Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИ дархости Ҳизби наҳзати исломиро рад кард


Раиси комиссиюни марказии интихобот Мирзоалӣ Болтуев
Раиси комиссиюни марказии интихобот Мирзоалӣ Болтуев

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 25-уми майи худ дархости ҲНИТ дар мавриди таъйиди ваколати номзади ин ҳизб аз рӯйхати умумии ҳизбӣ барои ворид шудан ба порлумонро рад кард.

ҲНИТ зимни номае хостори таъйиди ваколати Муҳаммадалӣ Ҳайитов аз рӯйхати умумии ҳизбӣ ба ҷои Муҳаммадшарифи Ҳимматзода шуд. ҲНИТ дар порлумон соҳиби ду курсӣ аст, ки як вакили ин ҳизб Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз ваколати худ даст кашид.

Акнун ҲНИТ даҳ рӯз фурсат дорад то ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз болои қарори КМИР шикоят барад.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР-и Тоҷикистон мегӯяд, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ин комиссия ба дархости ҲНИТ дар бораи таъйиди нафари севум аз рӯйхати ҳизбӣ ба ҷои вакили истеъфодода посухи рад додааст. Ба гуфтаи оғои Болтуев, банди 57-и Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ дар мӯҳлати то як соли дигар боқӣ мондан ба интихоботи навбатӣ баргузории интихобот ва таъйиди ваколати номзадҳо аз рӯйхати ҳизбиро манъ кардааст.

Аммо мақомоти ҲНИТ чунин иддао доранд, ки қарори КМИР муғойир ба Қонуни интихоботи маҷлис аст. Ба иддаои онҳо, дар банди 57-и қонуни мазкур роҷеъ ба интихоботи такрорӣ дар ҳавзаҳои инфиродӣ сухан меравад, на дар мавриди таъйиди ваколати номзад аз рӯйхати ҳизбӣ. Мақомоти ҲНИТ мегӯянд, барои ворид шудани номзади онҳо ба порлумон баргузории интихобот шарт нест, фақат кофист, ки КМИР барои таъйиди ваколати ӯ ба порлумон пешниҳод ироа кунад. Ҳикматулло Сайфуллозода, ки ҲНИТ-ро дар иҷлосияи КМИР намояндагӣ мекард, гуфт, акнун ҳизбаш ба Додгоҳи олӣ муроҷиат хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки раиси КМИР низ мегӯяд, агар Додгоҳи Қонуни асосӣ ё Маҷлиси Намояндагон тафсире дар ин маврид ироа кунанд, ки иҷоза бидиҳад, намояндаи ҲНИТ ваколаташ таъйид шавад, КМИР низ бар асоси ин тафсир амал хоҳад кард.

Аммо дар ҳамин ҳол, Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик ва раиси собиқи Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон дар шарҳи ҳуқуқии ин масъала мегӯяд, дар сурате, ки КМИР чунин қарор кардааст ва ҲНИТ низ барои дарёфти тафсир ба Маҷлиси намояндагон ва Додгоҳи Қонуни асосӣ муроҷиат намудааст, бояд интизор буда ва дид, ки чӣ посухе бар меояд.

Дар ҳар ҳол, мегӯянд бархе коршиносон, пеш омадани ин баҳс ва чандин маврид баҳси дигар дар ин замина зарурати такмил ва ислоҳоти қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди интихоботи маҷлисро бештар рӯшан мекунад.
XS
SM
MD
LG