Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт барои дуздӣ. Дар Шарҷа, на дар Тоҷикистон


Пулиси Иморати Муттаҳидаи Араб мегӯяд, ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Афғонистонро ба иттиҳоми дуздии ашёи қиматбаҳо аз дохили мошинҳо ва ҳамчунин фурӯши машрубот боздошт кардааст.

Сомонаи Gulfnews бо такя ба як манбаъ дар пулиси Шарҷа менависад, ки ин афрод рӯзи шанбе боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи манбаи мазкур, яке аз ин афрод бар асоси шикояти яке бошандагон дастгир шудааст, ки аз дуздии 4800 дирам ва телефони дастии худ хабар дода буд. Ба дунбол, нерӯҳои пулиси Шарҷа муваффақ шудаанд тайи як амалиёти вижа ин шахсро, ки дар ҷиноятҳои дигар низ даст доштааст, боздошт намоянд.

Дар ҳамин ҳол пулиси Шарҷа гумонбаршудаи дигарро, ки дар мошини худ миқдори зиёди машрубот ҳамл мекард ва ба гуфтаи пулис, нияти фурӯхтани онро дошт, дастгир намудааст.

Дар ҷараёни тафтиш гумонбаршуда, ки шаҳрванди Афғонистон мебошад, иқрор кардааст, ки миқдори зиёде аз ашёи қиматбаҳоро низ аз дохили мошинҳо ба яғмо бурдааст.

Дар ҳоли ҳозир додситонии Шарҷа қазияро тафтиш мекунад.
XS
SM
MD
LG