Ин мусобиқа барои муштзанҳои Осиё охирин имкони ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 маҳсуб мешавад. Мусобиқа бо ширкати варзишгарони 28 кишвар дар пойтахти Қазоқистон то рӯзи 12-уми апрел идома хоҳад кард. 131 муштзан (боксчӣ) барои 25 роҳхати олимпӣ талош меварзанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон чунин аст: Асрор Воҳидов (49 кг), Сафовиддин Юсуфӣ (52кг), Мададӣ Нағзибеков (60 кг), Назири Пиракӣ (64 кг), Наврӯз Ҷафоев (69 кг), Собирҷон Назаров (75 кг), Ҷаҳон Қурбонов (81 кг), Диловаршо Абдураҳмонов (91 кг), Меҳроҷиддин Каримов ( +91 кг).
То имрӯз танҳо як муштзани тоҷик – Анвар Юнусов роҳхати олимпӣ ба даст овардааст. Ӯ порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 54 килограмм ҷойи севумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон мушарраф шудааст.