Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони САҲА ба мурофиаи Исмоилов раҳ наёфтанд


Исмоилов дар пушти милаҳои зиндон
Исмоилов дар пушти милаҳои зиндон

Мурофиаи парвандаи рӯзноманигор М.Исмоилов рӯзи ҷумъаи 16-уми сентябр дар Хуҷанд паси дарҳои баста ҷараён гирифт.

Гурӯҳи хабарнигорон ва намояндагони дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Хуҷанд ба толор раҳ наёфтанд.

Баъд аз анҷоми мурофиа Саодат Атаева, раиси додгоҳи шаҳри Табошар, масъули бозбинии додгоҳии парвандаи Исмоилов аз ҷониби вай раҳ дода нашудани хабарнигорон ба толори мурофиаро ба сабаби банд будани ягона толори СИЗО-и рақами 2 ва дар утоқи танг баргузор шудани мурофиа маънидод кард. Ҳамчунин хонум-Атаева рӯйхати хабарнигоронро омода ва бо муҳр ба боздоштгоҳи муваққатӣ пешниҳод накардааст.

БАҲОНАИ АЗ ҚАБЛ ТАРҲРЕЗИШУДА?

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи Исмоилов инро танҳо баҳонае аз қабл тарҳрезишуда барои бидуни иштироки ҳамкасбонаш муҳокима кардани парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов хонд: «Ба назари ман, интихоб кардани толори
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи Исмоилов

боздоштгоҳи муваққат барои мурофиа ба хотири маҳдудият эҷод кардан барои иштироки хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар додгоҳи Исмоилов аст. Дар ҳоле, ки раиси мурофиа метавонист толори додгоҳи Ашт, Табошар ё шаҳри Хуҷандро интихоб кунад.»

"ХУЛОСАИ ТАШХИСИ ЗАБОНИРО ҚАБУЛ НАДОРАМ"


Моҳи июн додгоҳ се мақолаи Исмоиловро барои ташхиси забонӣ ба пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики шаҳри Душанбе фиристода, мурофиаро мавқуф гузошта буд. Инак, хулосаи ташхиси забонии мақолаҳои Исмоилов аз ҷониби пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики шаҳри Душанбе дар ихтиёри додгоҳ гузошта шудааст. Вале хонум-Ҷӯраева гуфт, онро қабул надорад: «Дар хулосаи пажӯҳишгоҳи мазкур омадааст, ки гӯё дар мақолаҳои Исмоилов оҳангҳои барангезиши маҳалгароӣ ва тӯҳмату таҳқир нисбат ба собиқ муовини аввали раиси ноҳия, ки аз ӯ дар як мақолаи зерҳимояам ба унвони «командири баталён» ном бурда шудааст, ба назар мерасад. Агар ин хулоса ба асос гирифта шавад, пас аз ин дар Тоҷикистон чоп кардани ягон мақолаи танқидӣ мумкин нест.»

ДАҲ МОҲ ДАР ЗИНДОН


Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи «Нури зиндагӣ» аз моҳи ноябри соли гузаштаи 2010, аз замони боз шудани парвандааш то ҳол дар маҳбас нигаҳдорӣ

мешавад. Гурӯҳе аз мансабдорони ноҳияи Ашт дар пайи чопи чанд мақолаи танқидии Исмоилов ӯро бо даъвои тӯҳмат (135), таҳқир(136), маҳалгароӣ(189, қ.1), тамаъҷӯӣ(250,қ.2) ба маҳбас кашида буданд. Аммо дар муддати беш аз 10 моҳи таҳқиқ иттиҳомоти алайҳи Исмоилов исбот нашуд.

Мавлуда Рафиева, хабарнигори нашрияи «Азиа Плюс», ҳамзамон намояндаи иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, паси панҷара нигаҳ доштани Исмоилов ва роҳ надодани гурӯҳи хабарнигорон ба толори мурофиаи Исмоилов як амр ба хотири маҳдуд кардани озодии баён ва бастани даҳони журналистон аст.

Ба далели собит нашудани иттиҳомот ва ҳамчунин бемор ва корношоями дараҷаи 3 будани Муҳаммадюсуф Исмоилов, вакили дифои вай-Муҳаббат Ҷӯраева аз додгоҳ дархост кард, зерҳимояаш замони мурофиа аз маҳбас раҳо карда шавад. Вале додгоҳ ин тақозои ӯро бо далели вазнин будани иттиҳомоти бар зидди Исмоилов рад кардааст.
XS
SM
MD
LG