Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обанбори Қайроқум лабрез шуд


Обанбори Қайроқум, ки гунҷоиши 3, 5 миллиард метри мукааб обро дорад, то дараҷаи ниҳоӣ пур аз об шудааст. Аммо имкони сарозер шудани оби бештар аз обанбори Токтогул ва рӯдхонаи Норин ба Қайроқум вуҷуд дорад.

Бино ба маълумоти расонаҳои қирғиз, Оҷонси захоири обии Қирғизистон аз сероб шудани рӯди Норин ва обанборҳои ин кишвар дар пайи якбора боло рафтани ҳарорати ҳавою обшавии барфҳо ва боришоти шадид ҳушдор дода, ба хадамоти изтирории ин кишвар дастур додаст, ба сар додани оби зиёдатии он омодагии фаврӣ бубинанд.

Ин чунин маънӣ дорад, ки оби зиёдатӣ аз Қирғизистон, аз рӯди Норин ва обанбори Токтогул ба обанбори Қайроқуми вилояти Суғд сарозер мешавад. Дар ҳоле, ки обанбори Қайроқум, ки гунҷоиши 3, 5 миллиард метри мукааб об дорад, то дараҷаи ниҳоӣ пур шудааст.

Серобии имсола барои кишварҳои болооб ва поёноб дар Осиёи Марказӣ чӣ пайомад хоҳад дошт?

Масъулини обанбори Қайроқум мегӯянд, ба хотири пешгирӣ аз эҳтимоли обхезӣ ду рӯз инҷониб ба зиёд хориҷ кардани оби обанбор сар кардаанд . Файзлло авазов – сардори идораи НОБ – и Қайроқум ба Озодӣ гуфт, ки ҳар рӯз ба обанбор қариб як ҳазор метрии мукааб об ворид ва 1. 3 ҳазор метри мукааб хориҷ карда мешавад. Ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз обхезӣ ваз ери об мондани киштзору хонаҳои сокинони канори обанбор гирифта шудааст. То як рӯз қабл аз обанбор ҳудуди 1 ҳазор метри мукааб об дар ҳар сония хориҷ карда мешуд .

Пайғоми табиат ба кишварҳои поёноб

Ҳамин тавр, серобии имсола ба кишварҳои поёноби Узбакистону Қазоқистон пайғом медиҳад, ки имсол дар тобистон азоби камобӣ нахоҳанд дид ва муносибати сари тақсими захоири обӣ сардгаштаи давлатҳои поёноб ва болоби Осиёи Марказӣ бо ҳукми табиат нармтар хоҳад гашт.

Аз сӯи дигар, ин соли серобӣ ба сарони давлатҳои минтақа имкон медиҳад бо дили пур ва табъи рӯшан дар масъалаи истифодаи захоири обӣ дар солҳои камобӣ музокира кунанд.

Барои вилояти Суғд лабрез гаштани Қайроқум чӣ оқибат хоҳад дошт?

Масъулини обанбори Қайроқуми вай эҳтимоли зери об мондани қисмате аз киштзорҳои канори обанбор, масалан – шолизори мавзеъи Деҳмойи канори Хуҷандро дур аз имкон намедонанд. Дар гузаштаи наздик боришоти шадид ва обхезӣ дар ин обанбор чанд маротиба садҳои канорашро хароб ва ҳазорҳо гектар заминҳои кишт ва хонаҳои сокинонро дар мавзеъҳои Исфисор, Қатаған ва канори ҷануби ноҳияи Конибодом зери лойқа гузошта буд. Ҳамчунин, дар солҳои обхезӣ ва нами зиёд садҳо хонаҳои маҳалҳои канори рӯди Сир дар Хуҷанд нам кашида, хароб мегашт ва ба соҳибонаш зарарҳои молӣ мерасид.

Файзулло Авазов – сардори НОБ – и Қайроқум гуфт, дар ҳолатҳои изтирорӣ ва чанд маротиба зиёд ворид шудани об низ обанбори Қайроқум имкони то 5. 5 ҳазор метри мукааб сар додани об дар ҳар сония аз обанбор, бидуни аз ист боздоштани чархаҳои неругоҳро дорад . Ин дар бартараф кардани обхезӣ ва паёмадҳои хатарбори он муассир хоҳад буд. Гунҷоиши обанбори Қайроқум ҳудуди 4 миллиард метри мукааб аст.

Ҳоҷӣ Музайянов – муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулъоддаи Суғд дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир хавфи ҷиддӣ нест. Аммо ба ҳар ҳол, техника ва кормандони ин ситод дар ҳоли омодагӣ қарор доранд. Вай афзуд, садҳои атрофи обанбори Қайроқум мустаҳкам аст ва ба фишори оби болохеста тоб меорад.

Оби обанбори Қайроқум барои кист, нигаҳдории он бар дӯши кист?

Обанбори Қайроқум дар нимаи асри гузашта барои тавлиди барқ барои шимоли Тоҷикистон ва захираи об барои обёрии ҳудуди 400 ҳазор гектар киштзорҳои кишварҳои поиноби Узбакистон ва Қазоқистон бунёд карда шудааст.

Замони шӯравӣ захираи об ва фаъолияти обанбор аз сӯи маркази ягонаи тобеъи вазорати оби Маскав идора ва танзим карда мешуд. Хароҷоти нигаҳдошти неругоҳи барқӣ, бунёд ва таъмиру тармим ва назорати саддҳои канори онро умдатан се кишвари истифодабарандаи обу барқи Қайроқум : Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон якҷоя бар уҳда доштанд.

Аммо ба гуфтаи масъулини НОБ Қайроқум, чунин усули танзими истифода аз ин манъбаи бузурги захираи об баъд аз пош хӯрдани шӯравӣ ва касби истиқлоли давлатҳои мазкур тайғир хӯрд. Дар авохири даҳаи навади асри гузашта Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистон ба созиш расиданд, ки Тоҷикистон барои кишварҳои поёноби Узбакистону Қазоқистон дар обанбор об захира мекунад, бар иваз аз кишварҳои мазкур нерӯи барқ ва дар таъмиру тармими садҳои обанбори Қайроқум ёриҳои пуливу молӣ мегирад.

Аммо бо сабабҳои мухталиф ин созиш аз ҷониби кишварҳои поёноб ба ҳукми иҷро надаромадааст. Ба гуфтаи Ф. Авазов, Тоҷикистон барои кишварҳои поёноб об ҷамъ меорад, вале аз он кишварҳои ҳеҷ гуна ёрӣ ҷиҳати нигаҳдошти обанбори Қайроқум дарёфт накардааст.

Хароҷоти нигаҳдошти садҳои нуқтаҳои хатарноки атрофии обанборро пурра Тоҷикистон бар дӯш дорад. Мушкилоте, ки сари дарёфти роҳҳал ва танзими усули истифода аз оби обанбори Қайроқум давлатҳои мазкур солҳои ахир миёни ҳам баҳс мекунанд.
XS
SM
MD
LG