Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон солона 100 ҳазор ҷойи кор меофарад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузорише гуфт, таъсиси ҷойҳои корӣ зиндагии мардумро хуб мекунад, аммо на ҳар ҷойи кор.

Дар ин гузориши бештар аз 200 саҳифаӣ, Бонки Ҷаҳонӣ ба он таваҷҷӯҳ кардааст, ки кадом навъи ҷойҳои корӣ сабаби пешрафти ҷомеа ва кишварҳо мешавад.
"Гузориши Рушди Ҷаҳонӣ" намоёнгари он аст, ки барои беҳбуди зиндагии мардум ва шукуфоии як кишвар танҳо офаридани ҷойи корӣ кофӣ нест, балки муҳим ҷойи кориест, ки ҳосили он барои худи коргару ҷомеа бештар бошад.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, мушкили асосӣ дар кишварҳои фақире ба мисли Тоҷикистон, набуди ҷойи кор нест, балки набуди ҷойи кори дуруст аст, ки музду ҳосили муносиб дошта бошад. Дар Тоҷикистон ҳам кам мебинед, ки касе рӯзи дароз бекору ғарқи хаёл нишаста бошад. Аксарият худро ба чаҳор тараф мезананд, ё ҳадди аққал дар замини хонаи худ кор мекунанд, то хонаводаашон гурусна ва бачаҳояшон аз мактаб намонанд. Аммо аз ин роҳ ба гуфтаи муаллифони гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, наметавон ояндаи сазовореро барои худу фарзандон таъмин кард. Дар ин гузориш омадааст, дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистон, нисфи аҳолии коргар дар хоҷагиҳои каммузди кишоварзӣ кор мекунанд ва худро ба ҳар тарафи дигар низ мезананд, то пули иловагӣ ба даст биёранд.

Ҷамшед Қуддусов, мутахассиси бозори кор дар Тоҷикистон низ мегӯяд, ингуна ҷойи кориро наметавон, ҷойи кор номид: “Ҷойи кор ҳамон вақт таъсисшуда ба ҳисоб меравад, ки як кас соҳиби ҷойи кори дорои музди хуб ва шароити сазовор бошад. Вақте ҷойи коре меофаранд, ки ба касе лозим нест, чӣ ҳоҷат аст ба таъсиси чунин ҷойи кор?"

Ҳукумати Тоҷикистон, ки чанд сол пеш Консепсияи миллии таъсис ва нигаҳдории ҷойҳои корӣ барои солҳои 2008 -2015 қабул карда буд, мегӯяд, тайи 20 соли гузашта тақрибан 1 миллион ҷойҳои навӣ кори офарида шудааст ва аз ин миён 370 ҳазор нафар кори доимӣ доранд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бештар аз ним миллион ҷойҳои кории нав дар 5 соли гузашта ба шарофати таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ пайдо шудааст. Бешак бо таъсиси ширкатҳои мухобиротӣ, корхонаҳои хусусӣ, бонку ширкатҳои мустақил дар Тоҷикистон, даҳҳо ҳазор нафар бо ҷойи кору музди муносиб таъмин шудаанд, аммо садҳо ҳазор тоҷикистонии дигар аст, ки белу каланду деҳқониро монда худро ба Русия мезананд, то ҳадди аққал дар як моҳ 300 ё 400 доллар ба даст биёранд ва аксарияташон ҳам дар сохтмонҳо кор мекунанд ва ё ба кори сиёҳ машғул мешаванд. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҷомеа бештар аз он касбу корҳое баҳра мебарад, ки зиндагиро дар шаҳрҳо беҳтар кунанд, иқтисоди як кишварро бо иқтисоди ҷаҳонӣ бипайванданд, шаҳрвандонро фаъол намоянд ва камбизоатиро коҳиш диҳанд.

Ба гуфтаи Ҷим Ёнг Ким, мудири Бонки Ҷаҳонӣ, ингуна ҷойҳои кориро метавонад бахши хусусӣ офарад, ки муҳаррики иқтисоди ҳар кишвар аст: “Ҷойҳои кории хуб на танҳо барои зиндагӣ лозиманд. Кори хуб инсонро шарафманд мекунад. Мо ошкор кардем, ки ҷойҳои кори хуб, ваҳдати ҷомеаро қавитар мекунанд. Ҳукуматҳо кори зиёде метавонанд, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна анҷом диҳанд, ки ҳамин бахш ҷойҳои кориеро таъсис диҳанд, ки мардум онро мехоҳанд ва ба он зарурат доранд. “

Бино ба иттилои расмӣ, солона дар Тоҷикистон тақрибан 100 ҳазор ҷойи корӣ офарида мешавад, ки бештар аз нисфи он аз бахши хусусӣ аст. Ҷамшед Қуддусов мегӯяд, ин омор ҳақиқат надорад, вале меафзояд дар воқеъ ҳукумат метавонад бо андаке ғамхорӣ дар ҳаққи бахши хусусӣ ҷавонони муштоқи корро ба орзуяшон бирасонад. Ба гуфтаи Ҷамшед Қуддусов, кодекси андози нав, ки чанде пеш қабул шуд, метавонад дар ин замина кӯмак кунад, зеро имтиёзҳои зиёде ба бахши хусусӣ додааст.

Аммо мегӯяд ӯ, танҳо дар сурати иҷрои дурусти кодекс ва муҳимтар аз ҳама маҳви ришвахорӣ дар Тоҷикистон, ки ҷони соҳибкорони тоҷикро ба лабашон овардааст, соҳибкории хусусӣ рушд хоҳад кард ва роҳ барои офаридани ҷойҳои кории муносиб васеътар хоҳад шуд. Бе решакан кардани ришвахорӣ ва ислоҳи шароити тарсноки сармоягузорӣ, ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини лашкари азими ҷавонони бекор оҷиз хоҳад монд, ки ба пешбинии худи мутахассисони тоҷик теъдоди онҳо то соли се соли оянда ба 4 миллиону 500 ҳазор нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG