Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳрумияти хабарнигор Усмонов аз ҳимояти ҳуқуқӣ


Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи ББС
Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи ББС

Ба вакили мудофеи хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ иҷозаи мулоқот бо зерҳимояаш дода нашудааст.

Рӯзи ҷумъа Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Урунбой Усмонов, ки дар боздоштгоҳи раёсати амнияти Хуҷанд қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз соати 10-и субҳ то поёни рӯз пушти дари боздоштгоҳи муваққатии Раёсати амнияти вилояти Суғд воқеъ дар Хуҷанд интизори мулоқот истода буд, вале ба ӯ имкони вуруд ба боздоштгоҳ дода нашудааст.

Дар бораи сабаби ин ҳолат хонуми Воҳидова мегӯяд: "Ба ман мулоқот муяссар нашуд, зеро рӯзи сеюм аст, ки гӯё муфаттиш бо дигар амалиёти тафтишотӣ дар дигар ноҳияҳои вилояти Суғд машғул аст ва бе ӯ ин мулоқот номумкин аст. Аллакай сар аз 15-уми июн ба ҳабси ӯ иҷозаи расмӣ дода шудааст."

Суол: Яъне бо ҳукми додгоҳ?

Файзиниссо Воҳидова: "Бале ҳукми додгоҳ аст, ки аз 15-уми июн чораи ҳабси пешакӣ барои муддати 2 моҳ татбиқ гардидааст. Ва инчунин, азбаски худи гумонбар Усмонов ба тариқи хаттӣ аз хидмати вакил даст кашидааст, мақомоти татфишот барои таъмин намудани ӯ бо адвокат ягон чора наандешидаанд."

Суол: Шумо бо муфаттиши парванда сӯҳбат доштед? Хабарнигори Би-Би-Сӣ ба чӣ айбдор мешавад?

Файзиниссо Воҳидова: "Бале, ман бо муфаттиши парванда сӯҳбат доштам ва ӯ иброз дошт, ки хабарнигор барои шомил шудан ба иттиҳоди ҷиноии ифротгаро, яъне "Ҳизби таҳрир" айбдор шудааст ва гӯё айбномаи ӯ бо фаъолияти касбии журналистияш вобастагӣ дорад."

Суол: Вале ба назари Шумо, сабаб чист, ки намегузоранд, бо зерҳимоятатон мулоқот кунед?

Файзиниссо Воҳидова: "Ба назари ман ва бино бар он иттилое, ки дар даст дорам, муфаттиш баҳона пеш овардааст, ки ӯ бо дигар амалиёти тафтишотӣ дар дигар ноҳияҳо машғул аст, лекин ман фикр мекунам, ки аз он рӯзе ки ман ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод кардам, муфаттиш вазифадор буд, ки барои ман чунин имкониятро диҳад, то ки ман муайян кунам, ки дар ҳақиқат аз ҷониби боздоштшуда ариӯа дар бораи даст кашидан аз хидмати вакил ихтиёран навишта шудааст ё ӯро маҷбур сохтанд, ки аз хидмати вакил даст кашад. Ва хешу пайвандони Усмонов иброз доштанд, ки ҳангоми ба манзили зисташ барои кофтуков овардан гӯё ки изҳои ҷароҳати ҷисмониро мушоҳида кардаанд. Вале тавре гуфтам, то имрӯз ман натавонистаам бо боздоштшуда мулоқот кунам ва ин ҳолатро танҳо дар мулоқот муқаррар карда метавонам. Шояд ҳамин сабабу баҳонаҳо, ки муфаттиш дар ноҳияҳои дигар банд аст, ба хотири он аст, ки як фурсате гузарад, то ки изҳои ҷароҳат дар бадани ӯ аз байн раванд. Яъне он гоҳ, дар оянда ба воситаи тахшиси додгоҳии тиббӣ ин ҳолатро исбот карда наметавонем, чун бо гузаштани вақту фосила аллакай изи ин ҷароҳатҳо мераванд."

Суол: Ба ҳар ҳол оё мақомот гуфтанд, ки кай Шумо хоҳед тавонист бо хабарнигори боздоштшуда Урунбой Усмонов мулоқот хоҳед кард?

Файзиниссо Воҳидова: "Дирӯз ваъда дода буданд, ки имрӯз соати даҳ ба ман муяссар мешавад, яъне имконият медиҳанд, лекин имрӯз аз соати 10 то бегоҳ ман ба ин чиз муваффақ нагаштам ва худи ҳозир ба ман боз ваъда карданд, ки рӯзи душанбе ба ман чунин имконият дода мешавад."




Имрӯз аз боздошти хабарнигори бахши Осиёи Марказӣ дар шабакаи Би-Би-Сӣ панҷ рӯз мегузарад вале вакили мудофеъ бо вуҷуди талошҳо натавонистааст бо Урунбой Усмонов дидор дошта бошад.

Файзиниссо Воҳидова гуфт, ки муфатиши парвандаи хабарнигор Усмонов аз дирӯз то ҳол бо ҳар баҳона худро ба дурӣ мекашад ва коғази иҷозати вуруд ба боздоштгоҳи амниятиро намедиҳад.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, Усмонови 59-сола бемории диабет ё "қанд" дошта, аз фишори баланди хун азият мекашад. Изофа бар ин ӯ ба наздиконаш гуфтааст, ки мавриди лату кӯби шадид қарор доштааст ва "агар ин рафтор идома кунад, дер нахоҳад пойид."

НИГАРОНИИ СОЗМОНҲОИ ХАБАРНИГОРИ АЗ БОЗДОШТИ УСМОНОВ

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз боздошти хабарнигори бахши узбакии BBC Урунбой Усмонов нигаронӣ кардаанд.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон дар баёнияи муштарак аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар даъват ба амал овардаанд, ки то замони эълони ҳукми додгоҳ дар мавриди амали Усмонов, ӯро ҳамчун гунаҳкор муаррифӣ накунанд ва дар нисбати журналист бар асоси қонунҳои ҷории кишвар мунсифона ва шаффоф расидагӣ кунанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои озоди Тоҷикистон мегӯяд: «Мо аллакай аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кардем, ки набояд ҳангоми тафтишот арзишҳои ҳуқуқӣ нақз ёбанд ва ҳатман ин қазияро ҳамаҷониба таҳқиқ мекунем, ки ҷараёни бозрасӣ мувофиқи қонун сурат гирад.»

Мухтор Боқизода, масъули Созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон бар инаст, ки роҳ наёфтани вакили мудофеъ ба мулоқот бо журналисти боздоштшуда шакку шубҳаро дар робита ба ин парванда бештар кардааст.

Вай меафзояд ба фаъолияти Усмонов марбут будани иттиҳом низ баёнгари ҳол аст, зеро вақте ки як хабарнигор дар ҳар мавзӯи мухталиф ҳатто роҷеъ ба фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир менависад, табъан ҳаракат мекунад, ки маълумоти бештар ба даст орад ва ин ба он маъное нест, ки вай ҳамкорӣ дорад.



Ин созмонҳои журналистӣ тасмим гирифтанд, ки ҳамзамон паҳлӯҳои ҷараёни айбномаи Урунбой Усмоновро мавриди таҳқиқи қарор диҳанд, ки то кадом андоза дар ҳамкорӣ бо созмони Ҳизб-ут-таҳрир даст дорад.

Дар ҳамин ҳол раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Саттор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба бахши вилоятии Иттиҳодияи журналистон дар Суғд дастур додааст, то шева ва зарфияти боздошти Урунбой Усмоновро дар сӯҳбат бо мақомоти ҳуқуқии вилоят мушаххас кунанд.

Акбаралӣ Саттор афзуд, ки ниҳоди онҳо мехоҳад дақиқ кунанд, ки хабарнигори Би-Би-Сӣ дар заминаи фаъолияти хабарнигорӣ боздошт шудааст ё хайр. Он гоҳ Иттиҳодияи журналистон дар робита ба боздошти Урунбой Усмонов мавқеи худро муайян хоҳад кард.

Як рӯз пеш, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, Дуня Миятович низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов, изҳори нигаронӣ кард. Дар номае ба унвони вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вай навиштааст: "Бо вуҷуди эҳтироми ман ба ҳуқуқи ҳукумат дар мубориза бо терроризм, шароити боздошти Усмонов ва рафтор бо ӯ, аз ҷумла радди ҳуқуқи ӯ ба вакили мудофеъ нигарониҳои марбут ба маҳдудияти озодии баёнро ба миён меоранд."

Миятович гуфтааст, аз он нигарон аст, ки ин ҳабс мумкин як талоши дигари фишор ба журналистоне бошад, ки дар мавзӯъҳои ҳассос менависанд. Вай инчунин аз латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳабсу муҳокимаи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ёдовар шудааст.

Урунбой Усмонов, бино ба хабари аҳли хонаводааш, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Раҳбарияти шабакаи Би-Би-Сӣ, сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва созмони Хабарнигорони бидуни марз низ хостори рӯшанӣ дар қазияи Усмонов ва озодии фаврии ӯ шудаанд.
XS
SM
MD
LG