Дар он беш аз ҳазор сарбозу афсар ва зиёда аз 150 муҳиммоту техника ва зиреҳпӯшҳои ҳарбӣ, чанд чархбол ва ҳавопаймо иштирок карданд ва ситоди ягона онро «бомуваффақият анҷомёфта» эълон кард.
Дар ин машқ, гӯё як гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ҳудуди 100 нафар ба нерӯҳои марзии шимоли Тоҷикистон ҳамла мебаранд ва қисме ба дохили хоки ин кишвар раҳ ёфта, гурӯҳе дар як деҳаи наздимарзӣ панаҳ меёбанд. Ва нерӯҳои заминиву ҳавоии СПАД нерӯҳои террористиро дар пеши назари садҳо нозирону бинандаҳо мавриди ҳамлаи густарда қарор дода, бидуни талафоти зиёди ҷониву молӣ маҳв мекунанд.
Пас аз анҷоми он Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон, дар посух ба саволи хабарнигори Озодӣ гуфт, ки неруҳои СПАД дар тӯли фаъолияти қариб 10-солаи худ боре чунин амалиётро воқеан бар зидди нерӯҳои террористӣ анҷом надодаанд. Вай гуфт, аммо хафви ворид шудани гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад ва раҳ надодан ба ин вазифаи аслии ниҳоди мазкур аст.
Вале оё чунин хатари ҷиддии ворид шудани нерӯҳои террористӣ аз хориҷ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад? Коршинос Неъматуллоҳи Мирсаид бар он аст, ки феълан чунин хавфи ҷиддӣ вуҷуд надорад. Коршинос бар ин назар аст, ки ин тамринҳо бештар ба Русия заруранд, то Маскав нишон бидиҳад, дар ин минтақа муттаҳидини худро дорад.
Абдувосит Салимзода, коршиноси дигар, мегӯяд, набуди ҳамдигарфаҳмӣ ва мавқеъҳои мухталифи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба СПАД истифода аз неруҳои онро мушкил мегардонад. Соли гузашта Беларус ва Узбакистон – ду кишвари узви СПАД ба нишони мухолифат ба мавқеъи Русия ва нобоварӣ ба имкониятҳои ин ниҳоди ҳарбӣ фаъолияти худро дар он қатъ карданд, ки нуфуз ва мавқеъи ин ниҳоди ҳарбиро ба дараҷаи назаррас коҳиш дод ва фаъолияти минбаъдаи онро зери шубҳа бурд. Ин мушкил, ба назар мерасад, масъулини СПАД-ро низ машғул медорад. Анатолий Логовитсин, муовини аввали сардори ситоди ягонаи СПАД, гуфт, баргузории машқи муштарак дар Хуҷанд ба хотири рафъи чунин гумону шубҳаҳо дар бораи коршоямӣ ва тавонмандии СПАД буд. Вай овозаҳо дар бораи нотавониву парокандагӣ ва қодир ба вазифаҳои худ набудани неруҳои муштараки ин ниҳодро беасос ва нишони ин даъваии худро баргузории размоиш дар Хуҷанд номид.
Моҳе пеш Владимир Устинов, сардори омодагии фаврии ҳарбии ситоди муттаҳидаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, низ дар Хуҷанд гуфта буд, муҳим то кадом андоза ҷиддӣ будани хатар аз ҷониби неруҳои террористӣ нест, муҳимтар барои СПАД иҷрои барномаҳо ва чорабиниҳояш ҳаст. Аммо чорабинии асосии СПАД умдатан намоиши неруҳои муштараки ин ниҳод дар машқҳои ҳарбӣ умдатан бо иштироки зиреҳпӯшҳову мошинҳои ҷангӣ ва техникаву муҳимоти Русия аст.
Вақте Шералӣ Хайруллоев,вазири дифоъи Тоҷикистон, дар поёни размоиши Хуҷанд ба сарбози Русия мукофот супорид, вай дар посух садо дардод, ки : «Ба Федератсияи Русия хидмат мекунам!», вазири тоҷик бо лабханд ислоҳ кард, ки акнун ба ин шиор калимаи «ва СПАД» - ро ҳамроҳ кунанд…