Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарбор". Достони зане, ки шавҳараш аз хона ронд, волидон қабул накарданд. ВИДЕО


Қаҳрамони филм, як зани ҷавон аст, ки аз хонаи шавҳар ронда шудааст
Қаҳрамони филм, як зани ҷавон аст, ки аз хонаи шавҳар ронда шудааст

Як коргардони тоҷик азҳампошии оилаҳо ва бесаробон мондани занони ҷавонро дар Тоҷикистон дар филми "Сарбор" ба тасвир кашидааст. Манзаралӣ Шералӣ мегӯяд, сарнавиштеро рӯйи навор овард, ки худ шоҳидаш буд. Азҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон солҳо боз масъалаи доғ мемонад. Дар шаш моҳи аввали имсол тақрибан шашуним ҳазор ақди никоҳ бекор карда шудааст.

Филми "Сарбор" дар бораи зане нақл мекунад, ки шавҳараш ӯро бо кӯдакон аз хона рондааст, вале волидон ҳам ӯро намепазиранд. Зан ночор кӯдаконро ба дасти як ронандаи такси дода, нопадид мешавад.

Манзаралӣ Шералӣ, коргардони "Симурғ синамо", рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, филм бо буҷаи кам таҳия шуд, чун ҳунармандон дар он бепул ширкат карданду нақш офариданд. "Фақат ҳамон маблағеро, ки барои роҳкиро ва сарфи наворгирӣ харҷ кардем, аз ҳисоби худамон буд", -- гуфт ӯ.

Манзаралӣ Шералӣ, коргардони филми "Сарбор"
Манзаралӣ Шералӣ, коргардони филми "Сарбор"

Филмро бо дурбини телевизиони "Сафина" сабт кардаанд. Студияи навтаъсиси "Симурғ синамо" ҳанӯз камераи худро надорад.

Аммо филми "Сарбор" барои таҳиягаронаш се ҷоиза овард. Яке аз ин ҷоизаҳо дар ҷашнвораи байнулмилалии синамо дар Тошканд буд. Манзаралӣ Шералӣ, коргардони филм, ҷоизаро аз дасти Жерар Депарде, ҳунарманди машҳури синамои Фаронса гирифт.

Некрӯз Ҷалилиён, филмноманавис ва коргардони “Симурғ синамо”, мегӯяд, муассисони студия панҷ нафар ҳастанд, ки ҳамагӣ дар гузашта дар “Тоҷикфилм” кор мекарданд. Ба гуфтаи вай, тасмими таъсиси “Симурғ синамо” ба манзури дарёфти озодиҳои бештар дар таҳияи филмҳо сурат гирифтааст. Ҷалилиён аз як камбуди филмҳои тоҷикӣ ном бурд, ки ба забони мардум наздик нестанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Сарбор" мушкили занони тоҷикро бозгӯ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

“Вақте забони филм адабӣ мешавад, филм бештар сохта мебарояд. Дар “Тоҷикфилм” то ҳол намехоҳанд, ки забони филмҳо ба забони мардум наздик шавад. Филми “Ситораҳои сари танӯр”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, яке аз нишонаҳои олӣ аст, ки филм бояд ба забони мардум наздиктар бошад, мардум хубтар қабул мекунанд,” -- афзуд Некрӯз Ҷалилиён.

Яке аз ҷоизаҳои филми "Сарбор" дар Тошканд
Яке аз ҷоизаҳои филми "Сарбор" дар Тошканд

Солҳои охир танқид аз филмҳои тоҷикӣ зиёд садо медиҳад. Иддае мегӯянд, рӯ овардани мардум аввал ба филмҳои ҳиндӣ ва баъдан ба туркӣ баёнгари он аст, ки филмҳои тоҷикӣ талаботи тамошобинро қонеъ намекунанд.

Мунтақидон мегӯянд, ба сатҳи “оғилу коҳдон” пойин омадани филмофарӣ баёнгари мушкили ҷиддӣ дар соҳа аст. Коргардонҳои тоҷик мегӯянд, дар доираи имконияти худ талош доранд, филмҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа таҳия кунанд. Дар Тоҷикистон идораи “Тоҷикфилм” ва чанд студияи хусусӣ ба таҳияи филмҳо машғуланд.

Кинои тоҷик на танҳо аз сӯи мутахассисон, балки аз ҷониби раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо танқид шудааст. Президенти Тоҷикистон чаҳор сол пеш дар мулоқот бо зиёиён санъати театру киноро башиддат танқид карда гуфт, театру киноҳои имрӯз ба завқи тамошобин мувофиқ нест.

Баъзе аз мутахассисон гуфтанд, ки солҳои охир чанд филми диданӣ ҳам таҳия ва ба бозор бароварда шудааст. Онҳо аз "12 соли интизорӣ", "Паймон", "Сафари ҳавоӣ" ва "Тангно"-ву дигарон ном мебаранд

Филмбардорӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ соли 1929 оғоз шуд. Дар замони Шӯравӣ “Тоҷиккино” бештар аз сад филми бадеӣ ва таърихӣ офаридааст. Филмҳое, ки ҷонибдоронаш “бахше аз таърихи миллат” ва мухолифонаш онҳоро “хилоф ба арзишҳои миллӣ” медонанд.

XS
SM
MD
LG