Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори бузурги Теҳрон дарашро боз накард


Бозори бузурги Теҳрон дар эътироз ба вазъияти иқтисодии Эрон ва бесуботии нархи арз имрӯз дарашро боз накардааст.

Хабаргузории "Меҳр" гузориш дода, ки бар асоси тавофуқи суратгирифта, қарор аст, бозор аз рӯзи шанбе ва "бо ҳузури нерӯҳои амниятӣ" бозкушоӣ шавад. Сайти "Калима", наздик ба Мирҳусейн Мусавӣ, аз раҳбарони мухолифини давлат дар гузорише навишт, ки ба таври куллӣ фазои таътил ва торике бар бозор ҳоким аст.

Хабаргузори "Меҳр" мегӯяд, Иттиҳодияҳои синфии Эрон дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи худ гуфтаанд, мушкили аслии онҳо амалкарди давлат аст ва онҳо ҳамчунон ба низому инқилоб пойбанданд. "Меҳр" меафзояд, "ба гуфтаи раҳбарони Иттиҳодияҳои синфӣ, давлат ва вазирони иқтисодӣ бо тасмимгириҳои иштибоҳ, осори харобиоваре бар тани иқтисод бар ҷо гузоштанд."

Бар асоси бархе гузоришҳо, бозори тилои Исфаҳон низ ба ҳолати таътил даромадааст. Хабаргузории кори Эрон рӯзи панҷшанбе дар ин замина гузориш дод, ки тасмим ба таътили ин бозор дар вокуниш ба бесуботии қимати тило ва арз барои ҷилавгирӣ аз зарару зиёни фаъолони ин синф гирифта шудааст.

Қимати навъҳои арзи хориҷӣ ва сикаи тило дар Эрон рӯзҳои охир ҷаҳиши зиёде дошта, баҳои онҳо соат ба соат дар ҳоли тағйир будааст. Бозори Теҳрон дирӯз (севуми октябр) дар пайи саркӯбии саррофони бозори сиёҳи асъор баста шуд.

Шоҳидон ба хабаргузории Ройтерз ва Ассошиайтед Пресс гуфтаанд, пулис бо эътирозгарони аз уфти қурби риёл бахашмомада даргир шуд. Пули миллии Эрон дар як ҳафтаи охир сеяки қурбашро гум кард. Аз аввали сол қурби риёл 80 дарсад коҳиш ёфтааст.

Давлати Эрон саррофонро ба “задан”-и қурби риёл айбдор кард ва гуфт, мақомоти амниятӣ бояд ҷаллобонро дастгир кунанд. Вазорати умури хориҷии Амрико аммо уфти қурби риёлро натиҷаи таҳримоти байналмилалие номид, ки ба маҳзи барномаи баҳсбарангези ҳастаияш алайҳи Эрон ҷорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG