Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Рамазон дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мешавад


Шӯрои уламои Маркази исломӣ эълон кард, ки Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 15-уми июн таҷлил хоҳад шуд. Ба ин тартиб, дар Рамазони имсола мусалмонони Тоҷикистон 29 рӯз рӯза мегиранд.

Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи ҳафтуми июн далели чунин тасмими Шӯрои уламоро шарҳ дод. Ин ниҳод дар як иттилоия гуфт, “ҳодисаи астрономии “моҳи нав” соати 00:43-и шаби 13 ба 14-уми июн сурат мегирад. Рӯзи 14-уми июн эҳтимоли мушоҳидаи моҳи нав дар уфуқ зиёд аст”.

Бино ба қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон, намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6-и субҳ барпо хоҳад шуд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо аз имом-хатибон хостааст, ки дар мавъизаҳои худ “дар бораи пешгирӣ аз исрофкорӣ” ва “маданияти идгардак” гап зананд.

Соли гузашта Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як муроҷиати расмӣ ба мардум таҳияи дастархони бодабдаба ва “идгардак” ё гаштугузори кӯдакон дар рӯзи Иди Фитрро “хилоф бо шариат ва мазҳаби ҳанафӣ” дониста буд. Аъзои шӯро хостанд, ки дар рӯзи ид мардум фарзандони худро бе назорат нагузоранд.

Ин ягона ниҳоди содиркунандаи фатво иддао кард, ки “идгардак”-и кӯдакон аз як тараф боис ба ташвиши мардум шуда, аз тарафи дигар “ба амният ва саломати онҳо хатар дорад”.

Дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Фитр ҳар хонавода аз субҳи содиқ дастархони худро ороста, дарҳоро боз мегузорад ва ҳар нафари омадаро бо ғизои гарму шириниҳои дастпӯхт зиёфат медиҳад.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.

XS
SM
MD
LG