Ҷон Керрӣ, рӯзи сешанбе бо Владимир Путин ва ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар Кремл мулоқоти тӯлонӣ дошт. Оқои Керрӣ умедворӣ кард, ки Русия ва Амрико дар масоиле чун буҳрони Сурия дар паҳлӯи ҳам бошанд:
«Амрико ба ин бовар аст, ки дар робита ба қазияи Сурия, як ришта манофеи муҳими муштарак бо Русия вуҷуд дорад: субот дар минтақа ба тавре, ки ифротиҳо натавонанд дар минтақа ё дар ҷои дигар мушкил эҷод кунанд. Мо ба эъломияи Женева ба як чашм нигоҳ мекунем. Умедворем, ки битавонем ба пешрафт даст биёбем ва бубинем, ки кадом мавқифи муштаракро метавонем рӯи даст бигирем.»
Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунон гуфт, ки Барак Обама ба ин бовар аст, ки Русия ва Амрико метавонанд дар мавориди мухталиф ҳамкорӣ кунанд: «Барак Обама мунтазир аст, ки бо шумо дар иҷлоси сарони ҳашт кишвар дар Ирландия мулоқот кунад ва инро такрор кунад, ки масоили иқтисодӣ, таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ, масъалаи Эрон, Сурия аз масоиле мебошанд, ки ба бовари ӯ, метавонем дар ин маврид ба таври густурда ҳамкорӣ кунем.»
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ин маврид гуфтааст, ки мехоҳад шахсан бо Барак Обама сӯҳбат кунад: «Ман номаи раиси ҷумҳури Амрикоро аз сӯи мушовири амнияти миллии Қасри Сафед дарёфт кардам. Акнун дар мавриди посухи нома кор мекунем. Умедворам, ки шахсан бо Обама дидор намоям. Дар ояндаи наздик ин фурсатро хоҳем ёфт. Дар ҷараёни имсол, ин фурсат чандин бор пайдо хоҳад шуд.»
Вазири умури хориҷии Амрико дирӯз, сешанбеи 7-уми май вориди Маскав шуд. Ин нахустин сафари оқои Керрӣ ба ҳайси вазири умури хориҷии Амрико ба Русия аст.