Орзу Раҳмонов, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, дар паи ин боронгарӣ инчунин қисме аз садди рӯди Тебалай, ки бо дохили шаҳри Кӯлоб мегузарад, канда шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, агар ин садд аз сари нав дар зудтарин фурсат барқарор нагардад, дар боронгарии такрорӣ эҳтимол сокинони зиёд зарар бинад.
Инчунин, дар паи ин боронгарӣ китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва боғчаи кӯдаконаи 2-и Кӯлоб низ қисман зери об мондааст.
Ба гуфтаи мақомот, боронгарии моҳи апрел танҳо ба сокинони Кӯлоб беш аз 50 миллион сомони зарар расонидааст.
Бино бар фаромадани ярч дар километри 243-юми роҳи Душанбе – Бадахшон воқеъ дар Шӯробод ин роҳ дубора баста шуд. Инчунин пули рӯдхонаи Ниёб, ки қаблан хароб шуда, барқарор шуда буд, дубора хароб шуд. Рамазон Неъматов, сардори ситоди ҳолоти изтирории минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, як гурӯҳи вижа барои дубора барқарор кардани роҳ ба маҳалли ҳодиса сафар кардаанд.