Аммо қозии парванда гуфт, бар асоси Қонуни афв се сол аз мӯҳлати зиндони ҷаноби Муҳаммадиев кам шуда, ӯ 9 соли умрашро дар зиндон паси сар хоҳад кард.
Масъулони додгоҳ мегӯянд, Бахтиёр Муҳаммадиев, раҳбари намояндагии ширкати “TVI Express” дар Хуҷанд бо роҳандозии тиҷорати шабакавӣ 650 ҳазор сомонӣ маблағи сокинонро аз худ карда, ҳамзамон аз пардохти тақрибан 400 ҳазор сомонӣ маблағи андоз сарпечӣ намудааст.
Муҳаммадиев дар маҷмӯъ аз сӯи додгоҳ бар пояии 8 банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ба монанди “қаллобӣ”, “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин”, “роҳандозии амалиёти бонкӣ бидуни сабти ном ё иҷозаномаи махсус”, “саркашӣ аз супурдани андоз аз шахсони ҳуқуқӣ” гунаҳкор эълон шуд.
“РАҲО КУНЕД, ПУЛҲОРО БАРМЕГАРДОНАМ”
Аммо маҳкумшуда гунаҳкор будани худ танҳо ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва қисман барои напардохтани андозро эътироф кард ва аз додгоҳ хост, то ӯро раҳо кунад. Вай илова кард, ки пас аз раҳоӣ, бо ёрии пайвандону дӯстон маблағҳои аздастдодаи даъвогаронро бар хоҳад гардонд.
Зебӣ Муҳаммадиева, модари Бахтиёр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои бозбинии ҳукми писараш талош мекунанд ва аз ҳоло ба додгоҳи вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ бурдаанд.
Ба гуфтаи хонум Муҳаммадиева, Бахтиёр пас аз фавти падараш саробонии модару хоҳар ва модаркалони пиру беморашро бар дӯши худ гирифт. Вай аз рӯи ихтисоси худ ҷойи кор пайдо карда натавониста, раҳбарии намояндагии ширкати “TVI Express”- ро бар дӯш гирифта буд.
“ПУЛБОЗӢ” ВА “БОЗИГАРОН”-И НОКОМ
Аз рӯи қоидаи ин “пулбозӣ”, ҳар иштироккунанда ба хазинаи ширкат 270 доллар пардохт мекард, сипас, барои бозпас гирифтани маблағи аслии худ ба ҷалби 7 нафари дигар ба ин “бозӣ” талош мекард.
Дар сурати даъвати 50 нафар, “бозигар”-ро 10 ҳазор доллар ва роҳхат ба саёҳати арзон ба гӯшаву канори ҷаҳон мунтазир буд. Вале дар ин бозии машкук бахт ба рӯи қисми зиёди бозигарон нахандид ва онҳо, ки пули зиёдашонро аз даст дода буданд, ба додситонӣ шикоят бурданд. Дар пайи чунин шикоятҳои мардуми ба қавле ҷабрдида, додситонӣ раҳбари намояндагии ширкати “TVI Express” дар Хуҷанд Бахтиёр Муҳаммадиевро боздошт кард.
Юсуф Раҳмонов, додситони Суғд қаблан дар як сӯҳбати худ дар ин бора чунин гуфта буд: “Намояндагони ин ширкат зиёда аз 2 ҳазор нафарро дар Хуҷанду Панҷакенту Душанбе фиреб карда, маблағҳои онҳоро аз худ кардаанд. Худашон гуфта наметавонанд, ки ба чӣ машғуланд, мақсадашон чӣ аст. Гоҳ мегӯянд, ки мақсадашон ташкили саёҳати бепул буд, гоҳе мегӯянд, касе, ки бисёр одам ҷалб мекард, маблағ бурд мекард.”
ҚАЛЛОБ Ё СОҲИБКОРИ ХУБ?
Бахтиёр Муҳаммадиев, раҳбари намояндагии ширкати “TVI Express” дар Хуҷанд 23 сол син дошта ва хатмкардаи бахши телекоммукникатсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст.
Бархе аз сокинон дар бораи фарҷоми фаъолияти вай бо таассуф ҳарф мезананд ва мегӯянд, ҷавонию бетаҷрибагӣ ва ҳаваси зуд ва роҳи осон сарватманд шудан кори ӯро ба куҷо кашид. Гурӯҳи дигар, ки тавассути Бахтиёр соҳиби маблағеву сармояе шудаанд, ӯро “инсон ва соҳибкори хуб” меноманд.
Сайёҳат Ҳомидова, сокини Хуҷанд, аз ҷумлаи чунин афрод аст, ки мегӯяд, иштирок дар бозӣ ихтиёрӣ буд ва аксариятро ишқу ҳаваси пулёбӣ ба ҳам овард ва акнун, танҳо Бахтиёрро гунаҳкор кардан ва дар сари ӯ чормағз шикастан дуруст нест: “Ман аз аввалинҳо шуда, бо 270 доллар ҳамроҳ шудам. Баъд ду ҳамкораму онҳо дигаронро, ҳамин тавр, касони бисёрро ҷалб кардем. Ба номи ман 10 ҳазор доллар баромад.”
Бархе иштирокдорони тиҷоратии шабакавӣ, ки замоне аз болои Бахтиёр Муҳаммадиев шикоят карда ва хостори бозгардонии маблағи худ буданд, ҳоло ба дарёфти маблағҳои бовар надоранд. Зеро пас аз ҳабси раҳбараш, аҳроми намояндагии ширкати “TVI Express” дар Хуҷанд аз ҳам пошид ва дигар касе аз масъулони он ҷуброни маблағҳои “гумшуда”-и сокинонро бар дӯш нагирифтааст.