Тағйири ҳаҷми ҳуруф   |  Чоп

30.09.2008

Фарорасии Иди Фитр дар Тоҷикистон

Пас аз як моҳи тоату ибодат мусулмонони Тоҷикистон аз Иди Фитр ё Рамазон таҷлил мекунанд.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, якуми октябр, дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар намози Иди Фитр баргузор мешавад.

 

Маъмулан, нахустин табрики Фитр дар Тоҷикистон субҳи зуд бо садои кӯдаконе оғоз мешавад, ки дари кошонаҳоро мекӯбанд ва дар ивази муборакбодӣ аз бузургсолон идона мегиранд. Рӯзи ид ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд.

 

Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон иди Фитр дар кишвар рӯзи таътил аст.

 

Хонандагони гиромӣ. Радиои Озодӣ тамоми Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми Тоҷикистонро бо ин иди саид табрик мегӯяд ва кулли хушиҳои зиндагиро таманно дорад.


Радиои Урупои Озод / Радиои Озод © 2007 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Ба мо нависед: tajikweb@rferl.org