Пйер Морел – фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтааст, бунёди нерӯгоҳҳои хурди тавлиди барқ барои аз миён бурдани ихтилофи миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар истифодаи манобеъи обиву энергетикӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷаноби Морел ин тасмими Иттиҳоди Аврупоро ахиран дар нишасти парлумони ниҳоди мазкур дар Брюссел, пойтахти Белгия ва ҳафтаи гузашта дар Душанбе зимни дидору гуфтугӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон баён доштааст .
НИМ АСР БЕ ТАРМИМИ КУЛЛӢ
Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум барои шимоли Тоҷикистон ягона манбаъи бузурги тавлиди барқ ва ҳамчунин аз обанборҳои асосӣ барои заминҳои кишти Узбакистон ва Қазоқистон ҳисоб меёбад. Он соли 1956 бо нерӯи тавлидотии 125 мегаватт соат ва ё 125 ҳазор киловатт соат дар шабонарӯз бунёд шудааст.
Ба гуфтаи масъулин, нерӯгоҳ кӯҳнаву фарсуда гашта, то кунун таъмиру тармими куллӣ надидаааст ва дар муқобили садамаҳои техникӣ осебпазир шудааст.
Файзулло Авазов - раҳбари идораи НОБ – и Қайроқум дар сӯҳбат бо Радои Озодӣ гуфт, бо ин вуҷуд дар зимистон ба сабаби норасоии шадиди барқ бо тамоми нерӯ ба кор андохта шудани нерӯгоҳ зарурати таҷдиди онро афзудааст. Вай афзуд, ки таҷдиди нерӯгоҳ то 20 дар сад нерӯи тавлидотии онро боло хоҳад бурд.
Ба гуфтаи масъулини нерӯгоҳи мазкур, ҳарсола таъмиру тармими ҷории он бо маблағи ширкати «Барқи тоҷик» иҷро мешавад, аммо аз он фаъолияти нерӯгоҳ беҳбуди куллӣ намеёбад. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмири куллӣ солҳо аз созмонҳои молии байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон талаби сармоя мекард.
МУШКИЛИ ДОҒИ "ОБ ДАР ИВАЗИ БАРҚ"
Аммо дар ҳоле ки интизор меравад мушкили таҷдиди НОБ – и Қайроқум бо кӯмаки молии Иттиҳоди Аврупо ҳалли худро биёбад, мушкили истифода аз обанбори Қайроқум доғтар шудааст. Обанбори Қайроқум бо захираи 3, 5 миллиард мукааб об ҳамасола ҳудуди 300 ҳазор гектар заминҳои пахтаи Узбакистон ва 80 ҳазор гектар шолизори Қазоқистонро шодоб мекунад.
Бино бар созишномаи байнидавлатии миёни ин кишварҳо аз рӯи усули «об дар ивази барқ» дар зимистон Тоҷикистон аз 6 танҳо як – ду чархаи НОБ – и Қайроқум гардон мекард ва барои кишварҳои поёноб дар обанбор об ҷамъ меовард. Барқи баробар ба тавлидоти пурраи нерӯгоҳи Қайроқум аз ҷониби Узбакистон ба тариқи ҷуброн интиқол дода мешуд.
Вале баъд аз берун рафтани Узбакистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ин низом халал ёфтааст. Масъулини нерӯгоҳи Қайроқум инро мушкили асосии ҳалношуда меноманд ва бар онанд, ки ҳанӯз вақт ҳаст ва то арафаи баҳор умед аст кишварҳои болоб ва поёноб сари ин мушкил ба навъе ба созиш оянд. Ва серобии имсола ҳам имкон хоҳад дод, то моҳи май обанбори Қайроқум аз об пур шавад.
ОМИЛҲОИ ИХЛОЛ ДАР ТАҚСИМИ ОБ
Берун рафтани Узбакистон аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар тирамоҳи соли гузашта ва манъи тронзити нерӯи барқ тавассути қаламраваш аз ҷануб ба шимоли Тоҷикистон ва аз Туркманистон, дар пайи он таъсиси системаи ягонаи энергетикӣ дар Тоҷикистон бо кашидани хатти баландшиддати барқ аз ҷануб ба шимоли кишвар – омилҳоест, ки ин зимистон 6 чархаи НОБ – и Қайроқумро беист ба гардиш даровард.
Кишварҳои поёноб ва болооб мустақилияти энергетикӣ меҷӯянд, вале бе риояти манфиатҳои ҳамдигар. Пйер Морел – фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мусоҳиба бо нашрияи русии «Независимая газета» ҳалли мушкилоти обиву энергетикии миёни кишварҳои ин минтақаро «душвор» номида гуфтааст, он бо муколамаи доимӣ ба даст меояд ва Иттиҳоди Аврупо омода аст ба роҳандозии он мусоидат намояд.
Инъом Сангинов – муовини раҳбари идораи барқи Суғд гуфт, кишварҳои поёноби Узбакистон ва Қазоқистон ба об ниёзи бештар доранд, аз он ки Тоҷикистон ба нерӯи барқ. Ба назари вай, ҳамин омил ба ҳалли мушкили истифода аз захираи обии обанбори Қайроқум таъсир хоҳад гузошт.
ОБ АЗ КИВУ ХАРҶ АЗ КӢ?
Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар обанбори Қайроқум барои ҳамсоягони поёноби худ об захира мекунад, хароҷоти соҳилбандии онро бо хотири талаф нашудани об тақрибан пурра Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.
Бар илова аз канда шудани садҳои обанбори Қайроқум ва обхезиҳо киштзору боғистон ва манзилҳои сокинони канори соҳилҳо шуста мешавад ва сокинон зиёни зиёди молӣ мебинанд .
Аз нигоҳи коршинос - Ҷовиди Одил, усули кунунӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар истифода аз захираҳои обӣ, ки ба кишварҳои поёноб умдатан нақши ҷамъоварикунандаи об вогузор шудааст, бар манфиати кишварҳои болооб аст. Кишварҳои поёноб тақрибан нафъе намебардоранд.
Вай афзуд, ҳанӯз аз замони шӯравӣ пардохти хароҷоти ин корро кишварҳои истифодабарандаи оби обанбор якҷоя бар ӯҳда мегирифтанд ва риоят нашудани ин амр баъд аз касби мустақилияти ин кишварҳо баҳсу талошҳоеро миёнашон ба вуҷуд овардааст.
Ба гуфтаи масъулини НОБ – и Қайроқум кишварҳои поёноби Узбакистону Қазоқистон дар тирамоҳи соли 2008 дар мулоқоти Бишкек ваъдаи кӯмак ба Тоҷикистон дар садбандии соҳилҳои ин обанбор доданд, вале то кунун ба иҷрои напардохтаанд. Ба гуфтаи Абдураҳим Раҳимов - сардори гурӯҳи садбандӣ дар Қайроқум, танҳо Қазоқистон ба ин хотир 25 000 доллари амрикоӣ сармоя ироа карда, вале Узбакистон худро аз ин кор канор гирифтааст.