Зоҳиран, бозору фурӯшгоҳҳои Душанбе сол то сол анвои моли худро ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ мувофиқ мекунанд. Аммо бозори “Корвон” ҳамоно ба ҳайси ҷое боқӣ мемонад, ки бисёриҳо дар ҷустуҷӯи моли арзон ба он ҷо меоянд. Дар ҳоле ки ба оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор мондааст, ин бозор аз ҳарвақта пуродамтар аст.
Холаи Ҳабиба низ бо ду фарзандаш аз ноҳияи Ҳисор барои хариди либоси мактабӣ ба ин бозор омадааст. Шавҳари ӯ, ки бо писари калонаш дар Русия муҳоҷиранд, барои харидани сару либоси мактабӣ ба вай 200 доллари амрикоӣ фиристодаанд. Ӯ мегӯяд, "барои хариди либоси як фарзандам 100 доллар харҷ кардам, аммо ҳоло ҳам баъзе чизҳо нарасид. Ҳама чиз, либос пойафзол, дафтару қалам аз соли гузашта дида гарон шудааст."
Холаи Ҳабиба аз растаҳои чаканафурӯшии бозори "Корвон" ба фарзандонаш либос мехарид, ки дар ин растаҳо ҷиҳози нисбатан арзони пастсифат фурӯхта мешавад. Падару модарон дар се раста харид мекунанд. Растае барои дороён, қишри миёнҳол ва нодор. Агар волидайн дар растаҳои миёнаи бозори "Корвон" ба суоли мо ки чанд пул барои харидории либоси мактабии фарзандатон харҷ кардед, аз сесад сомонӣ то панҷсад сомонӣ ҷавоб медоданд. Дар растаҳои барои дороён рақамҳои ба маротиб зиёдро мешунидем.
Холбибӣ, як ҷавонзан, ки дар фурӯшгоҳи "Элегант"-и бозори "Корвон" ҳамроҳи ҳамсараш барои духтарашон Ҳуснияи ҳафтсола либос интихоб мекард, дар мавриди харҷи лисбосҳои фарзандаш гуфт: "Фикр мекунам, барои харидории лисбоҳои духтаромон аз 300 доллар то 400 доллари амрикоӣ харҷ шавад. Масалан, ҳоло танҳо як портфел харидем, ки 300 сомонӣ қимат дорад."
Гаштугузори мо дар ин бозор нишон дод, ки пухаридортарин либос дар бозор ба ғайр аз ҷӯробу таҳпӯшҳо галстук аст. Чунки дар ҳама макотиби Тоҷикистон доштани галстук барои писарон ҳатмист. Носир Ҳомидов, як фурӯшандаи солманди бозори "Корвон", ки дар қатори дигар лисбоҳо галстук мефурӯхт, гуфт, ба фарқ аз солҳои гузашта имсол дар бозор харидорон камтаранд: "Нисбат ба солҳои қаблӣ харидорон хеле каманд. Мо ин маҳсулотро аз хориҷа ба Тоҷикистон меорем. Масалан, дар болои нархи ҳар галстук ду сомонӣ изофа карда, мефурӯшам. Хайрият, мардум аз Русия ба фарзандонашон пул мефиристанду онҳо либос мехаранд. Вагарна бо маоши худамон ҳеҷ кас иқтидори либосхарӣ пайдо намекунанд."
Ба ғайр аз бозори "Корвон" мо аз бозори "Саховат" ва фурӯшгоҳи "Садбарг"-и пойтахт дидан кардем, ки растаҳояшон қариб холӣ ба назар мерасиданд. Аҳён –аҳён волидайни хушсарулибос дар растаҳо сайр мекарданд ва ҳар либосе, ки ба он фарзандашон ишора кунад, бидуни аҳмият ба нархаш харидорӣ мекарданд. Аммо талошҳои мо барои дарёфти моли истеҳсоли Тоҷикистон бар абас рафт. Аз ҳама бештар дар бозорҳо молҳои истеҳсоли Чин, Қирғизистон, Туркия ва Амороти муттаҳидаи Араб ба чашм мехӯрданд.
Вале дар ҳамин ҳол чанд корхонаи ангуштшумори нассоҷии пойтахт, аз қабили "Ҷамъияти истеҳсолии нассоҷии тоҷик", мавсум ба "Текстил" ва ширкати "Ёқут" молҳои истеҳсолӣ ва ё дӯхти худро дар мағозаҳои хоси хеш ба фурӯш гузоштаанд, ки харидорони зиёде надошт.