Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, шаш медал – се тило ва се нуқра – ба даст оварданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон, ҷавонон, бузургсолон, устодон, инчунин варзишгарони маълул сурат гирифт.
Медалҳои тилоро дар сабқати наврасон Абубакр Давлатов (27 кг), Мунис Давлатов (30 кг) ва Билол Умаров (56 кг) соҳиб шуданд. Султон Азаматов (27 кг), Шаҳром Маҳмуродов (56 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Инчунин Ораз Якутхонов (65 кг) дар рақобатҳо миёни варзишгарони маълул медали биринҷӣ гирифт.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти пешини қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон ва бузургсолон, инчунин Фестивал ё Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб 16 медал, аз он ҷумла 7 нишони тило, ба даст оварда буданд.
Ҷиу-ҷитсу як навъи муҳорибаи омехта аст, ки ҳам усулҳои гуштиро дорад ва ҳам усулҳои муштзаниву кикбоксингро. Ин навъи варзиш аз Ҷопон бархоста, батадриҷ дар саросари дунё густариш ёфтааст.
Ҷиу-ҷитсу аввалин бор ба барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки соли 2018 дар Индонезия барпо гардид, дохил шуда буд/