Баъди ҳамлаҳои 11 сентябр ба Амрико чунин тасаввур мешуд, ки маҳви паноҳгоҳҳои террористон ингуна кори мушкил нест. Давлати Ҷорҷ Буш чунин мепиндошт, ки бо қудрати тавонои низомиён, сипас, истиқрори демокросӣ ва рехтани сармояи зиёд барои рушду эҳё, террористонро ба сатили хокрӯбаи таърих хоҳанд андохт. Аммо дар ҳеҷ куҷое ин кор нашуд.
Амрико соли 2001 аз Парвиз Мушарраф хост, то нагузорад, ки Толибони руфташуда аз Афғонистон ба Покистон баргарданд. Аммо тавре маълум аст, Парвиз Мушарраф ё ин корро карда натавонист ва ё нахоҳад кард. Ҳоло ки низомиёни Амрико асосан машғули масъалаи Ироқ ҳастанд, мушкили ҳалношудаи паноҳгоҳҳои Толибон ба як масъалаи мавриди баҳс дар корзори интихоботии Амрико табдил шудааст.
Лос Анҷелес Таймс навиштааст, ҳоло тамоми интихобе, ки раисҷумҳури ояндаи Амрико ва ҳамчунин раҳбарони Исроилу Туркия ва Колумбия барои маҳви ошӯбгарон доранд, бад аст. Роҳи аввал маҳкумияти ҷасуронаи байналмилалии ошӯбгарон ва амалиётҳои фаромарзӣ барои маҳви онҳо. Аммо ин кори серхароҷотест, ки авзоъро ноором мекунад ва дӯстии ҳампаймонҳоро мезудояд ва самарааш ҳам давомдор нест.
Интихоби дуввум, озмоиши музокироти сиёсӣ бо ошӯбгарон, пешниҳоди худмухторият, барномаҳои рушд ва ришва ба онҳо аст. Аммо интихоби мазкур ҳам бехатар нест, зеро доштани миёнаравони сулҳ ҳангоми музокирот бо террористон, ки ба ваъдаҳояшон ниҳоят кам вафо мекунанд, онҳоро шармсор мекунад ва дасти холӣ мегузорад. Интихоби саввум, идомаи қатли ошӯбгарон ва бо ришва харидани онҳо ба ҳадди имкон аст, то онҳо дар ниҳоят аз ҳол бираванд.
Дар Афғонистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоби аввалро думбол мекунад ва умедвор аст, ки Афғонистону Покистон бар асоси роҳҳои дуввуму саввум ба ҷойе мерасанд. Ҳангоме ки Амрико зоҳиран ҳамлаҳои махфӣ дар дохили Покистонро идома медиҳад, аз сӯи дигар 3200 сарбозони нерӯҳои баҳриашро ба Ҳилманд мефиристад, то ҳамроҳ бо сарбозони бритониёӣ фишор ба ҷангҷӯёни толибро аз ду тараф афзоиш диҳанд. Айни ҳол музокирот барои ихтилофандозӣ дар миёни Толибони “қабиласолор” ва Толибони шарики ал-Қоидаву ҷиҳодиёни хориҷиву дохилӣ дар Афғонистон идома дорад. Аммо мегӯяд, рӯзномаи Лос Анҷелес Таймс, ташхис ва аз ҳам ҷудо кардани ин гурӯҳҳо чандон осон нест, ва шояд ҳам имконнпазир набошад.
Ҳардуи ин гурӯҳ аз террор истифода мекунанд, ки сиёҳ кардани як тараф ва айни ҳол музокира бо тарафи дигарро мушкил мекунад. Мақомоти Амрико умедворанд, ки дар Покистон раҳбарони нави ин кишвар раҳбарони қабилаҳоро моил мекунанд, то мубориза ба зидди амрикоиҳоро хотима дода ва ба ҷойи он ба зидди ал-Қоида биҷанганд, он гуна, ки як ҷунбиши суннимазҳабони Ироқ ошӯбгаронро ба зидди ал-Қоида хезонд. Лос Анҷелес Таймс мегӯяд, бо назардошти камии роҳҳои дигар зоҳиран хуб нест, ки ба сокинони паноҳгоҳҳо як чизро пешниҳод кунем, ки онҳо ба ҷанг ба даст оварда наметавонанд, яъне сулҳро.