Баъд аз зуҳри рӯзи душанбеи 26-уми март дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе сабқати гуштии миллӣ барои дарёфти "Ҷоми Пойтахт 2018" баргузор шуд.
Дар ин мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ ҳудуди 30 варзишгар аз шаҳру вилотҳои Тоҷикистон ширкат доштанд. Мусобиқа дар вазнҳои бештар аз 60 килограм миёни варзишгарон сурат гирифт. Ғолиби ҳар даври мусобиқа бо ҷоизаҳои пулии муқарракардаи шаҳрдории Душанбе қадр шуд.
Қабл аз шурӯи мусобиқаи гуштии миллӣ барои дарёфти "Ҷоми Пойтахт 2018" фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор шуд. Дар ин фестивал варзишгарони хурду бузург ҳунари варзишии худ дар бахшҳои мухталифро ба намоиш гузоштанд. Ҳунарнамоии варзишгарони кӯчак ба хусус хеле ҷолиб ба назар мерасид.
Дар идомаи фестивал сабқатии аслии паҳлавонони риштаи гуштии миллӣ баргузор шуд. Дар ин мусобиқа, ки бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе баргузор шуд, ҳудуди 30 варзишгар аз тамоми шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба хусус сабқати варзишгарон тимҳои вилоятҳои Хатлону Бадахшон, инчунин шаҳри Душанбе хеле боҳарорат ҷараён дошт.
Варзишгарон дар ду гилем шурӯъ аз вазни 60 то вазнҳои 90 килоӣ гуштӣ гирифтанд. Ғолиби ҳар давр ба ҷоизаи пулии таъсисдодаи шаҳрдории Душанбе сазовор шуд. Ҳар ғолиби даври аввал бо 300 сомонӣ, даври дуввум 400 сомонӣ ва даври сеюм 500 сомонӣ қадр шуданд.
Ҳамчунин варзишгароне, ки дар вазни худ маҷоми сеюмро ба даст меоранд, соҳиби 1000 сомонӣ, ҷои дуввум 1500 сомонӣ ва ғолибони ҳар вазн бо 3000 сомонӣ мешуданд. Ғолиби сабқати ниҳоӣ ва ё соҳиби шоҳҷоиза бо мошини тамғаи "Мерседес" сазовор мешавад. Сабқати гуштигирон ҳануз идома дорад.