Хуршед Аминов, сарбози қисми низомии 5453, мутааллиқ ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, феълан дар дармонгоҳи нерӯҳои дохилӣ бистарӣ аст. Бобоҷон Ҳасанов, табиби бемористони Раёсати тиббии вазорати умури дохилӣ, мегӯяд, Хуршед Аминов аз 25 июн боз таҳти муолиҷаи пизишкон қарор дорад.
Ба гуфтаи ин табиб, Хуршед бо нишонаҳои латту кӯб аз ноҳияи сар ва ҳамчунин дарди гурда дар бемористон бистарӣ шуда ва баъдан дар натиҷаи озмоиши рентгенӣ дар дохили рӯдаҳояш пораҳои шиша ва сӯзани шикаста ошкор шудааст.
Худи Хуршед Аминов дар сӯҳбат бо Озодӣ хабари латту кӯбу шиканҷа шуданашро таъйид кард ва гуфт, шаби 14 июн чанд нафар аз ҳамхизматонаш ба ӯ ҳамла карда ва маҷбуран ба даҳони ӯ панҷ пораи шишаи шикаста ва сӯзан андохта ва водор ба фурӯ бурдан кардаанд. "Шаб ҳамла карданд ва ман натавонистам чеҳраҳои онҳоро бубинаму бишносам. Якеашонро боздошт кардаанд ва ду нафари дигар ҳанӯз мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Бар сарам бо тасма заданд. Шишапораву сӯзанро бо ёрии лазер дар бемористон аз баданам берун карданд," - мегӯяд Хуршед.
Ҳангоми аёдат аз Хуршед дар дармонгоҳи раёсати вазорати умури дохилӣ вазъи саломаташ хуб ба назар мерасид, ҳарчанд нишонае аз ҷароҳат бар фарқи сараш маълум буд.
Пайвандони Хуршед Аминов низ мегӯянд, ин иттифоқ рӯзи 14 июн рух дода ва Хуршед аз тарси ин ки боз мавриди шиканҷа қарор нагирад, муддати даҳ рӯз ин хабарро ба касе нагуфтааст.
Ба гуфтаи яке аз хешовандони Хуршед, "ӯро аввал ба замин хобонда ва базӯр шишаву сӯзани шикастаро ба даҳонаш андохтаанд ва барои он ки фурӯ барад, аз болояш зӯран об нӯшондаанд. Пас аз он таҳдид кардаанд, ки агар ин воқеаро ифшо кунӣ, мо туро корд мезанем. Вай ҳам аз тарс чизе нагуфтааст, то замоне ки беҳуш шудааст."
Пайвандони сарбоз мегӯянд, вақте Хуршедро ба бемористон барои муоина бурданд, муайян шуд, ки дар дохили баданаш ҳафт чизи ғайримаъмулӣ аст. Ба гуфтаи онҳо, пас аз муоина табиб ин амалро "ҷиноят" хонда ва гуфтааст, ки бояд аз он мақомоти додситонӣ огаҳ шаванду тафтиш кунанд
Дар ҳамин ҳол фармондеҳони қисми низомӣ хабари шиканҷа шудани сарбозро таъйид накарданд. Алиҷон Раҳматшоев, фармондеҳи қисми низомии 5453 гуфт, ин гуна иттифоқ сурат нагирифтааст ва Хуршед Аминов ба далели дарди гурда дар бемористон бистарӣ шуд.
Аммо пайвандони сарбоз мегӯянд, ӯ ҳангоми ба хизмат рафтан комилан солим буд ва аз ташхиси тиббӣ ҳам гузашта буд. Онҳо ҳадс мезананд, ки омилони ин ҷиноят бо баҳонаи гӯё бемории равонӣ доштани Хуршед ҷавобгариро аз дӯшашон дур карданиянд. Ҳоло ягона хоҳишу умеди пайвандони Хуршед ин аст, ки афроди дар шиканҷаи ӯ дастдошта боздошт ва тибқи қонун муҷозот шаванд ва Хуршед сиҳату саломат аз хизмат ба хона баргардад.
Хуршед Аминов, сокини шаҳри Душанбе моҳи майи соли равон барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуд ва пас аз ин ки дар қисми низомӣ дар шаҳри Турсунзода савганди ҳарбиро ёд кард, ӯро ба ситоди Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе интиқол доданд. Хуршед қаблан дар яке аз тарабхонаҳои Душанбе ба ҳайси пешхизмат кор мекард.
Зимнан, дар гузашта низ даҳҳо ҳодисаҳое буданд, ки наваскарон ҳангоми хизмат дар артиш аз сӯйи "дембелҳо" шиканҷа мешуданд. Созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, ки аз аввали соли ҷорӣ ҳалокати як сарбози тоҷик ва чор муроҷиати расмӣ дар бораи шиканҷа шудани сарбозон дар қисмҳои низомиро дарёфт кардааст.