Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минтақаи озоди иқтисодӣ сармоя меҷӯяд


Ҳукумати Суғд барои дарёфти воми имтиёзнок ҷиҳати бунёди минтақаи озоди иқтисодӣ ба Бонки аврупоии бозсохт ва рушд муроҷиат кардааст. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ахиран гуфт, иҷрои тарҳи мазкур: деворбандӣ, сохтмони иншоот, назоратгоҳи гумрукӣ, воридоти таҷҳизоти замонавии коркард ба ҳудуди 3,5 миллион доллари амрикоӣ сармоя зарурат дорад.

Бунёди ин минтақа дар охири соли гузашта баъди аз ҷониби парлумон ба тасвиб расидани барномаи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон дар канори Хуҷанд, дар масоҳати 320 гектар шурӯъ шудааст. Ин аввалин таҷрибаи таъсис додани минтақаи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз чанд сол қабл сари бунёд ва роҳу тарзҳои фаъолияти ояндаи он миёни иқтисодшиносони кишвар баҳсҳо меравад.

Мақомот таъсиси чунин минтақаҳоро дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ умдатан дар самти коркарди ниҳоии ашёи хом, таъмини бозори дохилӣ бо маводи ниёзи сокинон ва ғанӣ кардани буҷа муҳим меҳисобанд. Дар ҳоле ки феълан қисми зиёди ашёи хоми маҳаллӣ, мисли нахи пахта ва фулузоти ранга дар шакли хом ба хориҷа содир ва ҳамин тавр, аз ним зиёд маводи мавриди ниёзи сокинон аз ғизову пӯшок аз кишварҳои хориҷӣ ворид карда мешавад. Аз имтиёзоти асосии корхонаву муассисаҳои хурду миёнаи шомили он озодӣ аз супурдани ҳама навъи андозҳо, ба ҷуз андози иҷтимоӣ хоҳад буд. Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷие, ки дар минтақаи озод кору фаъолият мекунанд, виза ё раводиди Тоҷикистонро ба тариқи имтиёзнок, дар муҳлати кӯтоҳтарин дастрас хоҳанд кард .

Иқтисодшинос Абдулатиф Раҳимов, сарвари бахши ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи ҳуқуқ тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд, аз таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ истиқбол мекунад. Ба таъкиди вай, чунин минтақа барои сокинон имкониятҳои нави фаъолияти иқтисодӣ, ҷойҳои нави корӣ ва дастрасӣ ба маводи худиро фароҳам хоҳад сохт. Инчунин, барои рушди инфрасохтор ва ободонии маҳаллаҳои нимабунёди канори Хуҷанд низ мусоидат хоҳад кард.

Вале Шукрулло Раҳмат – таҳлилгари дигари масоили иқтисодии Суғд ба мушкилоти ҷиддии фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ ишора мекунад. Ба назари вай, набуди роҳҳои мустақими заминиву обӣ бо кишварҳои дигар, камбуди шадиди энерживу маводи сӯхти худӣ ва набудани заминаҳои коркарди ашёи хом, норасоии техникаву фанновариҳои муосир, ки дар ҳоли кунунӣ домангири Тоҷикистон аст, таъсиси чунин як минтақаи воқеан озодро зери суол мебарад. Ӯ гуфт, дар марҳалаи аввал беҳтар аст барои соҳибкорон ва корхонаву ширкатҳое, ки дар он кор мекунанд, дар содироти ашёи хом низ имкониятҳо дода шавад, то он ки онҳо сармояи худро афзуда, ба коркарди аввалия ва ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ гузаранд. Вай афзуд, агар корхонаву ташкилотҳои шомили минтақаи озоди иқтисодӣ ба тиҷорат, содироти ашёи хом ва воридоти маводи ниёзи сокинон саргарм гарданд, он ҳам бо имтиёзоти хосе, ки давлат барояшон медиҳад, аз ин буҷаи кишвар ва сокинон нафъи зиёде нахоҳанд бардошт. Зеро ҳадафи аслии таъсиси чунин минтақаҳои хоси иқтисодӣ дар Тоҷикистон таконе дар роҳи коркарди ашёи хоми худӣ, мисли нахи пахта ва фулузоти ранга арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG