Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ интихоботро «имтиҳони ҷиддӣ" номид


Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт барои баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ дар кишвар ҳамаи заминаҳо мавҷуданд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон интихоботи моҳи февралро муҳимтарин чорабинии сиёсӣ дар соли 2010 дар кишвар унвон кард ва гуфт, интихоботи порлумонӣ ҳамзамон имтиҳони ҷиддӣ барои Тоҷикистон хоҳад буд.

Ҳамрохон Зарифӣ, ки дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, афзуд, раҳбарияти кишвар барои баргузории як интихоботи шаффоф ва интихоботе, ки аз интихоботҳои қаблӣ фарқ дошта бошад, ирода кардааст ва ин мавзеъро ӯ зимни мулоқотҳояш бо намояндагони кишварҳо ва созмонҳо тавзеҳ додааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00


Оқои Зарифӣ гуфт, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА дар назорати интихоботи Тоҷикистон саҳм ширкат хоҳанд дошт. Ӯ афзуд, то кунун ягон эроди ҷиддӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ дар робита ба баргузории интихобот ҷой надоштааст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дастури раисҷумҳур ба мақомоти маҳаллӣ дар амри мудохила накардан ба умури интихобот иҷро мешавад.

Аммо ин гуна изҳори назари вазири умури хориҷӣ билофосила ду навъе суолро халқ кардааст, яке ин ки чаро мақомоти кишвар интихоботи моҳи февралро имтиҳоне бузург ё ҷиддӣ барои худ унвон кардаанд ва дигар ҳам ин ки фарқе, ки интихоботи моҳи феврал бояд аз интихоботҳои гузашта дошта бошад, дар чӣ зоҳир хоҳад шуд?

Таҳлилгарон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо роҳи густариши муносибот бо кишварҳои пешрафта интихоботи шаффоф аст. Зеро Тоҷикистон мисли кишварҳои ҳамсоя имтиёзи дигаре назири манобеи энержии нафту газ ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи кишварҳои ғарбӣ надорад. Кишварҳо ва созмонҳои зинафъ ҳам дар мулоқотҳо ҳатман ин паёмро ба мақомоти Тоҷикистон додаанд, ки густариши муносиботашон бо Тоҷикистон ба интихоботи шаффоф бастагӣ хоҳад дошт.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода, мудири бахши таҳлилии ҲНИТ ва номзади ин ҳизб барои МН, ахиран дар инзиво қарор гирифтани Тоҷикистон дар масъалаи сохтмони Роғун омили дигарест, ки мақомотро барои баргузории як интихоботи шаффоф ба манзури ҷалби таваҷҷӯҳи кишварҳои ғарбӣ водор мекунад.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилагари тоҷик, мегӯяд, чунин изҳори назари вазири умури хориҷӣ паёме аст, ки ба манзури ризои кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар, мақомоти Тоҷикистон ба ворид шудани намояндагони аҳзоби мухолиф ба порлумон мувофиқа хоҳад кард.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки дар соли 2010 Душанбе мизбони нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси кишварҳои исломӣ хоҳад буд. Дар ин нишаст вазирони хориҷии сад кишвари олам ширкат хоҳад кард.

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ба қазияи маътал шудани вагонҳои молу колои Тоҷикистон дар роҳи оҳани Узбакистон низ ишора кард ва гуфт, ин як мушкили техникӣ аст, ки ба зарфият ва имконоти роҳи оҳан бастангӣ дорад ва ангезаи сиёсие надорад. Мушкиле, ки интиқоли молу колои ғайринизомии НАТО тавассути ин роҳи оҳан ба он афзуда шудааст.
XS
SM
MD
LG