Бегоҳии рӯзи 9-уми майи соли ҷорӣ садҳо тан аз ҷавонон дар хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб бо садоҳои "Кӯлоб! Кӯлоб! Кӯлоб!" фарёд мезаданд.
Бо мошин, ки аз беруни шаҳр ворид шуда будам, роҳам барои чанд муддат баста шуд. Ба ёд овардам, ки имрӯз 9-уми май аст ва шояд ягон чорабиние бахшида ба "Рӯзи Ғалаба" баргузор мешавад.
Мошинро боздоштам ва аз чанд ҷавони канори раҳ пурсидам, ки "чӣ гап аст". Ин ҷавонҳо ба якдигар маънидорона нигариста ва хандида гуфтанд, ки "ин дар стадион набудаст."
Каме баъд, шиорҳои "Равшан-чемпион" ва навиштаҷоти дигар бо садоҳои шодиёна ба ҳаво сар дода шуд. Пас аз он маълум шуд, ки дастаи футболи "Равшан" дастаи "Регар-ТАДАЗ"-ро бо ҳисоби ду ба сифр бурдааст. То соатҳои 7-8-и шаб мухлисон дар кӯчаҳои шаҳр шиор медоданд.
Аммо бо ин ҳама мухлисон ягон амали тахрибкорона нишон надоданд.