Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол дар Тоҷикистон 800 офати табиӣ рӯй додааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар соли 2022 дар Тоҷикистон 800 офати табиӣ, аз ҷумла селу тармафароӣ ва зилзила, рӯй додааст.

Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ гуфтанд, "ин рақам дар муқоиса бо соле пеш аз он 91 маврид бештар буд."

Ҷамила Байдуллоева, муовини мудири Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон, гуфт, "якбора пастшавии ҳарорат, сармо, чангу ғубор, шамоли сахт, баландшавии сатҳи оби дарёҳо низ ба офатҳои табиӣ дохил мешаванд."

Коршинос Ҳасан Асоев ба ин назар аст, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон сабаб мешавад, ҳамасола миқдори офатҳои табиӣ бештар шаванд.

"Ҳаштод дарсади ҳудуди Тоҷикистон дар минтақаи тектоникӣ ҷойгир аст. Инчунин, 60 дарсади ҳудуди кишвар дар минтақаҳои сел ва тармафароӣ қарор дорад," – афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон стратегияи миллии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ то соли 2030 қабул шудааст.

Ҳар дафъа бар асари омадани селу фаромадани тарма дар Тоҷикистон хонаву роҳҳо зарар мебинанд. Мардум ҳамвора мақомотро барои омода набудан барои рафъи офати табиӣ ва пайомадҳои он танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG