Нахустин рӯзи муҳокимаи парвандаи хабарнигори Би-би-сӣ, Урунбой Усмонов, дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Дар ин рӯз хулосаи айбдорӣ аз сӯи Назир Абдураҳимов, намояндаи
Додситонии вилояти Суғд шунида шуд.
Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ барои иртибот ҳизби мамнӯъи мазҳабӣ дар Тоҷикистон -- Ҳизбуттаҳрир айбдор дониста мешавад.
Ба қавли мақомҳои додгоҳӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар як соли ахир бо чанд узви Ҳизбуттаҳрир мулоқот ва аз як узви он маҷаллаи "Субҳи хилофат", нашрияи ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъро дастрас намуда ва дар ин бора ба мақомот хабар надодааст.
Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ зимни суханронӣ дар ин мурофиа иртиботаш бо Ҳизбуттаҳрирро рад кард ва худро бегуноҳ
хонд. Вай гуфт, сӯҳбатҳояш бо чанд аъзои Ҳизбуттаҳрир ва дарёфти як маҷаллаи ин ҳизби мамнӯъ дар пайи фаъолиятҳои касбиаш сурат гирифтааст, на аз рӯи таваҷҷӯҳу иртиботаш бо ин ҳизб.
Аммо чаҳор нафаре, ки барои иртиботбо Ҳизбуттаҳрир муттаҳм мешаванд ва мурофиаи онҳо низ якҷоя бо Урунбой Усмонов сурат гирифт, баён доштанд, ки Усмоновро чун узви Ҳизбуттаҳрир намешиносанд. Танҳо яке аз онҳо -- Яҳё Раҳмонхоҷаев, ба гуфтаи худаш, бо хабарнигори Би-би-сӣ дар коргоҳи ӯ мулоқот карда ва ба ӯ маҷаллаи "Субҳи хилофат"-ро додааст.
Ин чаҳор айбдоршаванда узвияти худ дар Ҳизбуттаҳрирро тасдиқ карданд. Онҳо танҳо воқеият надоштани бархе аъмолро, ки ҷониби айбдоркунанда ба онҳо иртибот медиҳад, баён доштанд. Ин чаҳор нафар Абдунабӣ Абдулқодиров, Яҳёхон Раҳмонхоҷаев, Талъат Мавлонов ва Иброҳимбек Маҳмудов мебошанд, ки дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт шудаанд.
Муҳокимаи парвандаи хабарнигори Би-би-сӣ, Урунбой Усмонов, қарор буд субҳи рӯзи 16-уми август дар толори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва бо дарҳои боз баргузор шавад. Аммо додгоҳ онро дар боздоштгоҳи муваққати рақами 2- и шаҳри Хуҷанд баргузор кард.
Вакилони мудофеи Усмонов мегӯянд, мақомот талош карданд, то ин муҳокима дар доираи маҳдуд баргузор бишавад. Дар зимн, ба толори додгоҳ ба ҷуз вакилони мудофеъ танҳо 3 хабарнигор ва он ҳам бо талоши зиёд ворид гаштем.
Хабарнигори Би-би-сӣ рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ ва ифротгарои Ҳизбуттаҳрир боздошт шуда ва пас аз тақрибан як моҳ шартан аз боздоштгоҳ раҳо гардид. Чаҳор нафари дигари парвандаи вай низ дар аввали моҳи июн аз ҷониби кормандони интизомиву амничятӣ дастгир шудаанд.
Боздошти Усмонов вокунишҳои байнулмилалро дар пай дошт ва ҳамкорони вай дар дафтари марказии Би-би-сӣ дар Лондон чанд бор дар рӯ ба рӯи сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ба нишони эътироз ва ба ҳадафи озодии вай таҷаммӯъ карданд.
Урунбой Усмонов, ки беш аз 10 соли ахир ба унвони хабарнигори бахши Осиёи Марказии радиои Би-би-сӣ дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, фаъолият мекунад, 59 сол дорад. Вай раҳбарии бахши адабиёти узбакӣ дар Иттиҳоди нависандагони вилояти Суғдро низ ӯҳда дорад.
Бештар бихонед:
Хонаводаи Усмонов аз президент хостори бегуноҳ эътироф шудани падарашон шудааст
Истиқболи сафорати Амрико аз озодии У.Усмонов
Соате бо Урунбой Усмонов дар манзили ӯ
Озодии “нотамом”-и Урунбой Усмонов
Ф.Воҳидова: "Рабти Усмонов ба Ҳизб-ут-таҳрир инкор шуд."
Танҳо яке аз онҳо -- Яҳё Раҳмонхоҷаев, ба гуфтаи худаш, бо хабарнигори Би-би-сӣ дар коргоҳи ӯ мулоқот карда ва ба ӯ маҷаллаи "Субҳи хилофат"-ро додааст...