Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АБ: Беадолатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ


Созмони Афви Байнулмилал аз Русия, Чин ва Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ, ягона додгоҳи мустақили доимамалкунанда, ки наслкушӣ, ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва ҳарбиро баррасӣ мекунад, бипайванданд.

Дар гузориши солонаи худ, ки имрӯз нашр шуд, Афви Байнулмилал инчунин аз Ҳиндустон, Индонезия, Арабистони Саудӣ ва Туркия низ узвияташон дар ин додгоҳро хостор шуд.

Беадолатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ

Афви байнулмилал аз азияти мардум дар Афғонистон бар асари ҷанг, фишори Чин ба дигарандешӣ, саркӯбгарии Эрон баъд аз эътирозҳои пасоинтихоботӣ, таъқиби норозиён дар Русия ва боқӣ мондани боздоштгоҳи Гуантанамо дар Иёлоти Муттаҳида изҳори нигаронӣ кардааст.

Созмони Афви Байнулмилал, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар 159 кишвари ҷаҳонро мустанад кардааст, мегӯяд, ҳукуматҳои тавоно аз рушди адли байнулмилалӣ пешгирӣ мекунанд. Онҳо худро аз қонун болотар мегузоранд ва ҳампаймонҳои худро аз танқидҳои байнулмилалӣ ҳифз мекунанду танҳо дар ҳоле даст ба амал мезананд, ки аз лиҳози сиёсӣ барояшон судманд бошад.

ТОҶИКИСТОН ДАР ГУЗОРИШИ АФВИ БАЙНУЛМИЛАЛ

Афви Байнулмилал меафзояд, таъқибу фишор ва беадолатӣ дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш дошта, дар натиҷаи холигоҳи адл миллионҳо нафар мавриди зӯроварӣ, таъқиб ва фақр қарор мегиранд.

Афви Байнулмилал меафзояд, таъқибу фишор ва беадолатӣ дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш дошта, дар натиҷаи холигоҳи адл миллионҳо нафар мавриди зӯроварӣ, таъқиб ва фақр қарор мегиранд.

“Адлро пеша бикунед!”

Созмони Афви Байнулмилал дар гузориши нави худ кишварҳои ҷаҳонро ба он даъват мекунад, ки адлро дар хидмати сиёсат нагузоранд ва ҳеҷ касро, ҳатто раҳбарони давлатро, ки ҳоло дар сари қудратанд, аз қонун боло нашуморанд.

Дар гузориш аз нақзи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Африқо, Ховари Миёна, Аврупо ва Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ шуда, танҳо аз баъзе пешрафтҳо дар Амрикои Лотин зикри хайр рафтааст. Афви Байнулмилал аз кишварҳое, ки қатъномаи таъсиси Додгоҳи Ҷиноии Байнулмилалро имзо накардаанд, монанди Иёлоти Муттаҳида, Русия, Туркия, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ хостааст, ба ин додгоҳ шарик шаванд.

Афви Байнулмилал мегӯяд, дар соле ки гузашт, дар 11 кишвар шиканҷа ва бадрафторӣ бо маҳбусон, дар 55 кишвар додгоҳҳои ноодилона, дар 96 кишвар фишор ба озодии баён ба мушоҳида расидаанд.
XS
SM
MD
LG