Бошгоҳи “Динамо” дар сабқати ҷавобии ниманиҳоӣ бар тими “Остона Арланс”-и Қазоқистон” бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад.
Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, дар рақобатҳо дар вазни то 54 килограмм бар Рафиқҷон Султонов дастболо шуд.
Баъди панҷ раунд ҳарсе довар Анвар Юнусовро ғолиб донистанд.
Сабқати аввали ин ду бошгоҳ дар Қазоқистон бо пирӯзии “Остона Арланс” бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфта буд. Ба ин тартиб аз рӯи натиҷагирии ду даври бозиҳои ниманиҳоӣ “Динамо” бо ҳисоби умумии 7:3 ғолиб шуд ва ба финал баромад.
“Динамо” дар даври ниҳоӣ рӯзи 2-юми май бо бошгоҳи “Dolce & Gabbana Milano Thunder”-и Итолиё қувваозмоӣ хоҳад кард. Итолиёвиҳо дар даври
ниманиҳоӣ бошгоҳи “Baku Fires”-и Озарбойҷонро бо ҳисоби умумии 7:3 (2:3, 5:0) шикаст доданд.