Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лото" баргузор нашуд, пулро кӣ бармегардонад?


Садҳо сокини Суғд, ки билети "Лотои калони тоҷикӣ"-ро харидаанд, аз баргузор нашудани даври навбатии бозӣ ва барбод рафтани маблағҳояшон нигаронанд.

Масъулони ширкати "Торино" дар Хуҷанд, ки 46 навбат сокинонро ба бурди 150 ҳазор сомонӣ бо билети арзишаш 3 сомонӣ тарғиб мекард, дафтари худро қуфл заданд ва ба зангҳои сокинон посух намедиҳанд.

Як хонуме, ки дар бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд ба фурӯши билети лото машғул буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба дунболи барпо нашудани даври охирин дар санаи 17-уми апрел, масъулони лото дарҳол билетҳои фурӯширо аз тамоми фурӯшгоҳҳо ҷамъ оварданд: "Онҳо гуфтанд, шахсоне, ки билет харидаанд, дар давоми як ҳафта пули худро мегиранд. Баъзеҳо рафта гирифтанд. Аммо баъзеҳо дер карданд, акнун масъулони лотои калонро ёфта наметавонанд, дари "оффис"-ашон қулф, телефонҳояшон ҷавоб намедиҳад. Омада ба мо сахт мегӯянд, ки "шумо билет фурӯхтед, пуламро ёфта диҳед."

Дар воқеъ, телефони дафтар (оффис)-и ширкати "Торино" дар Хуҷанд дар баробари зангҳои мо низ хомӯш буд. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, як сокини Конибодом, мегӯяд, нафаре аз сокинон ҷиҳати дарёфти маблағҳои сӯхтаи худ аз баргузоркунандагони бозии "Лотои калони тоҷикӣ" ба додситонии ин маҳал муроҷиат кардааст: "Худам аз дӯкони рӯзномафурӯшӣ қариб 100 дона фурӯхта будам. Бисёриҳо пулашонро нагирифтаанд. Ба гирифтани 3 ё 6 сомонӣ кас 30-40 сомонӣ сарф карда, маркази вилоят рафта намебиёяд."

Дар бораи қатъи фаъолияти асроромези ширкати "Торино", ки тӯли чанд соли охир ҳар даври бозии "Лотои калони тоҷикӣ"-ро ба воситаи шабакаи телевизиони маҳаллӣ намоиш медод, сокинон фарзияву тахминҳои гуногун баён мекунанд. Бархе мегӯянд, кадом ниҳоди давлатие дар фаъолияти ширкат камбудҳои ҷиддии молӣ ошкор карда, кори он то анҷоми тафтиш муваққатан қатъ шудааст. Ба гуфтаи бархе дигар, ширкати мазкур худро муфлис эълон карда, ба кори худ хотима бахшидааст.

Барои фаҳмидани асли қазия, ки чаро даври навбатии "Лотои калони тоҷикӣ" баргузор нашуд ва пули билетҳоро кӣ бармегардонад, ба масъулони Оҷонси зидди фасод, додситонӣ ва идораи умури дохилии вилояти Суғд, ки аз лото ва анвои дигари қиморбозӣ назорат мебаранд, муроҷиат кардем. Масъулони раёсати Оҷонси зидди фасод ва додситонии вилояти Суғд гуфтанд, аз ҷониби ин ниҳодҳо ҳеҷ гуна тафтиши фаъолияти ширкати "Торино" роҳандозӣ нашуда ва дар қатъи фаъолияти ширкати мазкур даст надоранд.

Самадҷон Мараҷабов, сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Идораи умури дохилии Суғд, гуфт: "Ширкати "Лотои калони тоҷикӣ" худашро "бонкрот" эълон кардааст. Барои ҳамин фаъолияташро қатъ карда ва ба дари "оффис"-аш қуфл задааст." Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, онҳо ба бозрасии ин қазия машғуланд, ки чаро маблағҳои харидорони даври охири "Лотои калони тоҷикӣ" пурра баргардонида нашудааст.
XS
SM
MD
LG