Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабурғаи Парвизро кӣ шикаст? Боздошти се милиса дар Фархор


Мақомоти интизомии Тоҷикистон се маъмури пулис дар ноҳияи Фархорро барои латту кӯби як боздоштшуда дастгир кардаанд. Сӯҳроб Саломов, муовини сардори Раёсати умури дохилии Хатлон, гуфт, ҳоло ин се маъмури пулис дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд ва рӯзҳои наздик парвандаашон ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд.

Ӯ рӯзи 19 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, чунин бархӯрди номуносиб бо сокинон обрӯи кормандони пулисро мебарад ва барои ҳамин манфиатдоранд, ки пеши роҳи қонуншиканӣ дар миёни ходимони ҳифзи ҳуқуқро бигиранд. Сӯҳроб Саломов афзуд, "ба зудӣ парвандаи се ходими пулиси Фархор ба додгоҳ ирсол мешавад ва парванда аз рӯи моддаи "баромадан аз ваколатҳои хизматӣ" баррасӣ хоҳад шуд."

Як масъули пулис аз ноҳияи Фархор дар тафсилоти ҳодисаи латту кӯби сокини маҳаллӣ ба Озодӣ гуфт, ин ҳодиса чаҳор моҳи пеш рух дода ва чораҷӯӣ алайҳи кормнадони пулис тоза шуруъ шудааст. Ин маъмурони пулис дар пайи шикояти Парвиз Ҳабибови 37-сола боздошт шудаанд. Нафарони боздоштшуда кормандони ШКД-и ноҳияи Фархор – Файз Саидов, Меҳроб Давлатов ва Акрамшоҷони А. ҳастанд.

Сӯҳроб Саломов
Сӯҳроб Саломов

Пайвандони ҷабрдида мегӯянд, дар пайи як моҷаро бо ҳамсараш Парвиз Ҳабибов ба идораи пулис бурда шуда шабро дар ҳамон ҷо рӯз кардааст. “Субҳи он рӯз ӯро бо ду қабурғаи шикаста озод карданд ва мо ӯро ба бемористон бурдем,” – нақл карданд онҳо.

Гулбӣ Ҳабибова, модари Парвиз Ҳабибов ҳам гуфт, “фарзандам бо ҳамсараш даъво карда буд. Вайро дастгир карда, баъдан қабурғаҳояшро шикастаанд. Лат карда буданд, баъдан дар Душанбе табобат гирифт. Ҳамаи ин ҳодиса навишта гирифта шудааст.”

Модари Парвиз гуфт, писараш ҳоло дар як бемористони Душанбе бо маризии дигар бистарӣ аст ва мехоҳад, ки ходимони пулиси Фархор барои латту кӯби писараш ҳатман муҷозот шаванд.

Дар Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон мегӯянд, дар муддати 6 моҳи соли ҷорӣ 188 ҳолати вайрон кардани низомномаи кори ходими ҳифзи қонун сабт шудааст. Аз ҷумла, дар ин муддат 6 афсари пулиси минтақа дар содир кардани 7 ҷиноят муттаҳам дониста шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Ба қавли мақомот, як ҳолати ин ҷиноятро Дилшод Каримов, сержанти хурди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ моҳи январи имсол содир кардааст. Ба қавли мақомот, ин ходими полис сокини маҳаллӣ Носирҷон Содиқовро бар ивази 1000 сомонӣ “пора” аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардааст.

XS
SM
MD
LG