Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯсидану ба чашм молидани китоби президент


Телевизиони давлатии Туркманистон навореро намоиш дод, ки дар он аъзои ҳукумати китоби нави президентро ба чашму пешонӣ мемоланду мебӯсанд.

Дар телевизиони давлатии Туркманистон навореро намоиш доданд, ки дар он раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов китоби нави худ бо номи “Чой ҳам малҳам ва ҳам илҳом”-ро ҳамчун “тӯҳфаи наврӯзӣ” ба аъзои ҳукуматаш тақдим мекунад. Ҳар вазире ки аз дасти президент китоби ӯро мегирад, китобро ба чашму пешонӣ мемолад ва мебӯсад.

Гуфта мешавад, расми тақдими ин китоб дар арафаи Наврӯз, дар ҷаласаи рӯзи 18 марти ҳукумати Туркманистон сурат гирифтааст.

«Чой ҳам малҳам ва ҳам илҳом» - китоби навбатии президенти кунунии Туркманистон – дар бораи таъриху навъҳои чойи кабуд ва хусусиятҳои шифобахшии он мебошад.

Дар фарҳанги мардуми Шарқ маъмулан китобҳои муқаддас, аз ҷумла "Қуръон"-ро ба чашм молидану бӯсидан ҷоиз аст.

Вале чунин ба назар мерасад, ки дар ин кишвар як маросими вижае чигуна пазируфтани тӯҳфаҳои президентро ҷорӣ кардаанд. Дар як навори қаблии телевизиони давлатии Туркманистон дида мешуд, ки занону духтарон тӯҳфаҳои Бердимуҳаммадов ба муносибати иди 8 мартро ҳамин тавр ба чашму пешонӣ молида мебӯсанд. Тӯҳфаи раисиҷумҳури Туркманистон ба тамоми занону духтарон дар 8 март иборат аз 50 манат, муодили тақрибан 11 доллар буд, ки мақомот дар лифофа ба намояндагони ҷинси латиф тақдим мекарданд.

Амон Муродов, як адиби туркман мегӯяд, чунин шеваи тақдими китоби нави президент як намунаи, ба таъбири ӯ, "беозор"-и шахспарастиест, ки даҳсолаҳо боз дар Туркманистон идома дорад: "Айни чунин ба осмонбардориҳоро мо дар мисоли китоби "Рӯҳнома"-и президенти пешин Сафармурод Ниёзов дида будем. Вале Ниёзов мурду "Рӯҳнома"-аш ҳам гум шуд. Ҳол онки хушомадзанон Ниёзовро ҳатто ба Паёмбар ва "Рӯҳнома"-ашро ба "Қуръон" бароар мекарданд. Яке ҳатто гуфта буд, ки Ниёзов ин "Аллоҳ дар рӯи Замин аст." Куҷо шуд он ҳама?"

Бӯсидану ба чашм молидани китоби президент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

Туркманистон бо як равиши ҳатто барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фавқулоддаи парастиши шахси раҳбари аввалаш фарқ мекунад.

Ба шарафи раисиҷумҳури собиқи ин кишвар Сафармурод Ниёзов дар Ишқобод ҳайкали 70-метрие аз оби тило сохта, ба номи Ниёзов ва модари ӯ исми кӯчаву хиёбонҳову каналҳо ва ҳатто шаҳрҳову рӯзҳои ҳафта ва моҳҳои солро гузошта буданд. Ду ҷилд “Рӯҳнома”-и Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ ҳатто ҳамчун фанни алоҳида дар мактабҳои миёнаву олии Туркманистон таълим дода мешуд ва мардум ҳатто барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ маҷбур буданд, аз “Рӯҳнома” имтиҳон супоранд.

Бердимуҳаммадов, ки дар соли 2007, дар пайи даргузашти Ниёзов ба қудрат расид, хеле аз намунаҳои парастиши шахси Ниёзовро аз байн бурд. Аз ҷумла ҳайкали бузурги Ниёзовро аз маркази Ишқобод бардоштанд, имтиҳон аз “Рӯҳнома”-ро аз байн бурданд ва номҳои қаблии моҳҳову рӯзҳои ҳафтаро барқарор карданд.

Аммо дар солҳои охир, тавре ба назар мерасад, дар Туркманистон парастиши шахси худи Бердимуҳаммадов ҳарчӣ бештар авҷ мегирад. Бердимуҳаммадов ҳам мисли раҳбари пешини Туркманистон як “нависанда”-и хеле фаъол ба назар мерасад. Ба ҷуз аз масоили иқтисодӣ, ӯ муаллифи 5 ҷилд китоб дар бораи растаниҳои шифобахши Туркманистон, як китоби энсиклопедӣ дар бораи асппарварӣ ва таърихи аспи ахалтекин, як китоби илмӣ дар бораи қолинбофӣ буда, 2 шеър ва як повести бадеӣ бо номи “Мурғи бахт” ҳам нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG