрави Зангезур” ба муътадил шудани робитаҳои Арманистону Озарбойҷон вобаста аст, ки солҳост бо ҳам душманӣ доранд.

NaN/21

Пас аз қабул дар Озарбойҷон, контейнерҳо бо роҳи оҳан ба тарафи ғарб ба Гурҷистон мераванд, аз пойтахт Тифлис мегузаранд.

Ҳукумати Гурҷистон саъй дорад, бо сохтмони роҳу зербунёдҳои транзитӣ, ҳаракати молу коло аз тариқи роҳҳои кӯҳистониаш ба бандарҳои Баҳри Сиёҳ дар шаҳрҳои Поти ва Батумӣ осонтар кунад. Молҳо аз инҷо ба ҷанубуғарб ва аз роҳҳои заминӣ ба Туркия мераванд.

NaN/21

Дар кишвар чандин шоҳроҳи васеъ сохта мешаванд ва муҳимтарини онҳо роҳи 51.6 километриест, ки аз гарданаи душворгузари Рикотӣ мегузарад. Роҳро ширкатҳои чинӣ месозанд ва арзиши он тақрибан 1 миллиард доллар аст.

Шоҳроҳ аз 96 пул, 53 нақб иборат аст ва дар сурати такмил масофаи байни Тифлис ва Баҳри Сиёҳро ним баробар кутоҳ мекунад.

NaN/21

Аз роҳи хушкӣ ба Туркия

Карс воқеъ дар шимолуғарби Туркия дар наздикии марз бо Арманистон ва Гурҷистон аст ва нуқтаи асосии вуруд аз роҳи заминӣ аз Роҳрави миёна ба ҳисоб меравад. Молу маҳсулот ба инҷо аз роҳҳои маъмулӣ ва оҳан ворид мешаванд, вале Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, дар сурати қабули бештари борҳо бояд роҳҳои пайваста ба Гурҷистон бояд бозсозӣ шаванд.

NaN/21
Step header art

Қабл аз онки Роҳрави миёна ҷобаҷо шавад, Туркия дидгоҳи худро дар бораи Роҳрави миёна пешниҳод кард, то ҳамкориҳои иқтисодиашро бо Осиёи Марказӣ қавӣ кунад ва мавқеи стратегиашро дар байни ҳамсоягонаш мустаҳкам созад.

Аз соли 2015-2015 Анкара бо Озарбойҷон, Чин, Гурҷистон ва Қазоқистон барои тақвияти Роҳрави миёна созишномаҳо ба имзо расонд ва тарҳҳои навро барои беҳбуди равуо, аз ҷумла Нақби Авруосиё ва пули Явуз Султон Салимро дар Истанбул такмил кард. Туркия ҳамчунин дар ҳоли ба поён расонидани сохтмони як роҳи оҳани баландсуръат то ба Карс ва шоҳроҳе дар шимол аст, то ки молу коло ба осонӣ ба Истанбул бирасад.

Бо вуҷуди чунин сатҳи таваҷҷӯҳ, мавзеъгирии умумии Туркия ба Роҳрави миёна номушаххас аст ва Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши фарогири худ дар соли 2023 гуфтааст, ки мавзеъгирии Туркия ва роҳҳои алтернативии он дар гузориши оянда бо ҷузъиёт таҳқиқ мешавад.

NaN/21

Бозгашт ба Гурҷистон

Бандарҳои гурҷии Потӣ ва Батумӣ мутаносибан 76 % ва 24 % тамоми маҷрои контейнерҳо дар Гурҷистонро қабул кардаву мефиристанд. Барои ҳамин мавқеи кишварро дар канори Баҳри Сиёҳ бахусус барои Роҳрави миёна муҳим мекунанд.

Айни замон иқтидори Гурҷистон, ки қаторҳои зиёди мошинҳои борбар дар марзҳояш мунтазиранд ва бандарҳои Батумӣ ва Потӣ қариб бо тамоми тавоноӣ кор мекунанд, боз ҳам ба қабули бори бештар намерасад.

Кишвар ягон бандари амиқ барои қабули киштиҳои азим бо бори зиёд ва бо қимати арзонтар надорад. Чизе, ки ба гуфтаи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ва Бонки Ҷаҳонӣ барои рақобатпазир шудани Роҳрави миёна дар сатҳи ҷаҳонӣ зарур аст.

NaN/21

Ҳамин зарурат барномаҳо Гурҷистон барои бунёди бандари амиқ дар Анаклия-ро эҳё кард, ки дар шимоли кишвар ҷойгир аст. Моҳи май ҳукумати Гурҷистон. эълон кард, 49 дар сади саҳмияҳои бандари нав ва ҳаққи сохтмону мудирияти онро ба як консортсиуми чинӣ додааст.

Талоши пешинаи бунёди бандар дар Анаклия, бо саҳми бонки гурҷии TBC ва ширкати Конти Интернейшнал мустақар дар Амрико ба ҷое нарасид. Соли 2018 сокинонро аз маҳалли бунёди бандар кӯчонданд, вале дар ниҳоят баъд аз солҳои кашмакашҳои сиёсӣ ҳукумат дар соли 2020 қарордодро беэътибор кард ва аз он замон маҳалли бандар холӣ аст.

NaN/21

Потӣ низ барои густариш ва афзудани иқтидори худ ҷиҳати қабули киштиҳои азимтар омода мешавад, ҳарчанд дар муқоиса ба Анаклия даромадгоҳи танги он намегузорад, киштиҳои калонро қабул кунанд. Бар асоси бисёре аз муҳосибаҳо нишон медиҳад, ки Гурҷистон ғолибан ба бандари тавсиаёфтаи Потӣ ва бандари нави амиқ дар Анаклия эҳтиёҷи зиёд надорад. Барои ҳамин ба сиёсатмадорони гурҷӣ имкон медиҳад, бозиҳои ғайриқобили пешбинӣ пеш баранд.

NaN/21

Гузар аз Баҳри Сиёҳ

Аз Гурҷистон метавонанд, молу колоро аз тариқи Баҳри Сиёҳ фиристанд ва аз роҳи кӯтоҳтар ба самти Туркия равон кунанд, чунки зербунёдҳои лозим дар роҳҳои заминӣ вуҷуд надоранд. Барои ҳамин ширкатҳои боркашӣ, ба роҳҳои баҳрӣ тарҷеҳ медиҳанд, ки якбора ба се шаҳр Истанбул, Константа ва Чорноморск хидмат мерасонанд.

Баҳри Сиёҳ низ монанда ба Баҳри Хазар монеаҳои зиёде дар ҳаракат аз ҷумла, қиматҳои баланд, расмиёти суст ва қоидаҳои боҷситонии гумрукии номуносиб дорад. Ба ин монеаҳо бесуботӣ ва номуайянӣ ҷанг дар Украина изофа шуд. Дар қисматҳои украинӣ ва русии Баҳри Сиёҳ борҳо ҳамлаву ҷангҳо дида шудааст.

NaN/21

Бандари **Константа” дар Баҳри Сиёҳ маҳҳалест, ки баъди масофаи тақрибан 5000 километр Роҳрави миёна ба Иттиҳоди Аврупо мепайванд.

Бо назардошти ҳамин бандараш Руминия яке аз аъзои фаъолтарини иттиҳод дар Роҳрави миёна аст. Мақомоти Руминия бо Гурҷистон гуфтугузорҳоро дар ин бора зиёдтар кардаанд ва мехоҳанд, мутассадии махсусе барои ин роҳрав дар Баҳри Сиёҳ таъйин шавад.

NaN/21

Бандари **Чорноморск” дар Украина хатҳои роҳи оҳан ва баҳрӣ то ба шаҳри Варна дар Булғористон, Батумӣ ва Потӣ дар Гурҷистон ва Самсун дар Туркия дорад, ки онро ба як маҳалли стратегӣ дар Роҳрави миёна табдил додаанд.

Вале таҷовузи Русия ба Украина сари ин қисмати роҳрав соя афкандааст.

Маҳалли Чорноморск ва роҳҳои оҳани нисбатан пешрафтаи Украина онҳоро ба гузинаи ҷаззобе табдил медиҳанд, вале азбаски ҷанг дар Украина идома дорад, мақоми он дар роҳрав фақат баъди хотимаи ҷанг маълум мешавад.

NaN/21

Лаҳистон маҳалли асосии қабули борҳое буд, ки аз тариқи Русияву Беларус то ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо мерасиданд ва сипас дар саросари он тақсим мешуданд.

Ҳоло бо нерӯи тоза гирифтани Роҳрави миёна зербунёдҳои он барои қабули борҳо аз ин роҳрав омода мешаванд. Варшава роҳҳои зиёди мошингузар ва оҳан дорад, ки ба Руминия ва Украина мепайванданд ва худи кишвар дарвозае барои бозорҳои дигар ба мисли Олмони ҳамсоя ва Эстония ва Латвияву Литва, кишварҳои соҳили Баҳри Балтик аст.

Молу коло аз инҷо ҳамчунин ба Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Чин фиристода мешаванд ва ба айни монеаҳое дучор меоянд, ҳукуматҳои кишварҳои воқеъ дар ин роҳи тиҷоратӣ саъй доранд, ҳал кунанд.

NaN/21

Фурсати нав ва душвориҳои кӯҳна

Наметавон инкор кард, ки Роҳрави миёна сатҳи нави нерӯ ва таваҷҷуҳи ширкатҳои азиму кишварҳоеро ҷазб кардаааст, ки қаблан дар он шарик набуданд. Вале бо вуҷуди ин фурсат, роҳрави мазкур норасоиҳое дорад, ки қимати равуоро боло ва тиҷоратро ғайриқобили пешбинӣ мекунанд.

Иқтисоддонҳо дар бораи ояндаи он назари ягонае надоранд, вале нақши Роҳрави миёна ҳамчун пуле байни Чину Аврупо, ки бе убури қаламрави Русия мегузарад, таваҷҷӯҳи ширкатҳову кишварҳоро, ки ҷӯёи роҳҳои алтернативии тиҷорат ва фазои пурталотуми геополитикӣ ҳастанд, ҳамчунон ҷазб хоҳад кард.

Муҳосибот нишон додааст, ки Роҳрави миёна, масофаи ҳаракати молу коло байни Чин ва Аврупоро то 12 рӯз кӯтоҳ мекунад. Аз тариқи роҳи шимолӣ, ки аз Русия мегузарад, 19 рӯз лозим аст ва тиҷорати баҳрӣ аз худи Чин ва аз роҳи Уқёнси Ҳинд аз 22 то 37-рӯзро дар бар мегирад.

Инки ҳукуматҳои канори Роҳрави миёна оё имконоти васеи ин роҳи тиҷоратиро истифода мебаранд, солҳои наздик маълум мешавад.

Матни
Рид Стендиш
Сохтаи
Войтек Гройетс ва Иван Гуттерман
Муҳаррир
Пит Баумгартнер