Сӯхтор дар маркази ба номи Ҳайдар Алиев
Линки мустақим
Хадамоти сӯхторхомӯшкунии Озарбойҷон рӯзи ҷумъа талош доштанд оташеро, ки дар Маркази Ҳайдар Алиев дар шарҳи Боку сар зад, хомӯш кунанд. Вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҳалли сӯхтор 10 мошин кор мекунанд. Маркази ба номи Ҳайдар Алиев ба ифтихори раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар ва падари президенти амалкунанда Илҳом Алиев гузошта шуда, моҳи маи соли ҷорӣ ифтитоҳ шуд. Барои бунёди ин марказ садҳо миллион доллар сарф шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби сар задани сӯхтор чӣ будааст.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир