Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли озодии Зарафо Раҳмонӣ. Тағйир дар қоидаҳои бозӣ?


Зарафо Раҳмонӣ
Зарафо Раҳмонӣ

Сомонаҳои марбут ба мухолифини тоҷик дар хориҷ аз эҳтимоли раҳоии Зарафо Раҳмонӣ, яке аз 13 узви боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хабар медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон аз вуҷуди чунин муомилае изҳори бехабарӣ мекунанд.

Сомонаҳои марбут ба мухолифини тоҷик дар хориҷ бо такя ба “манобеи ғарбӣ” хабар доданд, ки Зарафо Хӯҷаева (Зарафо Раҳмонӣ), ҳуқуқшиноси 44-солаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) шояд ба зудӣ шартан озод шавад. Ин сомонаҳо бидуни ташхиси манобеи худ навиштаанд, ки Зарафо Раҳмонӣ “бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти бади саломатиаш ва доштани фарзанди хурдсол аз боздошт озод хоҳад шуд.” Бино ба ин гузоришҳо, масъалаи раҳоии Зарафо Раҳмонӣ дар пайи мулоқотҳои мақомоти аршади ғарбӣ ва намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар бо мақомоти баландрутбаи Тоҷикистон дар дасти баррасии ҳалқаҳои тасмимгирандаи ҳукумати ин кишвар қарор дорад ва ин ягона зан дар миёни 13 узви боздоштшудаи раёсати ҲНИТ шояд ба ҳабси хонагӣ гузаронда шавад.

Як дипломати баландпояи СММ дар Женева, ки дар ҷараёни қазияи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ қарор дорад, рӯзи 23 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, СММ мустақиман дар музокирот бо мақомоти Тоҷикистон дар масъалаи раҳоии аъзои ҲНИТ ширкат надорад, вале дар ҷараёни сафари рӯзҳои 3-10 марти гузоришгари вижаи СММ дар масоили ҳуқуқи башар Девид Кайе ба Тоҷикистон онҳо тақозоҳои худ аз ҳукумати Тоҷикистонро дар миёна гузоштаанд.

Ин дипломат, ки ба шарти набурдани номаш бо Озодӣ сӯҳбат кард, афзуд: “Яке аз ин тақозоҳо аз Душанбе маҳз раҳоии Зарафо Раҳмонӣ ва дигар аъзои боздоштшудаи ҲНИТ буд. Ва агар ин хабар рост бошаду хонум Раҳмониро озод кунанд, ин як қадам дар роҳи иваз шудани қоидаҳои бозӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд ва мо аз ин хушҳол мешавем.”

Бо ин ҳол, мақомоти интизомиву тафтишотии Тоҷикистон аз вуҷуди музокираҳое дар мавриди шартҳои раҳоии Зарафо Раҳмонӣ аз боздошт изҳори бехабарӣ мекунанд. Вакили аз сӯи давлат таъиншудаи хонум Раҳмонӣ низ мегӯяд, чунин масъала ё матраҳ нест ваё ҳадди ақал ӯ аз чунин музокираҳо бехабар аст.

Зарафо Раҳмонӣ, ҳуқуқшиноси ҲНИТ, ҳамроҳ бо 12 узви дигари раёсати ин ҳизб рӯзи 16 сентябри соли 2015, билофосила дар рӯзи анҷоми амалиёти вижа алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуд. Муҳокимаи парвандаи ин 13 узви ҲНИТ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 9 феврал ба ин сӯ идома дорад. Онҳо ба иттиҳомоти мухталифе, сар карда аз қаллобиву ширкат дар созмони ҷиноӣ то барангехтани низоъи мазҳабӣ ва ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Назарзода айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи наздикони Зарафо Раҳмонӣ, алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - ширкат дар иттиҳоди ҷиноятӣ ва барангехтани кинаю адовати динӣ – айб эълон шудааст.

Зарафо Раҳмонӣ 23 феврали соли 1972 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ модари 4 фарзанд мебошад.

Наздикони Зарафо Раҳмонӣ танҳо рӯзи 4 март, баъди қариб ним соли боздошташ тавонистанд бо вай дар боздоштгоҳ бори аввал мулоқот кунанд. Гулдаста Ҷобирова, хоҳари Зарафо Раҳмонӣ баъд аз аёдати ӯ гуфт, ки Зарафо Раҳмонӣ дар тӯли ин мулоқоти севунимсоата шикояте надошт ва танҳо гуфтааст, ки аз дарди қалб ранҷ мекашад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи рӯзҳои 4-16 сентябри генерал Абдуҳалим Назарзода айбдор мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 сентябри соли 2015 аз ҷумла ба ҳамин далел ин ҳизбро ба рӯйхати созмонҳои террористиву ифротӣ шомил кард ва фаъолияташро дар Тоҷикистон манъ кард.

Раҳбарони ҲНИТ ҳар навъ даст доштани худ дар ошӯби Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин ошӯб барои мақомот танҳо баҳонае барои бастани ин ҳизби умдаи мухолифин шуд.

Девид Кайе, гузоришгари вижаи СММ дар нишасти матбуотии рӯзи 9 марташ дар Душанбе аз таъқиб ва фишор ба аъзои ҲНИТ изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ӯ зимни сафараш аз ҳукумат хоста буд, то бо аъзои боздоштшудаи ин ҳизб мулоқот кунад, аммо мақомоти Тоҷикистон ба ӯ иҷозаи чунин мулоқотро надоданд.

XS
SM
MD
LG