Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯҳфаи президент Раҳмон ба Анвар Юнусов


Анвар Юнусов, муштзани тоҷик (аз тарафи рост)
Анвар Юнусов, муштзани тоҷик (аз тарафи рост)

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи як маҷмаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе ба Анвар Юнусов, муштзани тоҷик мошини сабукрав тақдим кард.

Анвар Юнусов ҳафтаи гузашта дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку, маркази Озарбойҷон, соҳиби медали биринҷӣ шуд ва ҳамзамон роҳхат ба Олимпиадаи Лондон–2012-ро ба даст овард.

Дар ҳоли ҳозир Анвар Юнусов пас аз Дилшод Назаров, раҳбари Федератсиюни варзишҳои сабук ва гуразандози маъруфи тоҷик, дуввумин варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 шудааст. Вай соли 2008 низ дар бозиҳои олимпии Пекини Чин ширкат дошт.

Ин муштзани тоҷик, ки ҳамагӣ 24 сол син дорад, моҳи августи соли ҷорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Куриёи Ҷанубӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд.

ДАР НАВОРИ ЗЕР: Пирӯзии Анвар Юнусов бар қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2007 Сергей Водопянов. Боку, Озарбойҷон, 2011



Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ҳангоми ифтитоҳи як маҷмаи нави варзишӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе варзишгарони кишварро "ба фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар ва парафшон кардани парчами Тоҷикистон дар арсаҳои минтақа ва ҷаҳон" даъват намудаст.

Бино ба қавли ин манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки дар 5 соли оянда танҳо аз ҳисоби буҷаи кишвар барои муҳайё намудани шароити муосири тамрин барои варзишгарон 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

“Аз варзишгарон танҳо машқу тамрин, ҳунарнамоии олӣ ва фатҳу зафар талаб карда мешавад”,-изҳор доштааст оқои Раҳмон.
XS
SM
MD
LG