Созмону кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Порлумони Аврупо, Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байнулмилал ва дигарон аз Тоҷикистон хостанд, таъқибу боздошт ва муҳокимаҳои ноодилонаи зодагони Бадахшонро бас кунад, вале Душанбе посухе надодааст.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи аз рӯйи масоҳат калонтарин, аммо аз нигоҳи нуфус камаҳолитарини Тоҷикистон, моҳи май ва июни 2022 саҳнаи тазоҳурот ва саркӯби мардуми норозӣ буд.
Ҳамааш рӯзи 16-уми май ва пас аз он сар шуд, ки гуруҳе аз ҷавонон барои додхоҳӣ аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ равон шуданд.
Ба иттилои расмӣ, аз он лаҳза то 17-уми июн дар Рӯшон ва Хоруғ 16 кас кушта шудаанд. Ин шумора дар гузориши дипломатҳои Созмони Милал то 40 нафар номбар шудааст. Кандукови Радиои Озодӣ то ин дам номи 34 кушташударо ошкор кард. Онҳо аз 30 то 57-сола ва аксаран аз ноҳияи Рӯшонанд.
Соли таваллуди кушташудаҳо. Маълумот аз наздикон ва шахсони огоҳ гирдоварӣ шуд.
Ба сабаби онки сокинони маҳаллӣ зери назорати сахт ҳастанд, аз суҳбати ошкор ва фиристодани аксу навор худдорӣ мекунанд. Чанде аз онҳо бе зикри ном гуфтанд, ки дар рӯйдодҳои ноҳияи Рӯшон ҷавонону мардони бесилоҳ ва бегуноҳ кушта шудаанд.