Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ чаҳор чиноиро ба зиндон фиристод


Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ ахиран 4 шаҳрванди кишвари Чинро барои латукӯби 2 шаҳрванди Тоҷикистон, сокинони шаҳраки Зарнисор (Олтинтопган)–и вилояти Суғд ва расонидани зарари молӣ ба онҳо ба муддатҳои 5 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон кард.

Аммо шаҳрвандони чиноӣ ҳукмро сахт ҳисобида, шикояти кассатсионӣ бурдаанд. Ба навбати худ, шаҳрвандони ҷабрдидаи Тоҷикистон низ даъво кардаанд, то зиёни молии онҳо низ аз ҷониби шаҳрвандони чиноӣ рӯёнида шавад. Дар ҳоли ҳозир, шикояти онҳоро додгоҳи вилоятӣ мавриди баррасӣ қарор додааст ва эҳтимол, парванда мавриди бозбинии нав қарор бигирад.

Мингхуа, Мингао ва Мингуаи Шарифовҳоро заданд

Илҳом Қодиров, додраси догоҳи мазкур, раиси бозбинии ин парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ 4 шаҳрванди давлати Чин: Жанг Мингхуа, Су Луе, Жанг Мингао ва Гао Мингуаи–ро ахиран аз рӯи ду банди асноди ҷиноии Тоҷикистон: авбошӣ ва нобуд кардани амволи ғайр гунаҳкор донист ва ҳар кадоми онҳоро ба панҷуним сол ҳабс маҳкум кард. Вай гуфт, онҳо 2 сокини маҳаллӣ, бародарон: Мирзоқайюм ва Хайём Шарифовҳоро дошта, зери зарбу лат кашиданд, зарарҳои вазнини ҷисмонӣ расониданд, бо сангу оҳан зада, автомобили онҳоро шикастанд.

Ба маълумоти додгоҳи мазкур, ҳамлаи шаҳрвандони Чин дар 4-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳраки Зарнисор (Олтинтопгани собиқ), 110 киламетрии шимоли Хуҷанд рух дода буд.

Муноқиша миёни кормандони чиноии корхонаи маъдани сурбу руҳи Зарнисор, ки ба ширкати чиноии «China Global New Technology Export & Import» тааллуқ дорад, ва сокинони маҳаллӣ сурат гирифтааст. Ширкати мазкур корхонаи маъдани Зарнисорро сосли 2007 харида, бо ихтисоси 30 миллион доллар дар заминаи он як корхонаи тавлиди сурбу руҳ таъсис дода буд. Ҳоло дар корхонаи мазкур беш аз 150 нафар шаҳрвандони Чин кор ва дар шаҳраки мазкур, канори сокинони маҳаллӣ зиндагӣ мекунанд.

Аммо ба гуфтаи Аскар Турсунов, яке аз вакили дифоъи шаҳрвандони маҳкумшудаи Чин, нафарони зерҳимояаш ҳукми додгоҳро вазнин меҳисобанд. Онҳо баъд аз эълони ҳукм ба додгоҳи вилояти Суғд бо тақозои бозбинии парванда шикояти кассатсионӣ бурдаанд.

Шерше ля фам

Ҷаноби Турсунов аз бозгӯи сабабу ангезаҳои задухӯрди миёни тоҷику чиноиҳо ба далели «сиррӣ будани ҳимоят» худдорӣ кард. Аммо як сокини ин маҳал бидуни зикри номаш дар ин бора гуфт, ки ҷангу занозанӣ аз барои ду ҷавонзани маҳаллӣ сар задааст.

Ба гуфтаи вай, бародарон: Мирзоқайюм ва Хайём Шарифовҳо вақти аз шаҳраки Бӯстон (маркази ноҳияи Мастчоҳ) сӯи шаҳраки Зарнисор рафтан ду ҷавонзани маҳаллии равона ба ин шаҳракро аз истгоҳи сари роҳ ба сабукрави «Москвич» - и худ савор мекунанд. Бехабар аз он ки гӯё он ҷавонзанон ба чиноиҳо ваъдаи мулоқот дода будаанд.

Гурӯҳи чиноиҳо аз пас савори сабукравҳо ҷавонони тоҷикро таъқиб карда, назди шаҳраки Зарнисор бозмедоранд ва зери зарбу лат мекашанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Суғд саривақт ба маҳали ҳодиса ҳозир гашта, 4 шаҳрванди чиноиро боздошт ва дар мавриди ин амали онҳо парванда боз мекунанд.

Аввалин бор ба зиндон


Ин барои бори аввал гурӯҳи шаҳрвандони Чин барои содири ҷиноят дар шимоли Тоҷикистон ба зиндон фиристода шуданд.

Аммо ин гуна муноқишаву бархӯрдҳои шадид миёни суғдиҳову чиноиҳо қабл аз ин ҳам рух дода буд. Ду сол қабл байни як гурӯҳ сокинони Хуҷанд ва шаҳрвандони роҳсози Чин дар маҳаллаи 19–уми маркази вилояти Суғд занозанӣ бархоста, чанд нафар ҷароҳатҳои миёнаи хунин бардошта буданд. Аммо он замон баҳси ин ҷанҷол то додгоҳ кашида нашуда буд.
XS
SM
MD
LG