Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони Помир нашрияи худро надоранд


Дар як ҳамоиши журналистони Бадахшон рӯшан шуд, ки воситаҳои ахбори оммаи ин вилоят дар бораи кӯдакон ва барои онҳо хеле кам менавиштаанд.

Талошҳои рӯзноманигорон дар бозтоби ҳаёти атфол то ҳол ба нокомӣ анҷомидааст. Аз ҷумла, нашрияи ноҳиявии «Сарикол» дар ноҳияи Мурғоб, ки ба забони қирғизӣ чоп мешавад, ягона нашрияе будааст, ки саҳифаи бачагонаи худро таъсис дода, вале ба зудӣ онро бастааст. Сардабири нашрия Султан Парманов мегӯяд: “Саҳифаи «Балдар бетӣ» ба забони қирғизӣ барои бачаҳо таъсис додем, вале мавод набуд, онро бастем.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:20 0:00

Дар баҳси “Васоити ахбори умум ва ҳуқуқи кӯдак», ки дар Хоруғ баргузор гардид, таъкид шуд, набуди нашрияи махсус барои кӯдакон ва беҳавсалагии рӯзноманигорон дар бозтоби ҳаёти атфол сабаби он шудааст, ки як қишри хос ва муҳими аҳолӣ аз ёдҳо берун монад. Аммо сабабҳои дигар низ зикр гаштанд.

Қурбони Аламшо - роҳбари созмони иҷтимоии «Помир-Масмедиа»
Қурбони Аламшо - роҳбари созмони иҷтимоии «Помир-Масмедиа»
Масъулони нашрияҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ шикоят карданд, ки нашрияҳояшон моҳе як бор чоп мешавад ва бинобар тангии имконоти молӣ дасти онҳо ба инъикоси мушкилоти кӯдакон намерасад.

Аммо роҳбари созмони иҷтимоии «Помир-Масмедиа» Қурбони Аламшо заъфи касбии рӯзноманигоронро боиси камтаваҷҷуҳии нашрияҳо ба мушкилоти кӯдакон шумурда, мегӯяд, ки бештари аҳли эҷоди нашрияҳои маҳаллӣ роҳи осони таҳияи маводро интихоб мекунанд ва ба гуногунрангии матолиби худ ҳавасманд нестанд. Вале дар мисоли нашрияи «Пайғоми Рӯшон» вай гуфта метавонад, ки журналистони ҷӯянда барои инъикоси ҳама гуна мушкилот дар саҳифаҳои рӯзномаашон имконият пайдо мекунанд: «Журналист ба иттилои муфт одат кардаст, барои ин бештар аз ҷаласаҳои мақомоти маҳаллӣ менависанд, вале аҳли эҷод метавонанд нашрияашонро рангоранг кунанд ва дар рӯзномаи ноҳиявии «Пайғоми Рӯшон» ҳама мавзӯъро ёфтан мумкин аст, аз ҷумла матолиб дар бораи ҳаёти кӯдакон.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Аммо журналисти телевизиони Бадахшон Алишери Ҷунайд фарҳанги умумии муносибат бо кӯдакро сабаби дур мондани афтол ва мушкилоти онҳо аз мадди назари журналистон мешуморад. Вай гуфт: “Ҷомеа, аз ҷумла журналистон, ба кӯдак бо ҳисси нобоварӣ менигаранд ва кӯдакро шахсият ҳисоб намекунанд ва кӯшиш мекунанд, бештар бо ашхосе ҳамсуҳбат шаванд, ки аллакай дар зиндагӣ мавқеашонро пайдо кардаанд, шинохта шудаанд, ҳарчанд баъзан шояд кӯдак фикрҳои аҷоиберо бигӯяд, ки барои калонсолон хеле мароқангез аст.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:24 0:00
Линки мустақим

Журналистон, ҳамчунин, аз ҳолатҳое ёдовар шуданд, ки волидон монеи муоширати кӯдакашон бо рӯзноманигорон мешаванд. Вале Лайло Нафасшоева, як модар аз Хоруғ, изҳор дошт, ки волидон ба ташвиқи дастоварди бачагонашон манфиатдоранд, лекин дар ҳолатҳое, ки сухан аз мушкилоти кӯдак меравад, шояд ба журналистон камтар алоқамандӣ нишон медиҳанд. Вай афзуд: “Аммо журналистони васоити ахбори маҳаллӣ бештар бо мудирони боғчаҳои бачагона сӯҳбат мекунанд, суруду шеърхониии бачаҳоро дар васфи масалан наврӯз, ваҳдат, сулҳ нишон медиҳанд, вале дар бораи мушкилоти кӯдакон матлаберо надидам.”

Абдувоҳид Маликов - муҳаррири нашрияи кӯдаконаи «Навниҳол»
Абдувоҳид Маликов - муҳаррири нашрияи кӯдаконаи «Навниҳол»
Муҳаррири нашрияи кӯдаконаи «Навниҳол» Абдувоҳид Маликов мегӯяд, ки таъсиси нашрияҳои кӯдакона дар кишвар таҷрибаи нав аст ва айни ҳол вазифаи асосии ин нашрияҳо тарбияи кӯдакон ва боло бурдани завқи бадеии хонандагони хурдсол мебошад. Вале фурсате барои таъсиси чунин нашрия фаро расидааст, ки он ҳам барои хурдсолон ва ҳам калонсолон бошаду мушкилоти кӯдакон дар он бозтоби густардаи ҳаёти хешро ёбанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00
Линки мустақим

Аммо дар ҳоле, ки бачаҳои Помир ҳанӯз нашрияи махсуси худро надоранд, журналистони воситаҳои ахбори минтақа мегӯянд, ки онҳо ба мушкилоти кӯдакон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.

Сабзинаи Саъдшо, журналисти телевизиони Бадахшон, маводи нахустини таҳиянамудаашро ба мушкилоти омадурафти хонандагон аз хона ба мактаб, ки на ҳамеша барои пардохти роҳкирои «Тангем» пул доранду пиёда мемонанд, бахшидааст ва мегӯяд, ки гузоришҳо марбут ба ҳаёти кӯдакон аз ин ба баъд дар навиштаҳояш мақоми сазовор хоҳанд дошт.

Намояндаи мақомоти маҳаллӣ мушкилоти таъсиси нашрияи бачагонаро дар минтақа ба камбуди маблағ иртибот дод. Вале масъулони нашрияҳо изҳор доштанд, ки ба умеди «лаклаки дар ҳаво» нашуда, дар нашрияҳояшон саҳифаҳои бачагона боз мекунанд ва умед доранд, ки бо ёрии мақомот замоне ба таъсиси чунин як нашрия муваффақ хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG