Даҳҳо сокини вилояти Суғд ҳаққи соҳибии худ ба молу мулкашонро бар асоси ҳалномаи додгоҳи ҳакамӣ дар пеши мансабдорон исбот карда наметавонанд.
Ин дар ҳолест, ки Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамӣ» иҷрои ҳалномаи додгоҳи ҳакамиро ҷониби ҳама ниҳоду идораҳо ва шаҳрвандон ҳатмӣ донистааст.
Аммо додгоҳи ҳакамӣ чун додгоҳҳои умумӣ ҳаққи маҷбур кардани афрод ва масъулинро барои иҷрои ҳукми худ надорад.
Сарпечӣ аз иҷрои қарорҳо ва саргардонии мардум
Баҳоваддин Ҳомидов, сокини 60 солаи Исфара мегӯяд, идораи бақайдгирии техникии Исфара ҳалномаи додгоҳи ҳакамӣ дар бораи ҳаққи соҳибӣ ба манзили меросии падарашро иҷро намекунад.
Ӯ мегӯяд: “Ман фарзанди яккаву ягонаам. Хонаю ҳавливу чизу чораи меросӣ ҳаққи ҳалоли ман аст. Аммо идораҳои НБТИ ва нотариус онро ба номи ман нагузаронида истодаанд. Мегӯянд, ки додгоҳи ҳакамӣ ҳақ надорад, ки ин корро ҳал кунад, ҳалномааш ғайриқонунӣ аст”.
Баширабону Эшонова, сокини шаҳри Исфара мегӯяд як сол ба ин ҷониб ҳалномаи додгоҳи ҳакамиро дар дласт дорад, аммо онро корхонаи фаръии ба қайдгирии техникӣ ё НБТИ -и маҳали иҷро намекунад. Ӯ бар ивази 14 ҳазор доллар тавассути миёнарав манзил харидорӣ кардааст. Аммо миёнарав гирифтани маблағ рад мекунад.
Баширабону мегӯяд, танҳо баъди барканории раҳбари пешини идораи НБТИ –и шаҳри Исфара – Алишер Фаттоев, раҳбарияти нав манзили харидаашро ба ӯ сабт кардааст.
Ба ҳамин тартиб, додгоҳи ҳакамии Хуҷанд мегӯяд, идораҳои НБТИ дар маркази Суғд ва ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров аз иҷрои даҳҳо ҳалномаи додгоҳи мазкур сарпечӣ мекунанд.
Номаи шикоятӣ ба президент
Ин вазъ боис шудааст, ки бештар аз 20 нафари аз додгоҳҳои ҳакамӣ ва афрорде, ки ҳалномаҳои додгоҳро дар даст доранд, ба унвони раиси ҷумҳур муроҷиъат кунанд.
Муҳаббат Ҷӯраева, раиси додгоҳи ҳакамии Хуҷанд мегӯяд, ин иҷро нашудани қарорҳои додгоҳҳои ҳакамӣ мардумро дар пеши идораҳои идораҳои давлатӣ сарсон мекунад ва ин ҳол дар навбати худ роҳи фасоду ришвахориро дар идораҳо боз мекунад.
Ӯ мегӯяд: «Ин баҳсҳо асосан сари тақсими молу мулк ва манзил буданд. Масалан, баъди вафоти волидайн 7 фарзанд сари соҳибӣ ба ҳавливу манзили меросӣ талош мекарданд, Додгоҳи ҳакамӣ онро бо ризоии онҳо ҳал карда, ба идораи НБТИ пешниҳод кард. Аммо идораҳои мазкур дар 3 минтақаи Суғд чунин ҳалномаҳои моро иҷро накарда истодаанд».
ХонумҶӯраева мегӯяд, додгоҳҳои умумӣ тавони барррасии садҳо чунин баҳсҳои шаҳрвандиро дар муддати кӯтоҳ надорад. Аммо догоҳҳои ҳакамӣ чунин парвандаҳоро дар тӯли даҳ рӯз ҳал мекунанд.
Раҳбарони НБТИ чӣ даъво доранд?
Қаблан баҳсҳои манзилу молу мулк аз сӯи НБТИ ва нотариус бо ҳар роҳ ҳал мешуд. Акнун ба майдон ворид шудани ниҳоди нави ҷамъиятӣ - додгоҳи ҳакамӣ аз ин нигоҳ ба масъулини идораҳои ба қайдгирии техникӣ хушоянд нест.
Маҳина Воҳидова, ҳуқуқшиноси корхонаи фаръии ба қайдгирии техникии шаҳри Исфара мегӯяд: «Ҳамаи он 4 ҳалномае, ки мо иҷро накардем, сари тақсими мерос буд. Мутобиқи банди 20 – и Қонуни «Дар бораи додгоҳи ҳакамӣ» чунин додгоҳҳо ваколати ҳалли масъалаи тақсими меросро надорад. Дуюм, он баҳсҳо бо ҳалномаи додгоҳи ҳакамӣ ба охир нарасидааст. Масалан, баҳс миёни 4 бародару хоҳар бошад, се кас дар баҳси додгоҳи ҳакамӣ иштирок кардааст ва додгоҳ тамоман ҳақ надорад ба чунин баҳси ба охир нарасида ҳалнома барорад».
Анвар Қосимов, раҳбари идораи НБТИ –и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, 10 қарори додгоҳи ҳакамӣ, ки идорааш аз иҷрои он сар печидааст, сари соҳибии афроди беаснод ба хонаҳои бесоҳиб буд. Ин хонаҳо, ба ақидаи вай, бояд ба ихтиёри давлат мегузашт.
Ӯ мегӯяд, дар бозбиниҳои додгоҳи ҳакамӣ танҳо як ҷониби даъво иштирок доштааст, аз ин рӯ, аз додгоҳи умумӣ дархост шудааст, хато ё дурустии ин қарорро барояшон рӯшан кунад.
Вале хонум Ҷӯраева ин амалкардро “ғайриқонунӣ” меномад ва мегӯяд, бечунучаро иҷро накардани қарори додгоҳи ҳакамӣ ҳуқуқи даҳҳо сокинонро дар дастрасӣ ба санадҳои молу мулк зери по мегузорад.
Раҳбари идораи НБТИ –и Хуҷанд афзуд, идора ӯ 20 қарори дигари додгоҳи ҳакамиро қабул ва иҷро кардааст.
Додгоҳи ҷамъиятӣ ва нуқси қонунгузорӣ
Нахустин додгоҳи ҳакамӣ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби таҷдиди сохтори додгоҳӣ ду сол пеш таъсис шуда буд. Ҳоло дар Душанбеву Хуҷанд 3 додгоҳи ҳакамӣ фаъолият дорад.
Аз ибтидои соли равон дар Тоҷикистон додани иҷоза и ҳабси шахс бар дӯши додгоҳ вогузор гардид. Коршиносон мегӯянд, бо ин кор масъулиняти додгоҳҳои умумӣ афзудааст ва кори онҳоро додгоҳҳои ҳакамӣ додгоҳҳои ҳакамӣ дар баррасии парвандаҳои молу мулкиӣ метавонанд осонтар кунанд.
Ҳуқуқдон Файзинисо Воҳидова печидагӣ ва норӯшаниҳо дар қонунгузории Тоҷикистонро як сабаби аслии ба иҷро нарасидани ҳалномаҳои ин додгоҳи ҷамъиятӣ меҳисобад.
Ӯ мегӯяд: «Ҳалномаи додгоҳи ҳакамӣ аз номи ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешавад. Аммо дар Сарқонун омадааст, ки аз номи ҷумҳурӣ танҳо додгоҳи давлатӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ қарор мебароранд. Додгоҳи ҳакамӣ як ташкилоти ҷамъиятӣ аст ва мансабдорони идораҳо гуфта метавонанд, ки он ваколати қабули ҳалномаро аз номи ҷумҳурии Тоҷикистон надорад».
Ба назари хонум Воҳидова, такмили қонунгузорӣ ва ислоҳи нуктаҳои зидду нақизи он дигар баҳонае дар дасти мақомот барои сарпечӣ аз иҷрои ҳалномаҳои догоҳҳои ҳакамӣ боқӣ нахоҳад гузошт.