Ин намоишномаро театри мусиқӣ-драмавии ба номи Камоли шаҳри Хуҷанд дар солҳои 2006-2008 рӯи саҳна оварда буд ва акнун муаллифи он аз театри тоҷик даъвои ҳаққи қалам дорад.
Мирзоғанӣ Мирзорашидов, мудири театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ мегӯяд, дар пайи даъвои драматурги узбак, театраш омода аст дар наздиктарин фурсат ҳаққи қалами ӯро пардохт кунад. Вай афзуд, ки намоишномаи мазҳакии «Панҷ зани Афандӣ», ки маҳсули қалами драмнависи узбак Саид Аҳмад аст, аз ҷониби саркоргардони театри мазкур Сайрам Исоева давоми солҳои 2007-2008 чор-панҷ маротиба рӯи саҳна омада буд.
Набӣ Пояндаев, намояндаи Оҷонси ҳифзи ҳуқуқи муаллифи Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, адиби Узбакистон ба ниҳоди дахлдори кишвари худ ва он ба навбати худ он даъворо ба вазорати фарҳанги Тоҷикистон пеш овардааст. Вай афзуд, ин қазия аз сӯи Оҷонси ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар Тоҷикистон мавриди бозбинии ҷиддӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи вай, аз рӯи аснод муайян шудааст, ки аз спектакли «Панҷ зани Афандӣ» ба хазинаи театри Камол ҳудуди 2.5 ҳазор сомонӣ даромад ворид гардида, 8 дар сади он ба муаллиф ба ҳайси ҳаққи қалам пардохта хоҳад шуд. Ҷаноби Пояндаев афзуд, тайи беш аз 15 соли баъд аз пошхӯрии шӯравӣ, аз он ки мушкилоти молӣ гиребонгири театрҳои тоҷик аст, мавзӯи пардохти ҳаққи қалам ба муаллифони намоишномаҳое, ки рӯи саҳна гузошта мешавад, нодида гирифта мешуд. Аммо бо беҳтар шудани вазъи молии театрҳои тоҷик, аз чор сол пеш намояндагии Оҷонси ҳифзи ҳуқуқи муаллиф билохира ба ҳалли ин мушкил даст ёфт.
Ба маълумоти намояндагии Оҷонси ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар Хуҷанд, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 13.5 дар сади маблағи даромад аз фурӯши билетҳои намоишнома ба муаллифу ба саҳнагузорандагони асар дода мешавад. Аз ин ҳисса 8 дарсад ба муаллифи намоишнома, 3 дарсад ба коргардон, 2 фоиз ба оҳангсоз ва ним фоиз ба рассоми ороишгари саҳна пардохта мешавад.
Аммо ходимони тетарҳои тоҷик мегӯянд, чун дар Тоҷикистон нархи билети намоишномаи театр баланд нест, масалан, билети нахустнамоишҳои театри Хуҷанд ҳамагӣ 3 - 5 сомонӣ арзиш доранд, ба ин ҷиҳат муаллифи намоишномаву рӯи саҳнаовардандагон ҳам ҳаққуззаҳмаи зиёд дарёфт намекунанд.
Ба гуфтаи оқои Пояндаев, театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба муаллифону ба саҳнагузорандагони спектаклу дигар намоишҳо беш аз 20 ҳазор сомонӣ, муодили 4 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кардааст.